2021-06-22 22:07:19
Ман ба чашмам айнаки шабрангро
Мениҳам, то сайри шаҳри орзуҳоям кунам.
Як нигоҳе дар китоби гуфтугӯҳоям кунам.
Ман, ки дар чашмони ин мардуми шаҳр
Сурмаи андӯҳ мебинам, намебинад касе
Қолаби бе рӯҳ мебинам, намебинад касе.
Раҳ ба раҳ ҳар як касе аз баҳри ҳар гумгаштааш,
Ё барои обрӯю ишқи маҳрумгаштааш.
Меравад сарсону ҳайрон худ надонад то куҷо.
Охири ин ҷода ё охири истгоҳи бало.
Як нафар бо мошини афсонамонанди худаш
Мегирад ҳаққу ҳуқуқи тифлаки уммедро
Мехарад ҳатто шуою гармии хуршедро.
Дигаре бо ҷузвдони кӯҳнааш ,
Тарҳи нав оғози нав оварданист.
Дар суруди зиндагӣ овози нав оварданист.
Як нафар дар курсии мансаб намебинад касеро ҷуз худаш,
Дигаре дар кӯча хоб аст, хортар ҳоло намебинад хасеро ҷуз худаш.
Қаҳвахона ё тарабгоҳони шаҳр
Пур кунанд дар худ узви ҳизби мотамхонаро.
То намоянд нақшбозӣ шодии шоҳонаро.
АНИСА МАНОНОВА
17.06.21.22:50
86 viewsМалак, 19:07