🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ИД МУБОРАК! Моҳи шарифи Рамазон бо ҳама саховату хайру эҳсон | Бо забонии Тоҷики📜

ИД МУБОРАК!

Моҳи шарифи Рамазон бо ҳама саховату хайру эҳсон зуд гузашт. Иди фархунда фаро расид. Бо самимияти беандоза ва меҳри дучандон Шумо азизони дилу дидаро муборакбод намуда, дар ин лаҳзаҳои иҷобати дуоҳо бароятон аз даргоҳи Офаридгор шодию нишот, тандурустию хотирҷамъӣ, бахту саодат ва обрӯю давлатро талабгорам. Намозу рӯзаю дуоҳои неки Шумо ба даргоҳаш қабул гардаду дар зиндагӣ сарбаланду хушрӯзгор бошед.

Ҳамдину ҳамватанҳо иди саид муборак,
Пайғом мерасад боз бар мо навид муборак.
Моҳи шариф бигзашт омад дами видояш,
Бар мардуми мусалмон ин ҷашну ид муборак!

Бо дуо ва ниятҳои нек
Баҳодур Барот Бойсунӣ

Атри сухан