Get Mystery Box with random crypto!

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК О
Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
Channel address: @tjmetodist
Categories: Literature
Language: English
Subscribers: 1.48K
Description from channel

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: 998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages 5

2022-05-09 11:20:31
МУБОРАК БОШАД!

Публитсисти маъруф, Рӯзноманигори шоистаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Муайяна Хоҷаева дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, бо намунаҳои эҷоди худ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд!

Устод муваффаққият муборак бошад!

Асалой Сархатзода

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
735 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  08:20
Open / Comment
2022-05-07 13:19:22
#Туҳфаи_нашриёт

РАҲНАМОИ ТАЪЛИМ

Маҷмӯаи “Раҳнамои таълим”, ки дар даст доред натиҷаи таҷрибаҳои чандсолаи Ҳотамалӣ Раҳматов мебошад, ки доир ба омӯхтани дарсҳои забону адабиёти тоҷик дар муассисоти таълимӣ мебошад. Аксар маводи он дар доираи дарсҳои алоҳида санҷида шудааст. Аз сабаби он ки мавзӯъҳои дар он овардашуда имрӯзҳо ҷиҳати эҳтиёҷи хонандагони сершумор гардидааст, қарор додем, ки дар шакли воситаи таълим пешкаши муштоқони соҳаи илму адаб гардонем. Муаллиф сари ҳар як мавзӯъ хеле дақиқназарона истода, барои ба хонанда ва омӯзгор расондани маълумоти мавриди зарурӣ заҳмати зиёд бурдааст. – “Раҳнамои таълим” ном гузоштани дастури таълимӣ низ бесабаб нест. Зеро ҳар як маводи пешниҳодшуда дар хусуси усул ва методи омӯзиши ягон мавзӯи дарсӣ ё роҳҳои навистани мақолоту рисолаҳои илмӣ маълумот медиҳад, – мегӯяд дар сарсухан Ҳикмат Султонзода, устоди Донишкадаи омӯзгории Чирчиқ. Маҷмӯаи омӯзишию таълимӣ аз ҳар ҷониб хонданбоб буда, барои шахси худогоҳу донишёр дастури арзишмандест.

@TJMETODIST
1.0K viewsMuhammad Iqbol, 10:19
Open / Comment
2022-05-02 18:36:01
#Туҳфаи_нашриёт

СЕҲРИ СУХАН

Китоби навбатии омӯзгори собиқадор Нарзипӯлод Саидова бо номи “Сеҳри Сухан” рӯи чопро дид. Нарзипӯлод Саидова як замоне бо хабару мақолаҳояш шинохта шуда буд, чанд сол аз эҷоди бадеӣ дур гашт. Пас аз ба нафақа баромадан бо раҳнамоии дӯстон ба навиштани қиссаю ҳикояҳо ҷиддитар машғул шуд. Навиштаҳояш дар рӯзномаҳо рӯйи чопро диданд. Муаллиф онро ҷамъ намуда, дар шакли китоб ба дӯстдорони адабиёт пешниҳод менамояд. Қазовати ҳусну қубҳи ин китоб акнун дар ихтиёри мухлисони каломи бадеъ аст. Умед дорем, ки ин китоб ба хонандагон манзур мегардад!

Асалой Сархатзода

Ба канал ҳамроҳ шавед:
@DURDONAI_SHARQ
220 viewsMuhammad Iqbol, 15:36
Open / Comment
2022-05-01 18:17:13 ИД МУБОРАК!

Моҳи шарифи Рамазон бо ҳама саховату хайру эҳсон зуд гузашт. Иди фархунда фаро расид. Бо самимияти беандоза ва меҳри дучандон Шумо азизони дилу дидаро муборакбод намуда, дар ин лаҳзаҳои иҷобати дуоҳо бароятон аз даргоҳи Офаридгор шодию нишот, тандурустию хотирҷамъӣ, бахту саодат ва обрӯю давлатро талабгорам. Намозу рӯзаю дуоҳои неки Шумо ба даргоҳаш қабул гардаду дар зиндагӣ сарбаланду хушрӯзгор бошед.

Ҳамдину ҳамватанҳо иди саид муборак,
Пайғом мерасад боз бар мо навид муборак.
Моҳи шариф бигзашт омад дами видояш,
Бар мардуми мусалмон ин ҷашну ид муборак!

Бо дуо ва ниятҳои нек
Асадуллоҳ ИСМОИЛЗОДА


@tjmetodist
285 viewsAsadullo Shukurov, 15:17
Open / Comment
2022-04-29 06:58:38 Ёрӣ ба омӯзгорон!

Тақдимоти дарси яксоата аз фанни адабиёти тоҷик барои синфи 8

Мураттиб: Эркиной Султонова, муаллимаи тоифаи олии фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, аълочии соҳаи таълими ҷумҳурӣ

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
451 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  03:58
Open / Comment
2022-04-22 19:26:31 Ёри ба омӯзгорон!

Тақдимот дар мавзӯи "Хониши берун аз синф дар синфҳои ибтидоӣ "

Мураттиб: Нигора Назарова омӯзгори мактаби рақами 68-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
531 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  16:26
Open / Comment
2022-04-21 07:46:26 ТАҚДИМОТИ КИТОБИ “НОНИ ҲАЛОЛ” – И МАЛИКА ДАР МАКТАБ

Дирӯз дар мактаби таълими умумии рақами 47-и ноҳияи Самарқанд тақдимоти китоби “Нони ҳалол” – и нависандаи умедбахш Маликаи Ҷумъазода баргузор гардид. Дар он як гурӯҳ омӯзгорон ва хонандагони мактаб ва меҳмонон иштирок карданд.
Хонандагони синфи 9”А” дар саҳнаи орододашудаи мактаб барномаро аз рӯйи иҷрои намунаҳои эҷод аз адибони адабиёти классикии тоҷик мисли Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Нодира ва Зебуннисо, маълумот дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Малика Ҷумъазода, иҷрои саҳначаҳо аз ҳикояҳои муаллифи китоб пешкаши ҳозирон намуданд.
Аз шеърхонию қироати ҳикояҳо маълум шуд, ки писараку духтаракони синф ба адабиёт шавқу ҳаваси баланд доранд. Муаллимаи фанни забон ва адабиёти синф Дилафрӯз Қудратова ва дигарон ба ин ҳиссаи калон ҳамроҳ кардаанд.
Хонандаҳо саҳначаро аз рӯйи ҳикояи “Обрӯи мурда ва мурдадорӣ” – и китоб бо маҳорат намоиш карданд. Ҷонона Раҳматова, Азиза Шамсиқулова, Таҳмина Ӯразова, Абдуллоҳ Ғуломов, Нозир Эргашев, Суннат Аҳмадов ва дигар хонандагони синф бо иҷрои шеъру баёни ҳикоя, лавҳа ва иҷрои саҳна кайфияти ҳозиронро болида карданд. Инчунин, писаракони синфи 6 “А” – и мактаб бо иҷрои рақси “Попурӣ” ба тадбир шукӯҳ бахшиданд.
Сипас, хонандаҳо ба Маликаи Ҷумъазода, ки дар мактабашон таълиму тарбия гирифтааст, тӯҳфаҳо дода, барои хотира ба акс фаромаданд.
Шоир Шукруллохон Вализода, собиқадори таълими халқ ва матбуот Толиб Юнусзода, ҷонишинони директори мактаб Умеда Исмоилова ва Мастура Султонова, волидайни Малика адиб Бахтиёри Ҷумъа ва Майсара Шарофова (собиқ муаллимаи ҳамин мактаб) ва дигарон ба сухан баромада, ба таҳиягарони барнома миннатдорӣ баён карданду ба эҷодиёти нависандаи ҷавон бурдбориҳо талабиданд.
Дар поёни тадбир Малика Ҷумъазода, ки ҳоло дар кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии Самарқанд фаъолият дорад, ба аҳли мактаб барои ҳурмату эҳтиромашон нисбати ӯ ташаккур хонда, ба хонандагон якчанд адад китобҳояшро бо соядаст тақдим намуд. Хонандагон аз тадбир як олам таассуроти хуб гирифтанд.

Ҷамшеди АСРОР

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
475 viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  04:46
Open / Comment
2022-04-20 07:55:56 Шумораи 5-уми рӯзномаи "Ховар" - 31 марти соли 2022

https://t.me/xusravsadullo
250 viewsAsadullo Shukurov, 04:55
Open / Comment
2022-04-20 07:55:56
ШУМОРАИ НАВБАТИИ 33-ЮМИ "ОВОЗИ САМАРҚАНД"-РО БАРОИ МУТОЛИА ПЕШКАШ МЕКУНЕМ.

ШАКЛИ PDF

http://ovozi.uz/wp-content/uploads/2021/04/Gazeta-2022-33.pdf

ДАР ШУМОРАИ НАВБАТӢ:

ДАР БОРАИ ДАЪВАТИ СЕССИЯИ ШАСТУ ДУВВУМИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ САМАРҚАНД, ДАЪВАТИ ШАШУМ
http://ovozi.uz/43034/
ЛОИҲАИ СТАРТАП БАРОИ ТАШКИЛИ ОЗМОИШГОҲИ БЕМОРИҲОИ ИРСӢ
http://ovozi.uz/43036/
«ҲАФТАИ КИТОБХОНӢ» БО ТАҚДИМОТИ КИТОБҲО САР ШУД
http://ovozi.uz/43039/
САМАРҚАНД — СУҒД: НАХУСТИН ВЕЛОТУРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
http://ovozi.uz/43042/

ин мақолаҳо ва матолиби дигари рӯзноманигоронро мутолиа намоед.

Дар хона бимонед ва ба қоидаҳои карантин амал кунед!

Ба канал ҳамроҳ шавед:

@gazetalar_sharhi
279 viewsAsadullo Shukurov, 04:55
Open / Comment
2022-04-20 07:55:56 Шумораи навбатии 31-уми "ОВОЗИ ТОҶИК" аз 20 апрели соли 2022 барои мутолиа пешкаш мегардад.

Шакли PDF-ро таҳририят пешниҳод намудааст.

Аз тариқи веб-сайти интернетии рӯзнома ovozitojik.uz низ метавонед аз навгониҳо хабардор гардед.

Пайвастан ба шабака
https://t.me/gazetalar_sharhi

Дар хона бимонед ва ба қоидаҳои карантин амал кунед!
269 viewsAsadullo Shukurov, 04:55
Open / Comment