🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК О
Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
Channel address: @tjmetodist
Categories: Literature
Language: English
Subscribers: 1.48K
Description from channel

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: 998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages 8

2022-02-28 09:33:23 ​​#Тӯҳфаи_нашриёт

ТАЪРИХНОМАИ “БУХОРОИ ШАРИФ”

Ба истиқболи 110-солагии рӯзномаи "Бухорои шариф", ки шумораи аввалини он 11-уми марти соли 1912 чоп шудааст, китоби омӯзгори таърихдону эҷодкор Ӯзбакбойи Раҳмон бо номи “Таърихномаи “Бухорои шариф” нашр гардид.

Муаллиф мақолаҳои солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ нашрнамудаи худро ҳам ба китоб илова намудааст. Пас аз мутолиаи ин китоб Шумо дар бораи чӣ гуна рӯзнома будани “Бухорои шариф” ва кормандони он, мавзӯи мақолаҳои дар он интишоршуда, иловаҳои рӯзнома ва мавқею дараҷаи он огоҳ мешавед. Инчунин оварда мешавад:
“Рӯзномаи “Бухорои шариф” "ҳамчун асбоби тараққии маориф нашр гардида, ахбори ҳама ҷоро ба ҳама кас медиҳад ва ҳамаи мардумро аз зулмати ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда ба рӯшноии илм ва ирфон раҳнамун месозад". Ба ин мақсад дар рӯзнома зери унвони ахбори маҳаллӣ ва Туркистон, ахбори дохила, ахбори хориҷа, бахши адабиёт, солимӣ, эълонҳо, бахши ғояи омол, яъне мақсаду амал хабару мақолот ва ҳикояву намунаҳои назмӣ дарҷ гардидаанд. Ҳар як шумора аз бахши ғояи амал оғоз меёбад, ки дар он мақсади нашр ва вазифаҳои рӯзнома инъикос ёфтааст”.
Муҳаррири китоб узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Исмоилзода қайд мекунад, ки ин китоб барои худшиносии мардум ва рушанӣ андохтан ба масъалаҳои носаҳеҳи таърих имкон медиҳад.

Асалой Сархатзода

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
470 views@tjmetodist_bot, 06:33
Open / Comment
2022-02-24 08:55:30
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Зодрӯзи шоири соҳибистеъдод, тарҷумон ва рӯзноманигори варзида устод Паймонро самимона шодбош мегӯем. Мавсуф аз шоироне мебошанд, ки дар ҳавзаи адабии мо бо дарки масъулият хомаронӣ мекунанд ва дар корбасти вожаҳову вазнҳо дар шеър ҳеч гоҳ эҳтиёткориро аз даст намедиҳанд, яъне, ҳар як калима дар осори шоир ҷой ва мавқеи худро дорад. Гузашта аз ин, устод Паймон ба сифати инсон ҳам шахсияти арзанда ҳастанд.
Зодрӯзатон муборак бод, шоири тозанигору ҷавҳарбин!

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
626 viewsAsaloy Sarxatzoda, 05:55
Open / Comment
2022-02-22 19:20:23 Ёрӣ ба омӯзгорон

Тақдимоти мухтасар оиди дастури миллии таълим

Мураттиб: Санҷар ИСМОИЛЗОДА, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
628 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  16:20
Open / Comment
2022-02-22 19:07:12
СЕМИНАРИ МУФИД

22-уми феврали соли ҷорӣ дар мактаби рақами 2-юми ноҳияи Сӯх таҳти роҳбарии методисти Шӯбаи таълими халқ Воҳидҷон АҚРАБОВ дар мавзӯи “Дастури миллии таълим ва ба амал татбиқ кардани он” семинар-тренинг ташкил карда шуд. Дар семинар аз мактабҳои ноҳия қариб 40 нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик иштирок карданд. Доир ба мавзӯи мазкур маърӯзаи омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 2-юм Санҷар ИСМОИЛЗОДА шунида шуд. Аз тарафи С.ИСМОИЛЗОДА дар бораи камбудиҳои дастури ҷорӣ ва ҷиҳатҳои самараноки дастури нав ба тарзи муқоисавӣ маълумот дода шуд. Илова бар ин, аз ҷониби методисти ШТХ В.АҚРАБОВ низ баҳри ба амал татбиқ намудани дастури миллӣ ба омӯзгорон тавсияҳо дода шуд.

Ба мо ҳамроҳ шавед:
@tjmetodist
@soxtjkomuzgor
@sanjar1993
631 viewsMuhammad Iqbol, 16:07
Open / Comment
2022-02-21 18:56:12 Ёрӣ ба омӯзгорон

Нақшаи тадбир бахшида ба "Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ"

Тартибдиҳанда, Дилафрӯз Қудратова, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби 47-и ноҳияи Самарқанд

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
527 viewsAsal, edited  15:56
Open / Comment
2022-02-19 08:56:11
Зодрӯз муборак!

СЕ БОНУИ ЭҶОДКОР

Имрӯз се бонуи эҷодкори Самарқанд: адибаи шинохтаи кӯдакон, муҳаррири саҳифаи тоҷикии рӯзномаи Шӯрои намояндагон ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд "Субҳи Гулобод" ДИЛРАБО НАСИМӢ, узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон МАЛИКАИ БАХТИЁР ва муҳаррири нашриёти "Турон нашр" МЕҲРИНИСО СОДИҚҶОНЗОДА ҷашни зодрӯз доранд.

Ба ин се бонуи эҷодҷодкор комёбӣ ва хушрӯзгорӣ таманно менамоем. Зодрӯз муборак!

ПУРРА: https://telegra.ph/SE-BONUI-EHҶODKOR-02-19

Шӯъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
668 viewsMuhammad Iqbol, edited  05:56
Open / Comment
2022-02-16 10:33:11 Тақдимоти дарси яксоата аз фанни экология дар мавзӯи "Биогеосеноз ва роли он дар табиат"

Мураттиб: Маҳзуна Раҳматиллоева, донишҷӯйи ДДС

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
397 viewsAsal, 07:33
Open / Comment
2022-02-12 17:59:09
#Китоби_нав

"ТАСВИРИ СИМОИ ҶАВОНОН ДАР НАСРИ МУОСИР"

Саиди Саъдӣ нахуст ба таҳқиқи масоили гуногуни адабиётшиносӣ шуғл варзидааст. Ӯ хусусан, дар соҳаи нақди адабӣ даҳҳо мақолаҳои илмӣ нигоштааст. Баъдан ӯ дар риштаҳои забон ва таърих пажӯҳишҳои илмиро идома медиҳад. Натиҷаи ин таҳқиқоти ӯ дар китобҳои “Таърихи мухтасари миёни тоҷикони Афғонистон” (Душанбе, соли 1995) ва “Ҳусни сухан” (Тошканд, 2020) ҷамъбаст гардидаанд. Соли 2021 маҷмӯи мақолаҳои адабиётшиносии ӯ бо номи “Тасвири симои ҷавонон дар насри муосир” дар нашриёти “Турон нашр” чоп шуд. Дар ин китоб чанд мақолаи ба адабиёт бахшидаи олими дақиқназар Саиди Саъдӣ гирд омадааст. Муаллиф ҳангоми таҳлили эҷоди қаламкашон ба мавзӯи тасвири симои ҷавонон дар асарҳои бадеӣ эътибор додааст. Китоб барои донишҷӯён, адабиётдӯстон, эҷодкорони ҷавон ва муҳаққиқони адабиёт дастури хубест.

Асалой Cархатзода

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
320 viewsAsal, edited  14:59
Open / Comment
2022-02-11 14:47:22
#Китоби_нав

“ОФТОБАКИ МАН”

Маҷмӯаи навбатии Маҳбуба Турсунова барои кӯдакон бо номи “Офтобаки ман” дар нашриёти “Китоб нашр”-и шаҳри Термиз бо адади 2000 нусха рӯйи чопро дид. Дар ин маҷмуа шеъру чистонҳои барои наврасон эҷоднамудаи адибаи соҳибистеъдод Маҳбуба Турсунова гирд оварда шудааст. Он барои наврасон, омӯзгорону тарбиядиҳандагони муассисаҳои томактабӣ ва падару модарон дастуруламали хубест.
То ба имрӯз китобҳои Маҳбуба Турсунова бо номи “Савдои мушкил”, “Аҷаб мардумоне”, “Зиёрат”, “Он касе дурбин бувад”, “Моиндар”, нашр гардида, манзури мухлисон гаштааст.
Умед дорем, ки ин китоб ба хонандагон манзур мегардад!

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
566 viewsAsal, edited  11:47
Open / Comment
2022-02-09 10:45:28
БӮСТОНИ НАЗМ

Ғазал аз Алишер Навоӣ дар қироати Алишер Сабрӣ

Манба: @stvsamarkand

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
451 viewsАсалой Сархатзода, 07:45
Open / Comment