🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Шаби қадрат муборак бошад, эй дӯст, Рухат бадри таборак бошад, | Бо забонии Тоҷики📜

Шаби қадрат муборак бошад, эй дӯст,
Рухат бадри таборак бошад, эй дӯст.
Дуоят мустаҷобу файзи раҳмат
Равон бар ҷисму торак бошад, эй дӯст!

* * *
Файзи қадами баҳор дорад шаби қадр,
Бас муждаи хушгувор дорад шаби қадр.
Якро бадал оварад ҳазорон подош,
Шаҳҷоиза сад ҳазор дорад шаби қадр.

* * *
Он кас ба Худо умед дорад шаби қадр,
Ойинаи дил сафед дорад шаби қадр.
Дар тоати Ҳақ ба ҷон бикӯшад, зеро
Иззу шарафу навид дорад шаби қадр.

* * *
Шаби қадру бароотат муборак,
Намозу зикру тоотат муборак.
Умеди раҳмату афви гуноҳон,
Қабули ҷумла ҳоҷотат муборак.