🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Асадуллоҳ Шукуров аз чеҳраҳои дурахшони адабу фарҳанги Ӯзбекис | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Асадуллоҳ Шукуров аз чеҳраҳои дурахшони адабу фарҳанги Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, ба қавле инсоне, ки якбора дар якчанд паҳлӯи фарҳанг: назму наср, таълиф ва интишори китоб, рӯзнома ва тарҷума заҳмат кашидааст.
Раҳоварди заҳматҳои чандинсолаи Асадуллоҳ Шукуров маҷмӯаҳои зиёде чун "Атри ваҳдат", "Намозгоҳи хуршед", "Чорбоғ", "Гулбӯсаи ишқ", "Осиёи қисмат" ва дигарҳоро ба хонандагони хеш, дӯстдорони каломи бадеӣ расонидааст. Намунаҳои ашъори шоир дар баёзҳои гуногуне, ки дар кишвар ва берун аз он ба табъ расидаанд, ҷой гирифтаанд. Дар ин муддат шоир аз номи шоирони тоҷики Ӯзбекистон дар маҳфилҳои адабии мамолик хориҷӣ -дар Эрон ва Миср ҳам намояндагӣ кардааст.
Имрӯз дар табъу нашри маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" бори заҳмат мекашад ва масъулияти муҳимму бошараферо ба дӯш дорад.
Бо истифода аз фурсат аз номи аъзои гурӯҳи "Қофилаи Рӯдакӣ" ва дигар аҳли фарҳанги Самарқанд ба ҳомии фарҳанг ҳамқалами пешқадам мӯҳтарам Асадуллоҳ Шукуров зодрӯзро шодбош гуфта, барояшон саломатии мустаҳкам, умри дарози пурбаракат, ободии рӯзгор, барори кор, камоли эҷодӣ мехоҳем.
Илми табиатшиносӣ умри ғизолонро кӯтоҳ (20-30 сол) мегӯяд. Мо ба шоир ва ғизоли шеъру ғазалашон умри мондагор мехоҳем ва мегӯем:
"Аз панҷаи панҷоҳ" бурун ову ғазалро
Аз силсилаи умри ғизолон бурун ор.

Бо арзи меҳр ва эҳтиром
Дилшоди Фарҳодзод