🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК О
Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
Channel address: @tjmetodist
Categories: Literature
Language: English
Subscribers: 1.48K
Description from channel

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: 998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages 10

2022-02-04 21:10:23
Тақдимоти тарҷимаи тоҷикии китоби "Лайлӣ ва Маҷнун"-и Навоӣ баргузор гардид

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ба муносибати 581-солагии шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ ва рӯнамоии китоби "Лайлӣ ва Маҷнун"-и шоир, ки бо забони тоҷикӣ чоп шуд, тадбири фарҳангӣ доир гардид.
Бояд гуфт, ки китоб дар нашриёти “Турон нашр”-и Самарқанд бо теъдоди зиёд ва босифат дар ҳаҷми 348 саҳифа бо банду басти зебо чоп шуд.


@ovozisamarqand
533 viewsАсалой Сархатзода, 18:10
Open / Comment
2022-02-03 18:16:43 Ёрӣ ба омӯзгорон

Слайд дарси СОАТИ СИНФӢ
Барои донишомӯзони синфи 10.


Таҳияи Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, роҳбари синфи 10-уми мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
744 viewsMuhammad Iqbol, edited  15:16
Open / Comment
2022-02-03 07:09:52 ​​Ба истиқболи зодрӯзи Алишер Навоӣ

ДОСТОНИ ИШҚИ ПОК

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» - и Алишер Навоӣ яке аз достонҳои безавол ва ҷаззоби «Хамса» буда, асрҳо инҷониб дар дили аҳли адаб ҷой гирифтааст. Арафаи ҷашни 550-солагии зодрӯзи Алишер Навоӣ шоир ва тарҷумони бомаҳорат Ҷонибек Қувноқ (равонаш шод бод!) ҳамчун тӯҳфа ба ҷашн ин достони ишқи покро барои хонандагони тоҷик тарҷума намуда буд. Афсӯс, умр вафо накарду устод Ҷонибек Қувноқ дар шакли китоб нашр шудани китобро надида нобаҳангом аз дунё гузашт. Пас аз марги ӯ чопи ин асар ба таъхир афтод. Пас аз чанд сол як гурӯҳ адабпарварони Самарқанд муваффақ гаштанд, ки шакли мухтасари ин достонро нашр омода намоянд. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» соли 1999 дар нашриёти «Суғдиёна»-и Самарқанд чоп шуд. Дар ин кор саҳми муҳаррири нашриёт шоир Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ, академик Ботурхон Валихоҷаев, мусаввири маъруф Даврон Сафозода, шоир ва олим Ҳазрат Сабоҳӣ, маърифатпарварон Муқимҷон Орифӣ ва Латиф Раҳимӣ бузург аст. Аз миён солҳо сипарӣ шуд. Ба туфайли Истиқлолият асарҳои классиконамон ба пуррагӣ чоп шуданд. Инчунин достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Алишер Навоӣ ҳам дар нусхаи асл дар шакли пурра нашр гардид. Табиист, ки устод Ҷонибек Қувноқ ҳам достонро дар шакли ихтисоргардида тарҷума намуда буданд. Вақте ки мо нусхаи аслро бо тарҷума паҳлӯ ба паҳлӯ гузоштем, маълум шуд, ки боби VII «Дар мадҳи он шоҳе, ки шоҳони Ҳинд ва Чин дар арсаи базмаш чун шоҳони шатранҷ аз ҳаракат муарро ва фалаки фарзинрав ҳамчу пили ҳомул бар остонаш рух совида аз саркашӣ мубарроянд ва бо хинги сипеҳри тездави Кабудҷома ва бо аспи ношахи қамари Баҳром дар наздаш пиёдаанд» ва боби VIII «Бар тахти хилофат зебу ҳам зайн ва ба шахси салтанат Алишер Навоӣ – «ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН» қурратул-ъайн, яъне ба ҳазрати Султон Бадеуззамон Баҳодур ибн Абулғозӣ Султон Ҳусайн Баҳодурхон «халладаллоҳу таоло мулкаҳумо ва султонаҳумо ва авзаҳа алал-оламина бирраҳимо ва эҳсонаҳумо» арзи ниёз» мувофиқи сиёсати ҳамон замон тарҷума нагардидааст. Он бобҳо ва боз қариб 100 байти дигар, ки аз ҷойҳои гуногуни достон сарфи назар шуда буд, низ тарҷума намуда, ба ҷойҳои мувофиқ гузоштем. Дар ин кори хайр шоири зуллисонайн Алишер Сабрӣ ёрмандии худро аз мо дареғ надошт. Инак, достон дар ду шакл, яке бо ду забон ӯзбекӣ ва тоҷикӣ паҳлӯи ҳам ва китоби дуюм танҳо дар забони тоҷикӣ ба чоп омода гардид. Бар асоси Қарори Президенти Ӯзбекистон аз 19-уми октябри соли 2020 «Дар бораи таҷлили ҷашни 580- солагии шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ» Шӯрои намояндагони халқи вилояти Ҷиззах ба раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов барои нашри достони «Лайлӣ ва Маҷнун» бо забони тоҷикӣ ҳамчун тӯёна ба муносибати ҷашни 80-солагии фарзанди фидоии ин диёр шоир ва тарҷумони забардаст шодравон Ҷонибек Қувноқ маблағи бебозгашт (грант) ҷудо намуд. Китобе, ки дар даст доред, аз ҳисоби ҳамин маблағ чоп шуд. Дар ҳамин ҷо бамаврид аст таъкид намоем, Абдукарим Шарифов соли 2019 мунтахаби ашъори Ҷонибек Қувноқро бо номи «Ширу шакар» чоп намуда, тақдимоти онро ботантана гузаронида буд. Худо хоҳад дар оянда тарҷумаҳои устод Қонибек Қувноқ пай дар пай чоп мешавад. Боварии комил дорем, ки ин достони ишқи пок, ки хеле равон ва дилнишин тарҷума шудааст, мақбули адабиётдӯстони тоҷик мегардад.

Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири нашриёти «Турон нашр», роҳбари шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
797 views@tjmetodist_bot, edited  04:09
Open / Comment
2022-02-03 05:25:05
#Тӯҳфаи_нашриёт

«ЛАЙЛӢ ВА МАҶНУН»-и НАВОӢ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Бо рухсати нашриёти “Турон нашр”-и Самарқанд достони ишқи поки «Лайлӣ ва Маҷнун» -и Алишер Навоӣ бо теъдоди зиёд ва босифат дар ҳаҷми 348 саҳифа бо банду басти зебо чоп шуд.
Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» бо забони тоҷикӣ ҳамчун тӯёна ба муносибати ҷашни 580 солагии Алишер Навоӣ ва 80-солагии фарзанди фидоии диёрамон шоир ва тарҷумони забардаст шодравон Ҷонибек Қувноқ ба чоп омода гардид. Боварии комил дорем, ки ин достони ишқи пок, ки хеле равон ва дилнишин тарҷума шудааст, мақбули адабиётдӯстони тоҷик мегардад.

Асалой САРХАТЗОДА,
мусаҳҳеҳи нашриёти “Турон нашр"


@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
844 viewsАсалой Сархатзода, edited  02:25
Open / Comment
2022-02-01 10:36:54
Зодрӯз муборак!

БО ГИРЯҲОИ БЕҲИСОБ МЕХАНДАД

Имрӯз ҳаҷвнигори бомаҳорат, рӯзноманигори пуртаҷриба узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон БАХТИЁРИ ҶУМЪА зодрӯз дорад!

ПУРРА: https://telegra.ph/BO-GIRYAҲOI-BEҲISOB-MEHANDAD-02-01

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
315 viewsMuhammad Iqbol, 07:36
Open / Comment
2022-01-31 21:02:14 Ёри ба омӯзгорон

Коркарди дарс бахшида ба мавзӯи "Мавзӯъ ва мундариҷаи осори Бозор Собир" барои синфи 11

Мураттиб: Рухшона Абдуқодирова омӯзгори мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
358 viewsАсалой Сархатзода, 18:02
Open / Comment
2022-01-31 15:20:16 Ёрӣ ба омӯзгорон

Слайд-тақдимот аз фанни ЗАБОНИ ТОҶИКӢ дар мавзӯи "Бандаки изофӣ ва шахсӣ-соҳибӣ" барои синфи 5

Таҳияи Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, омӯзгори мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
523 viewsMuhammad Iqbol, edited  12:20
Open / Comment
2022-01-31 12:14:20 Ёрӣ ба омӯзгорон

Слайд-тақдимот аз фанни ЗАБОНИ ТОҶИКӢ дар мавзӯи "Пасванд, пешванд, асос ва бандак" барои синфи 5

Таҳияи Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ омӯзгори мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
750 viewsMuhammad Iqbol, edited  09:14
Open / Comment
2022-01-28 20:12:15
Шавкат Мирзиёев: тақдири мо дар дасти омӯзгорон аст


@ovozisamarqand
579 viewsAsadullo Shukurov, 17:12
Open / Comment
2022-01-27 14:45:47 ИНФОРМАТИКА синфи 11

@tjmetodist
@Asadullo1970
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
366 viewsAsadullo Shukurov, 11:45
Open / Comment