Get Mystery Box with random crypto!

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК О
Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
Channel address: @tjmetodist
Categories: Literature
Language: English
Subscribers: 1.48K
Description from channel

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: 998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages 7

2022-04-12 07:23:12 Мавзӯи баёни эҷодӣ ва иншо барои имтиҳони давлатӣ дар синфҳои 9 ва 11-уми мактабҳои таълими миёнаи умумӣ

https://t.me/Xirad
600 viewsAsadullo Shukurov, 04:23
Open / Comment
2022-04-12 06:08:05ТАҚДИМОТИ КИТОБИ ПУРАРЗИШ

Дирӯз дар толори калони консертии мактаби махсуси санъати Самарқанд, бо ҳамкории хона музейи- Ориф Гулханӣ тақдимоти китоби “Кел Самарқанд шаҳрига” ("БАР САМАРҚАНДАМ БИЁ")-и Абдураҳмон Амонов баргузор гардид. Навову -сурудҳое, ки бар ашъори шоирони ширинкалом падару писар Ориф Гулхании Самарқандӣ ва Олимҷон Орифӣ баста шудаанд аз даврони ҳаёт будани онҳо то ба имрӯз дар иҷрои сарояндагони касбӣ ва ҳаваскорон сароидан, ба анъана табдил ёфтааст ва то имрӯз идома дорад. Дар китоби мазкур 34 шеъри шоирон ба оҳанг дароварда шуда дар ду нота, ҳам ба тарзи яковозӣ ва ҳам бо ҳамроҳии фартепиано ҷой гирифтаанд. Дар оғози китоб ҳамчун ҳурмату эҳтиром ба нобиғаи санъати воло Ҳоҷи Абдулазиз Абдурасулов суруди "Ушшоқи Самарқанд " бо тамоми тафсилоташ ҷой гирифтааст, ки лоиқи таҳсинҳо мебошад. Сурудҳои дар китоб бударо бо воситаи QR-kod, ки дар муқоваи китоб ҷой гирифтааст шунидан мумкин аст. Тақдимоти китоби "КЕЛ Самарқанд шаҳрига" ("БАР САМАРҚАНДАМ БИЁ") бо як руҳияти баланд баргузор шуд. Ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов ҷамъомадагонро бо ин тадбири пуршукӯҳ, тадбири маърифию маданӣ табрик намуда, дар бораи ҷою мақоми китоби навнашршуда, дар ҷодаи ба камолот расии инсонҳо, алалхусус ҷавонҳо ҳарф зада гузашт. Онҳое, ки барои рӯйи чопро дидани ин китоб заҳмати зиёд кашиданд бо ифтихорномаи садорати маданияти вилоят мукофотонида шуданд. Инчунин ба онҳо китобҳое, ки дар он ҳаёт ва фаъолияти Ориф Гулханӣ ва Олимҷон Орифӣ акс ёфтаанд, тақдим карда шуд. Пас навбат ба таъсисчии Хона-музейи Ориф Гулханӣ, набераи шоир Ориф Гулханӣ - Муқимҷон Орифӣ дода шуд. Ӯ ба ҳамаи ташкилкунандагону иштирокдорони ҷамъомад ва масъулони нашри китоби мазкур, миннатдории худро баён намуд.
Қисми бадеии тақдимот оғоз шуд. Ибтидои қисми бадеиро устодон ва талабагони мактаби мазкур Ихтиёр Султонов, Зарина Ботирова, Мафтуна Мусулмонова, Фотима Искандарова, Отабек Шукуров ва дигарон бо суруди "УШШОҚИ САМАРҚАНД", ки ғазали Зебунисо ва мусиқаи Ҳоҷи Абдулазиз Абдурасулов аст ибтидо бахшиданд. Пас ҳофизон, навозандагони номии Самарқанд аз ҷумла Фарҳод Ҳалимов, Ихтиёр Султонов ва сарояндагони ҳаваскори ояндадор Асалой Алибекова, Шаҳзод Мардиев, Акрамҷон Ҳотамов ва дигарон як- як баромад карда, сурудҳое, ки бар ғазалҳои Ориф Гулханӣ ва Олимҷон Орифӣ баста шудаанд иҷро карданд. Дар охири тадбири тақдимоти китоб дар иҷрои хонандаи ҷавони Самарқанд суруди "Кел Самарқанд шаҳрига", бар ғазали Олимҷон Орифиро бо оҳанги хос иҷро намуда дили ҳамаро боз ҳам хушнудтар кард. Иштирокдорони тақдимот бо худ як ҷаҳон боигари маънавӣ гирифта аз толори консерти бо кайфияти хушу аъло баромаданд.

Фирдавс АБДУМӮМИНОВ

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
797 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  03:08
Open / Comment
2022-04-11 05:22:04 #Туҳфаи_нашриёт

​“ШУЪЛАИ ҶОВИДОН”

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти яке аз симоҳои бузурги адабиёти Шарқ, поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ бисёр олимону адибони машҳуру забардаст рисола ва асарҳои зиёде иншо намудаанд. Қурбоной Убайдулоева чанд муддат – ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта барои мошиннавис кардани асарҳои устод ба даргоҳи устод равуо карда, таассуроти худро аз ҳаёти пурибрати ин марди хирадманд бо меҳр рӯйи коғаз овардааст:

“... Адиби бузург – Садриддин Айнӣ созгори номи муборакаш дар қалби шогирдон ба сифати устоди кушодабағале ҷовидон нақш хоҳад баст. Ба ҷавонон раҳнамоӣ кардан, ононро бо назардошти истеъдоду қобилияташон ба ин ё он кор сафарбар сохтан, барои соҳиби илм шудани онҳо кӯмаки беғаразона расонидан, эшонро дар кулли соҳаҳо дастгирӣ карда, ба сӯйи мақсад ва ниятҳои нек ҳидоят намудан аз виҷагиҳои хоси табиати устод буданд. Агар шогирдон роҳи худро ёфта, дар кору вазифае, ки интихоб кардаанд, ба комёбие муваффақ гарданд, устод гӯё орзуҳои худаш рӯйи об баромада бошанд, хурсанд мешуд...”

Ёддоштҳои Қурбоной Убайдуллоеваро устод Паймон ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, онро дар рӯзномаи "Овози тоҷик" ва “Гулобод тонги” – “Субҳи Гулобод” нашр карда буд . Дар арафаи ҷашни 144 - умин солгарди устод Садриддин Айнӣ хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” тасмим гирифта, ки ин меҳрномаро дар шакли китоби алоҳида бо номи “Шуълаи ҷовидон” чоп кард. Фикр мекунем он туҳфаи арзандаест барои адабиётдӯстону ҷавонони эҷодкор.

Асалой Сархатзода

Ба канал ҳамроҳ шавед:
@DURDONAI_SHARQ
708 viewsAsaloy Sarxatzoda, 02:22
Open / Comment
2022-04-09 08:19:32 Ёрӣ ба омӯзгорон!

Тақдимоти дарс дар мавзӯи
"Амир Темур асосгузори давлати мутамарказ"
Таърихи Ӯзбекистон барои синфи 7

Муаллимаи фан: Наргис Нарзуллоева
омӯзгори мактаби рақами 37-и ноҳияи Самарқанд

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
993 viewsAsaloy Sarxatzoda, 05:19
Open / Comment
2022-04-05 12:30:42
САЙРИ ГУЛУ ЛОЛА ВА ЁДБУДИ АДИБОНИ МАЪРУФИ САМАРҚАНД

#STV_Samarkand

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
1.4K viewsAsaloy Sarxatzoda, 09:30
Open / Comment
2022-04-04 10:17:56
Ҳозир дар хона - музейи Ориф Гулханӣ "Сайри лола" баргузор шуда истодааст. Дар доираи тадбир ёдбуди шоирони шодравон Салим Кенҷа ва Зиёдулло Норматов баргузор шуд. Дар ҷамъомад зиёиён, эҷодкор ва аҳли илму маъориф иштирок доранд. Тадбир бо шеъру мушоира шукӯҳи тоза дорад.

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
1.5K viewsAsaloy Sarxatzoda, 07:17
Open / Comment
2022-04-03 18:29:30
НАШРИ НАХУСТИНИ МАҶАЛЛАИ "ДУРДОНАИ ШАРҚ" АЗ ЧОП БАРОМАД

#STV_Samarkand

Ба канал ҳамроҳ шавед:
@DURDONAI_SHARQ
1.1K viewsMuhammad Iqbol, 15:29
Open / Comment
2022-04-02 14:58:10
Дар мактаби таълими умумии рақами 40-и ноҳияи Самарқанд тақдимоти китоби ду эҷодкор Асадуллоҳ Исмоилзода ва Баҳодури Убайдуллоҳ баргузор гардид.
Дар он хонандагони мактаб бо баромадҳои худ ба иштирокчиён кайфияти хуш бахшида, аз сӯҳбати ин ду шоир ва нависандаи хушбаён баҳраманд гардиданд.
Дар поёни вохӯрии адабӣ ба хонандагони фаъоли мактаб аз ҷониби эҷодкорон тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.

Манба: @ovozisamarqand

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
1.1K viewsMuhammad Iqbol, 11:58
Open / Comment
2022-03-03 09:15:07
Ҳозир дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд ҷамъомади навбатии бахши тоҷикии шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон доир мегардад.
Тадбирро сарвари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон Т.Тугалов ифтитоҳ бахшид.
Сипас, ҳисоботи раиси бахши тоҷикии шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Асадулло Шукуров шунида шуд.


@ovozisamarqand
247 viewsAsaloy Sarxatzoda, 06:15
Open / Comment
2022-03-02 13:49:01 БА ДИҚҚАТИ ЭҶОДКОРОН ВА АДАБИЁТДӮСТОН!

Рӯзи 3-юми марти соли 2022 соати 10.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Самарқанд ба номи Пушкин ҷамъомади навбатии шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд баргузор мегардад.

ТАРТИБИ РӮЗ:

1. Ҳисоботи раиси шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадулло Шукуров ва дигар аъзоёни Иттиҳоди нависандагон.
2. Тақдимоти нахустшумораи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ".
3. Масъалаҳои умумӣ.

Эҷодкорон ва дӯстдорони адабиёт метавонанд дар ин ҷамъомад иштирок намоянд.

Кумитаи ташкилӣ

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
719 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  10:49
Open / Comment