🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ЁДИ АДАБИЁТШИНОСИ БУЗУРГ ГИРОМӢ БОД! Имрӯз қалби адабиётшинос | ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

ЁДИ АДАБИЁТШИНОСИ БУЗУРГ ГИРОМӢ БОД!

Имрӯз қалби адабиётшиноси пуркор ва соҳибмактаб, доктори илмҳои филология, профессор Аҳмад Абдуллоев аз тапиш монд. Худованд охирати устодро обод ва рӯҳашонро ғарқи раҳмат гардонад. Ба пайвандони ин марди фарзона сабри ҷамил мехоҳем.
Устод Аҳмад Абдуллоев пас аз солҳои навадуми асри сипаришуда дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи авлоди нави муаллимони забон ва адабиёти тоҷик саҳми бориз гузоштанд. Барои рушди робитаҳои адабии ду халқи ҳамҷавор мақолаву китобҳои арзишманд таълиф намуда, ҷиҳатҳои хоси эҷодиёти шоирони зуллисонайнро нишон доданд.
Аҳмад Абдуллоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1957). Муаллими мактаби миёна дар Бойсун (1957 – 59), аспиранти АИ ҶТ (1959 – 62), ходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1962 – 88), профессор УДТ (1988 – 90), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДАТ (1990 – 96). Аз соли 1996 профессор кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.
Зиёда аз 10 монография ва 200 рисолаву мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Абдуллоев асосан ба адабиёти форс-тоҷики асрҳои 11 – 12 ва намояндагони он Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абулфараҷи Рунӣ ва дигар таваҷҷуҳи хосса дошт. Дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону адибони мазкур дар навиштаҳои Абдуллоев ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои анвоъ ва услуби шеър, махсусан ашъори ғиноӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, оҳангҳои демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, хусусияти адабиёти дарборӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шудаанд. Бозёфтҳои Абдуллоев дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи абёти нав, қасидаи «Фиғония»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Абдуллоев дар баробари таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як зумра шоирону нависандагон осори онҳоро низ ба табъ расонидааст. Девони комили Адиб Собири Тирмизии омоданамудааш соли 2001 ба табъ расид ва барои ин кор ӯ ҷоизаи махсуси Президенти ҶИЭ Сайид Муҳаммади Хотамиро гирифт. Аз охири солҳои 90 садаи XX Абдуллоев ба омӯзиши масъалаи басо муҳимми адабиётшиносии тоҷику ӯзбек – равобити адабии ин ду халқ дар мисоли Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Навоӣ ва таваҷҷуҳаш ба ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Навоӣ ва шоирони Бадахшон машғул буд. Абдуллоев натанҳо муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик, балки муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик низ будааст. Дар бораи С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Лоиқ, М. Қаноат, Гулназар, Б. Собир ва диг. мақолаҳои пурмӯҳтаво нигоштааст. Китоби «Мирзо Турсунзодасри Шеър ва достонҳо» (бо ҳамкории П. Турсунзода, Д., 1991) намунае аз заҳмати Абдуллоев дар ин бобат аст. Таҳти роҳбарии Абдуллоев 10 нафар рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд. Абдуллоев дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст, - омадааст дар маълумоти Википедия.
Ёди адабиётшиноси бузург гиромӣ ва охираташон обод бод!

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g