Get Mystery Box with random crypto!

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК О
Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
Channel address: @tjmetodist
Categories: Literature
Language: English
Subscribers: 1.48K
Description from channel

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: 998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages 6

2022-04-17 18:42:10
“ДУРДОНАИ ШАРҚ”. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

Бо ташаббуси равшанфикрону фарҳрехтагони Самарқанд шумораи нахустини маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” моҳи марти соли 2022 аз чоп баромад, ки дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои мардуми тоҷиктабори Ҷумҳурии Ӯзбекистон беҳтарин туҳфа буд. Ҳамзабонони ватандӯстро ба интишор шудани ин навниҳоли адабӣ табрик гуфта, ба сармуҳаррир ва ҳайати эҷодии он барори кор ва комёбиҳои ҳарчи бештарро таманно менамоем.
Солҳои охир ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои миллатҳои муқими Ӯзбекистон, аз ҷумла тоҷикон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст...

ПУРРА: http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=46331

Манбаъ: Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" (jumhuriyat.tj)

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба канал ҳамроҳ шавед:
@DURDONAI_SHARQ
319 viewsAsaloy Sarxatzoda, 15:42
Open / Comment
2022-04-17 06:25:13 ТУҲФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

АЗ НАСИҲАТНОМАИ
ИМОМИ АЪЗАМ


Дар байни мардуми авом ба ҷуз он чи, ки пурсида мешавӣ, сухане нагӯ!
* * *
Аз ҳад зиёд ба бозор нарав.
* * *
Дар бозорҳо ва масҷид чизе нахӯр.
* * *
То аз худ бовар надошта бошӣ, ки аз ӯҳдаи тамоми эҳтиёҷот ва мушкилоти зиндагӣ баромада метавонӣ, яъне пеш аз таъмини ниёзҳои зиндагӣ зан нагир.
* * *
Аввал дар айёми ҷавонӣ, ки хотири ҷамъ ва қалби фориғ дорӣ ва ҳанӯз зеҳн ва хотират ба аҳлу аёли бисёр машғул ва мувашшаш нагаштааст, илм биомӯз.
Агар дар давраи таҳсили илм ба фикри зангирӣ биафтӣ, ниёзҳои зиндагӣ ва аҳлу аёл туро ба кору фаъолияти меҳнатӣ маҷбур месозанд, дар натиҷа маҷбур мешавӣ, ки касби илмро тарк намоӣ.
* * *
Агар даҳ сол ҳам бе касб ва қути зиндагӣ бимонӣ, аз илм рӯй нагардон!
* * *
Дар гуфтани сухани ҳақ аз касе андеша ва бим надошта бош, ҳарчанд дар пеши подшоҳи замон ҳам бошад.
* * *
Бо виқору оромӣ ва матонат роҳ бирав ва дар корҳо шитобзада набош.
* * *
Агар касе аз пушт садо кунад, ӯро ҷавоб надеҳ, зеро аз пушти сар танҳо ҳайвонотро садо мекунанд.
* * *
Дар корҳои нодуруст ва каҷравиҳо аз мардум пайравӣ накун, балки дар корҳои дуруст ва савоб аз онҳо пайравӣ намо.
* * *
Агар шахсеро бо бадӣ шинохтӣ, онро дар байни мардум зикр накун, балки дар вай хубиеро биҷӯ ва ӯро бо он ёд кун.
* * *
Маргро ҳамеша ба ёд овар ва барои устодон ва он шахсиятҳое, ки аз эшон илм ва дин омӯхтаӣ, дуъои хайр кун ва аз Худо омурзиш бихоҳ!
* * *
Ҳамеша Қуръонро тиловат бикун.
* * *
Гӯристонро ва ҷойҳои муқаддасро бештар зиёрат кун ва ҳамеша ба дидори уламо ва бузургон бирав.
* * *
Аз бухлу ҳасад дурӣ гузин, ки он одамро расво месозад.
* * *
Ҳиммати баланд дошта бош, зеро ҳиммати касе паст гардад, қадру манзалаташ кам мегардад.
* * *
Дар роҳ ба чапу рост нигоҳ накун, балки ҳамвора ба пеши поят нигоҳ бикун.

@tjmetodist
187 viewsAsadullo Shukurov, 03:25
Open / Comment
2022-04-16 16:49:43
Дирӯз дар мактаби рақами 38-и ноҳияи Нурато бахшида ба 144-солагии устод Садриддин Айнӣ ҷамъомади маънавӣ -маърифӣ баргузор гардид. Дар он аҳли илму адаб, устодону хонандагон ва падару модарон иштирок намуданд.

Икром ОРТИҚОВ

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
53 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  13:49
Open / Comment
2022-04-15 20:58:59
Имрӯз дар мактаби рақами 39-и ноҳияи Самарқанд бо иштироки хонандагони синфи 4 "А" бо роҳбари синф Шаҳноза Аслиддинова тақдимоти китоби нависанда Саттор Турсун бо номи "Охирин рӯзи тирамоҳ" баргузор гардид. Дар тадбир хонандагон дар бораи китоб ва нависанда маълумот доданд. Дар идомаи тадбир аз тарафи донишомӯзон шеърҳо, рақсу бозиҳои дилангез, саҳначаҳои зебо намоиш гардид ва ҳозиронро хушнуд кард. Дар тадбир ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият Д.Зияева ва М.Ӯроқова, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ М.Аҳадова ба сухан баромада оиди тақдимоти китоб сухан карданд. Аз тарафи хонандагон ба китобхонаи мактаб якчанд китобҳо тӯҳфа карда шуд. Тадбир ба иштирокчиён манзур гашт.


@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
130 viewsAsaloy Sarxatzoda, 17:58
Open / Comment
2022-04-15 18:02:12
Имрӯз дар мактаби таълими умумии рақами 22-и шаҳри Самарқанд бахшида ба 144-умин солгарди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ тадбири адабӣ-бадеӣ баргузор гардид.

Дар он, хонандагони мактаби мазкур аз намунаҳои эҷоди устод бо шеъру саҳнача ва сурудҳо баромад карда, пешкаши ҳозирин намуданд. Сипас, дар назди нимпайкараи устод С. Айнӣ хонандагон, шогирдони макаб гулчамбарҳо гузошта, ба рӯҳи поки ӯ эҳтиром ба ҷо оварданд.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
47 viewsAsaloy Sarxatzoda, 15:02
Open / Comment
2022-04-14 19:34:44
МАРҲАБО БА ҶАШНИ 144-СОЛАГИИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Дӯстони азиз!
Шуморо пагоҳ, рӯзи 15-уми апрели соли 2022, соати 12:00 ба тадбири адабӣ бахшида ба 144-солагии поягузори адабиёти муосири тоҷик, адиби зуллисонайн, арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятӣ Садриддин Айнӣ, ки дар Хона-музейи ба номи устод баргузор мегардад, даъват менамоем.

Дар ҷашни адабӣ иштироки намояндагони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, шоир ва нависандагон, роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, хонандагон ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ дар назар аст.

Ҳузури Шумо боиси сарфарозии мо хоҳад шуд!

Шумо метавонед рафти тадбирро тавассути саҳифаҳои рӯзномаи "Овози Самарқанд" дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мустақим тамошо кунед.

Телефон барои муроҷиат:
(66) 233-91-71.


@ovozisamarqand
144 viewsAsaloy Sarxatzoda, 16:34
Open / Comment
2022-04-14 18:21:19 Ёри ба омӯзгорон!

Тақдимоти дарс дар мавзӯи "РЕСПУБЛИКАИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ ДАР СОЛҲОИ 1946-1991" аз фанни таърихи ҷаҳон барои синфи 10

Муаллими фан: Зайлобидин Темиров омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 1-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
360 viewsAsaloy Sarxatzoda, 15:21
Open / Comment
2022-04-14 14:34:49 ФИЛИАЛИ “ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД

13-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба таъсиси филиали “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.
Зимни ҷаласаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, он то соли 1998 фаъолият кардааст. Дар ин давра беш аз 2000 нафар муҳассилин аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намудаанд. Фаъолияти филиали донишгоҳ дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 1998 қатъ гардидааст.
Айни ҳол, бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстиву ҳамсоягии неки ду мамлакат густариш ёфта, имконияти дар доираи созишномаҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои илму маориф дубора таъсис додани филиалҳо, факултетҳои муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак фароҳам гардидааст.
Дар рафти ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо розигии худро ҷиҳати таъсиси филиали “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иброз доштанд ва интизор аст, ки хулосаи ниҳоӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол гардад.
Бояд гуфт, ки таъсиси филиали донишгоҳ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти малакат ва фаъолияти донишгоҳ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо карда шаванд. Таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад.

БАХТОВАР САФАРОВ

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
798 viewsAsaloy Sarxatzoda, 11:34
Open / Comment
2022-04-13 11:58:00
Тадбир бахшида ба зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар мактаби рақами 41 - ноҳияи Самарқанд.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
520 viewsAsaloy Sarxatzoda, 08:58
Open / Comment
2022-04-13 11:56:21
Рӯзи 13-уми апрели соли 2022 дар мактаби 11-и ноҳияи Сӯх бахшида ба 144 солагии Садриддин Айнӣ озмуни "Донандаи Айнӣ" доир гашт. Дар он хонандагони синфи 11-ум бо се гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳамдигар дар асоси шартҳои мухталиф иштирок карданд. Хонандагон дар ҷараёни озмун фаъолона иштирок карданд. Инчунин аҳли ҳамоиши видеолавҳае, ки аз ҳаёти С.Айнӣ маълумот медод дидан карданд. Ба хонандагон Маҳмудҷонова Дилдора ва Икромов Фирдавс, ки фаъолона иштирок карданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
506 viewsAsaloy Sarxatzoda, 08:56
Open / Comment