Get Mystery Box with random crypto!

Бо забонии Тоҷики📜

Logo of telegram channel sherhoitojiki — Бо забонии Тоҷики📜 Б
Logo of telegram channel sherhoitojiki — Бо забонии Тоҷики📜
Channel address: @sherhoitojiki
Categories: Uncategorized
Language: English
Subscribers: 405
Description from channel

Дар ин канал фақат шеърҳову мусиқахои тоҷики навишта ва гузошта мешавад! (txt. mp3. Video. jpg.)
Чи таклифе ёки шикояте доред
Касе мехоҳад админ шудан
Марҳамат нависед!
⇄ @dr_gafurov ⇄

Ratings & Reviews

3.00

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages

2021-08-25 11:58:29 Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.

Соқинони ҳарами сатру ифофи малакут,
Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд.

Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

Шукри Эзид, ки миёни ману ӯ сулҳ афтод,
Сӯфиён рақскунон соғари шукрона заданд.

Оташ он нест, ки аз шӯълаи ӯ хандад шамъ,
Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.

Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,
То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.

(Ҳофизи Шерозӣ )
244 viewsМалак, 08:58
Open / Comment
2021-08-25 04:55:56 Медони чи кадар дустат медорам.... Ба андозаи чашм.... Чун чашм хело кучак аст. Вале метавон бо ин чашм тамоми дунёро дид.... Пас ба андозаи хамаи дунё дустат медорам
217 viewsМалак, 01:55
Open / Comment
2021-08-23 11:41:40 Ҷавонмардию лутф аст одамият,
Ҳамин нақши ҳайюлои мапиндор.
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чи фарқ аз одами то нақши девор.
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавони дил ба даст ор.



("ГУЛИСТОН"-И ШАЙХ МУСЛИҲИДДИНИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ).
231 views •🅳🅸🅻🆂🅷 ︎🅳• ✪. ︎-𝕊ℍ𝕆𝔻., 08:41
Open / Comment
2021-08-19 22:50:40
351 views •🅳🅸🅻🆂🅷 ︎🅳• ✪. ︎-𝕊ℍ𝕆𝔻., 19:50
Open / Comment
2021-08-14 19:16:39
406 views •🅳🅸🅻🆂🅷 ︎🅳• ✪. ︎-𝕊ℍ𝕆𝔻., 16:16
Open / Comment
2021-08-12 08:27:17 ХУДО БОШАД НИГАХБОНАТ МУСОФИР.

Хамеша мешави махзуну дилгир,
Азоби зиндаги бинмуд туро пир,
Вале доим намои шукри такдир,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Дур аз хоки Ватан,дур аз диёри,
Парешонхотириву,бемадори,
Ба калби хаставу бар холи зори,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Зи сар то пойи худ донам бадарди,
Вале бо дард ба майдони набарди,
Зи максадхои худ харгиз нагарди,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Шабу руз дар талоши пораи нон,
Бирафта аз тани ту куввату чон,
Наёфти бахри рузи рохи осон,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Сафар пур аз балохову хатар аст,
Падар дар хасратат хуни чигар аст,
Ба ёдат модарат бо чашми тар аст,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Заниву хамчу мард дори часорат,
Дилатро сузу мотам карда fорат,
Ба faм сохти даруни дил иморат,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Ту чандин аfба пушти сар намуди,
Дилат хун,дидагонат тар намуди,
Ба максадхои худ бовар намуди,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Ба зери барфу борон дар талоши,
Сари мохе умедвори маоши,
Набини дарду доfe,зинда боши,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Дилатро карди аз faм пора-пора,
Намедони забон,дори ишора,
Азоби зиндаги,охир чи чора?
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Таваккал бар Худо умре намои,
Хамеша бо Худованд хамнавои,
Дур аз зеботарин обу хавои,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Азоби мулки кас поён надорад,
Давои бекаси дармон надорад,
Сари бе сарпанох сомон надорад,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Нигохат пур зи армони чахон аст,
Вучудат бе мухобо пурфиfон аст,
Fариби бар дилат бори гарон аст,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Суруди ту пур аз дарду алам аст,
Туро хамкисмати дардат калам аст,
Надони то ба кай чабру ситам аст,
Худо бошад нигахбонат мусофир.

Хамеша дард,Махкампур бихонад,
Азоби мулки мардумро бидонад,
Чи меояд ба сар харгиз надонад,
Худо бошад нигахбонат мусофир.
Jamshedi Mahkampur!
344 viewsМалак, 05:27
Open / Comment
2021-08-06 17:24:13
564 views •🅳🅸🅻🆂🅷 ︎🅳• ✪. ︎-𝕊ℍ𝕆𝔻., 14:24
Open / Comment
2021-08-05 20:20:54 ?
351 views •🅳🅸🅻🆂🅷 ︎🅳• ✪. ︎-𝕊ℍ𝕆𝔻., 17:20
Open / Comment
2021-08-05 19:50:56 The account of the user that owns this channel has been inactive for the last 11 months. If it remains inactive in the next 7 days, that account will self-destruct and this channel will no longer have an owner.
16:50
Open / Comment
2021-08-05 10:39:03 .
.
پیرم و گاهی دلم یاد جوانی می کند
بلبل شوقم هوای نغمه خوانی می کند
همتم تا میرود ساز غزل گیرد به دست
طاقتم اظهار عجزو نا توانی می کند
بلبلی در سینه می نالد هنوزم کاین چمن
با خزان هم آشتی و گل فشانی می کند
ما به داغ عشقبازیها نشستیم و هنوز
چشم پروین همچنان چشمک پرانی می کند
نای ما خاموش ولی این زهره شیطان هنوز
با همان شور و نوا دارد شبانی می کند
گر زمین دود هوا گردد همانا، آسمان
با همین نخوت که دارد آسمانی می کند
سالها شد رفته دمسازم زدست اما هنوز
در درونم زنده است و زندگانی می کند
با همه نسیان تو گویی کز پی آزار من
خاطرم با خاطرات خود تبانی می کند
بی ثمر هر ساله در فکر بهارانم ولی
چون بهاران می رسد با من خزانی می کند
طفل بودم دزدکی پیر و علیلم ساختند
آنچه گردون می کند با ما نهانی می کند
می رسد قرنی به پایان و سپهر بایگان
دفتر دوران ما هم بایگانی می کند
شهریارا گو دل از ما مهربانان نشکنید
ورنه قاضی در قضا نامهربانی می کند



Пирам-у гоҳе дилам ёди ҷавони мекунад
Булбули шавқам ҳавойи нағмахонӣ мекунад
Ҳимматам то меравад сози ғазал гирад ба даст
Тоқатам изҳори аҷзу нотавонӣ мекунад
Булбуле дар сина менолад ҳанӯзам к-ин чаман
Бо хазон ҳам ошти-ву гулфишонӣ мекунад
Мо ба доғи ишқбозиҳо нишастем-у ҳанӯз...
Чашми парвин ҳамчунон чашмакпаронӣ мекунад
Нойи мо хомӯш, вале ин зуҳраи шайтон ҳанӯз
Бо ҳамон шур-у наво дорад шабонӣ мекунад
Гар замин дуди ҳаво гардад ҳамоно, осмон
Бо ҳамин нахват ки дорад осмонӣ мекунад
Солҳо шуд рафта дамсозам зи даст аммо ҳанӯз
Дар дарунам зинда аст-у зиндагонӣ мекунад
Бо ҳама нисён ту гуйи к-аз пайи озори ман
Хотирам бо хотироти худ табонӣ мекунад
Бе самар ҳар сола дар фикри баҳоронам вале
Чун баҳорон мерасад бо ман хазонӣ мекунад
Тифл будам дуздаке пир-у алилам сохтанд
Онче гардун мекунад бо мо ниҳонӣ мекунад
Мерасад қарни ба поён-у сипеҳри бойгон
Дафтари даврони мо ҳам бойгонӣ мекунад
Шаҳриёро гӯ дил аз мо меҳрубонон нашканед
Варна қози дар қазо номеҳрубонӣ мекунад!

Устод Шаҳриёр.
353 viewsNurbek, 07:39
Open / Comment