🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК О
Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
Channel address: @tjmetodist
Categories: Literature
Language: English
Subscribers: 1.48K
Description from channel

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: 998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages 12

2022-01-02 07:44:35
#Бузургдошт

МАРДИ ФОЗИЛ ВА РАВШАНЗАМИР

Имрӯз набераи арзандаи Ориф Гулханӣ марди маърифатпарвар, корманди давлатию ҷамоатӣ Муқимҷон Орифии Самарқандӣ зодрӯз дорад.

Муқимҷон Орифов 2-юми январи соли 1952 дар хонадони омӯзгор ва шоир Олимҷон Орифӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишкадаи тиҷорати Самарқанд кордонию ташкилотчигӣ ва ҷаҳонбинбинии васеъ доштани Муқимҷон Орифиро ба инобат гирифта, ба вазифаҳои масъули кумитаи иҷроия ва ҳизбии ноҳияю шаҳру вилоят пешбарӣ намуданд. Ин буд, ки ӯ дар солҳои аввали Истиқлолияти Ватанамон дар вазифаи ҷонишини аввали ҳокими собиқ ноҳияи Боғишамоли шаҳри Самарқанд фаъолият дошт.

ПУРРА: https://telegra.ph/MARDI-FOZIL-VA-RAVSHANZAMIR-01-02

@TJMETODIST
Ба каналҳо ҳамроҳ шавед:
| Омўзгори тоҷик | Yosh avlod – LIVE | Дунёи китоб |
475 viewsMuhammad Iqbol, edited  04:44
Open / Comment
2021-12-31 14:52:23
#ТАБРИК

Ассалому алайкум дӯстони қадрдон! Имрӯз боз як саҳифаи китоби умрамон дар арафаи пӯшида шудан аст. Дар ин саҳифаи ҳаёти мо рӯзҳои хотирмон зиёд буданд. Дар саҳифаи нави ҳаётамон Аллоҳ рӯзҳои хурсандии зиёдеро дарҷ карда бошад. Бошад, ки дар соли 2022 дар хонадони ҳар яки мою шумо хотирҷамъӣ ва хушбахтию некрӯзӣ ҳукмрон гардад!

Бо нияту дуоҳои нек
АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА

@TJMETODIST
Ба каналҳо ҳамроҳ шавед:
| Омўзгори тоҷик | Yosh avlod – LIVE | Дунёи китоб |
284 viewsMuhammad Iqbol, 11:52
Open / Comment
2021-12-29 08:41:01
#Бузургдошт

ЭҲТИРОМ ВА ЭЪТИБОР

Мувофиқи анъанаи ҳарсола дар арафаи Соли нав як гурӯҳ эҷодкорон бо ташаббуси роҳбари Осорхонаи Ориф Гулхании Самарқандӣ Муқумҷон Орифӣ ба хонадони чанд нафар соҳибэҳтиромони бузургсоли вилоятамон рафта дар бораи корҳои амалигаштаи сол ва нақшаҳои соли нав сӯҳбат намуданд.

ПУРРА: https://telegra.ph/EHҲTIROM-VA-EHTIBOR-12-29

Дар суратҳо лаҳза аз дидорбиниҳо

@TJMETODIST
Ба каналҳо ҳамроҳ шавед:
| Омўзгори тоҷик | Yosh avlod – LIVE | Дунёи китоб |
847 viewsMuhammad Iqbol, 05:41
Open / Comment
2021-12-28 19:35:59
#Хушхабар

ФОЗИЛ ОЛИМ ШУД

Дар арафаи Соли нав устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Фозилҷон Шукуров дар мавзӯи “Муҳити адабии Самарқанд дар охирҳои асри XIV ва ибтидои аср XV ва мероси эҷодии шоир Бисотӣ” таҳти роҳбарии устод Садрӣ Саъдиев рисолаи илмии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, унвони доктори фалсафа оид ба фанҳои филологӣ (PhD) – ро сазовор гардид. Рӯзноманигори бомаҳорат, шоири боистеъдод, шарқшиноси соҳибтаҷриба Фозилҷон Шукуровро бо унвони илмӣ муборакбод намуда, умед дорем, ки ин марди фозил минъбаъд ҳам барои равнақи адабиёти тоҷик саҳми арзанда мегузорад.

@TJMETODIST
Ба каналҳо ҳамроҳ шавед:
| Омўзгори тоҷик | Yosh avlod – LIVE | Дунёи китоб |
1.9K viewsMuhammad Iqbol, edited  16:35
Open / Comment
2021-12-28 07:00:47
АЛИФБОЯМ – КИТОБИ БЕБАҲОЯМ,
БА РОҲИ ИЛМУ ИРФОН РАҲКУШОЯМ!

Лавҳа аз рафти тадбири иди “Алифбо”-и хонандагони синфи 1-уми “А”-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 12-и ноҳияи Сариосиё.

Лавҳаи мазкурро метавонед дар шабакаи ютуб низ тамошо кунед:





https://t.me/stvsamarkand
548 viewsAsadullo Shukurov, 04:00
Open / Comment
2021-12-24 20:01:40
Дар мактаби миёнаи рақами 41-уми ноҳияи Самарқанд тақдимоти китоби "Гулистони адаб" ташкил карда шуд. Дар он таҳиягарони китоби мазкур профессори ДДС Аслиддин Қамарзода, адиби ҳаҷвнигор Бахтиёри Ҷумъа, шоир ва тарҷумон, сармуҳаррири нашриёти "Турон нашр" Асадуллоҳ Шукуров ва як қатор фарҳангдӯстон иштирок доштанд. Тадбир бо ташаббуси роҳбари синфи 7 "А" Дилафрӯз Раҳмонова, тарғибгари корҳои эҷодӣ-маданӣ Манзила Маҳмудова ва муовини директор оид ба корҳои маънавӣ - маърифии мактаб Шаҳноза Ғаниеваҳо ташкил карда шуд. Хонандагон аз шеърҳои шоирон қироат карданд. Аз порчаи асарҳои гирдовардашуда саҳначаҳо намоиш доданд. Директори мактаб Наим Саломов барои ташрифашон меҳмононро хайра - мақдам гуфт. Омӯзгорони фанни мусиқии мактаб Дониёр Акрамов ва Олим Ваҳҳобов тадбирро бо сурудҳои дилангез шавқовар намуданд. Меҳмонон ба иштирокчиёни фаъол ва китобхонаи мактаб китобҳои тозанашр туҳфа намуданд. Шогирдон аз тадбир ва вохӯрӣ бо адибон хурсанд шуданд.

Лавҳа аз ҷараёни тадбир.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед!
474 viewsMuhammad Iqbol, 17:01
Open / Comment
2021-12-24 19:58:27
Дар мактаби 47-и ноҳияи Самарқанд, тадбир бахшида ба тақдимоти китоби "Нури зиё" - и Аслиддин Қамарзода шуда гузашт. Хонандагони синфи 8-"А" бо роҳбарии муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик Дилафрӯз Қудратова бо тайёрии пухта баромад карда, аз эҷодиёти нависанда шеъру маълумотҳо ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш доданд. Баъд аз он саволу ҷавобҳо низ шуда гузашт. Дар тадбир муаллифи китоб Аслиддин Қамарзода, тарғиботчии мактаб, нависандаи халқи тоҷик Бахтиёри Ҷумъа, ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифӣ Султонова М, Исмоилова Умеда ва китобхоначии мактаб Шахрӯза иштирок намуданд. Дар охир шоир ва нависандаи халқи тоҷик Аслиддин Қамарзода бо дастхатҳои худ ба хонандагон ва ба китобхонаи мактаб китобҳояшонро тӯҳфа намуданд

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
384 viewsAsaloy Sarxatzoda, 16:58
Open / Comment
2021-12-20 15:06:25 Ёрӣ ба омӯзгорон

Тақдимоти дарс аз фанни таърих барои синфи 6

Таҳияи Наргис Нарзуллоева омӯзгори мактаби миёнаи рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
615 viewsAsaloy Sarxatzoda, 12:06
Open / Comment
2021-12-19 09:02:32
#Ҷашннома

АГАР ҲАР ФАРД ЧУН ОЛИМ...
(Пешгутор ба китоби “Тӯфони шабнам”)

Ӯ ба унвон олим нест, ӯро ном Олим аст. Падару модари маърифатпарвараш шояд мехостанд ҷигаргӯшаашон олим шаваду номбардори сулолаашон бошад. Барои ҳамин бо умед ба ӯ Олим ном ниҳоданд. Олим ҳам метавонист бо ин қадар заҳмат чандин рисолаи илмӣ нависаду дар қатори олимон ҷой гирад. Лекин ӯ роҳи пурмашаққату пурмеҳнатеро интихоб намуд. Барои рӯзноманигор шудан ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорид. Бахташ омад карду донишҷӯ шуд. Ин оғози соли навади асри гузашта буд. Аз ҳамон замон дар давраи донишҷӯӣ ман бо Олим шинос шудам. Бо Олим Ҷумъақулов, ки пас аз чанде бо насаби Панҷизода барои аҳли Сурхон машҳур шуд, дӯстии мо таърихи зиёда аз 30-сола дорад.

ПУРРА: https://telegra.ph/AGAR-ҲAR-FARD-CHUN-OLIM-12-19

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
650 viewsMuhammad Iqbol, 06:02
Open / Comment
2021-12-19 06:00:44 ​​#Тӯҳфаи_ҷашнӣ

“ТӮФОНИ ШАБНАМ”

Дар арафаи ҷашни зодрӯзи Узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири рӯзномаи “Ховар” Олим Панҷизода маҷмӯаи ашъораш бо номи “Тӯфони шабнам” дар нашриёти "Турон нашр" бо адади зиёд чоп шуд. Китоб аз 6 боб; “Субҳи бедорӣ”, “Чароғи зиндагӣ”, “Нахли ишқ”, “Ғазалгиёҳ”, “Чор тори рубоӣ” ва “Ду тори дубайтӣ” иборат аст.
– Дар арафаи ҷашни 50-солагиаш, инак дӯсти мо дафтари шеърашро бо сад истиҳола ба нашриёт фиристод, то барои мухлисони адаб дар шакли китобе армуғон созад ё чуноне ки дар шеъри «Сарҳисоб» ишора намудааст 50 соли умри хешро ба навъе сарҳисоб намояд. Дафтари шеърҳояшро варақ зада гувоҳи он гаштем, ки Олим дар жанрҳои гуногун эҷод мекунаду мавзӯъҳояш ҳам гуногун аст. Тору пуди шеъраш ҳам меҳри беандоза ба Ватани бобоӣ, забони модарӣ ва худшиносию худошиносӣ мебошад. Гоҳе ӯ саргузашти худро ҳикоят мекунаду гоҳе бо худ исён менамояд, гоҳе бо бузургони адаб маҳфил меорояд. Аз марги мардони худшинос мегиряду марсияҳо менависад. Гоҳи дигар аз беадолатиҳо ба дод меояду бефарқону дурӯягонро мазаммат менамояд, - менависад дар пешгуфтори китоб сармуҳаррири нашриёт узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода.
Ӯ дар жанрҳои гуногун эҷод кардааст. Аз ҷумла қасидаву дубайтӣ, рубоиву ғазал ва ҳатто шеъри нав ҳам гуфтааст. Дар шеърҳои ӯ мо мавзӯъҳои имрӯзаи рӯзгорро дида метавонем. Шоир дар мавриди зиндагӣ чунин мефармояд:

Мекунад равшан чароғи зиндагӣ роҳи туро,
Шишаи онро намо покиза аз ҳар дуду доғ.
Гир ибрат аз чароғи аслӣ, эй равшаннигоҳ
Умри ту кам мешавад чун пилтаҳои он чароғ.


Мо устод Олим Панҷизодаро бо синни мубораки 50-солагӣ, ки ба 19-уми декабр рост меояд ва нашри маҷмӯаи нахустин самимимона муборакбод менамоем.
Ин ду санаи муҳими умр муборак бошад!

Асалой САРХАТЗОДА,
мусаҳҳеҳи нашриёти “Турон нашр”.


@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
678 viewsMuhammad Iqbol, 03:00
Open / Comment