🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Дар олами танҳоиву дар маҳфили ғамҳо, Ман номи туро гираму ту | Бо забонии Тоҷики📜

Дар олами танҳоиву дар маҳфили ғамҳо,
Ман номи туро гираму ту номи рақибам.
Сад нома нависам ба алам бо хати зебо,
Танҳо ту бихонӣ хату пайғоми рақибам.

Аз ишқи ту бар ман бирасад дарду ғаму ранҷ,
Як қалби балосанҷ, як кишвари беганҷ
Шодию фараҳ бахту саодат зи ту ҷоно
Бе ҳеҷ муаммо бар коми рақибам.

Аз ҳадяи ту мушкилу ғамҳост, ташаккур
Эй кони такаббур, эй шӯълаи бенур
Сад дастагули меҳру сафо дасти ту ҳар ҷо
Бар қасди дили мо инъоми рақибам.

Ман заҳри забонат бичашам, ғусса хӯрам беш,
Оҳ чархи бадандеш, эй душмани бадкеш
Шаҳду шакари бахти наку бо сари боло
Андар қадаҳ оҳҳо дар ҷоми рақибам.

Шабҳои дилам тираву бе шамъу чароғе,
Биншинаму гирям, ғам бинаму гирям.
Сад лаҳзаи романтикӣ бо ҳадяи воло ,
Бо ишқи саропо дар шоми рақибам.

Ин дил, ки ба зиндони ту аст, муддати сад сол,
Бечораю беҳол, бо қомати чун дол
Афсӯси ту эй ишқи мани хаставу танҳо,
Ҳастӣ ту мудом бандиву дар доми рақибам.
АНИСА МАНОНОВА