Get Mystery Box with random crypto!

ОМЎЗГОРИ ТОҶИК

Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК О
Logo of telegram channel tjmetodist — ОМЎЗГОРИ ТОҶИК
Channel address: @tjmetodist
Categories: Literature
Language: English
Subscribers: 1.48K
Description from channel

Taklif va mulohazalar uchun / Барои таклиф ва мулоҳазаҳо @Asadullo1970 – Асадулло Шукуров / Asadullo Shukurov
Тел. / tel.: 998932378178
E-mail: asadullo1970@mail.ru

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

1

1 stars

0


The latest Messages 3

2022-07-06 09:58:38
Имрӯз бонуи хирадманд, журналисти шоистаи Ӯзбекистон МУАЙЯНА ХӮҶАЕВА зодрӯз дорад.

ЗАНИ ОТАШҚАЛБ

Намедонистам ин мақоларо дар бораи ин зани шуҷоъ ва меҳрубон, инсони равшанзамир ва матин, устодамон, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хӯҷаева чӣ гуна оғоз бахшам. Ба ёдам китобҳояшон омад. Аз ҷевон китобҳояшонро бо имзои муборакашон гирифта, як-як варақ задам: “Тоҷи шараф”, “Матонат”, “Ризвон эрур Ватан”, “Армуғони Васлӣ”... ҳар кадоме як олами маънавию фарҳангӣ. Оре, хушбахт аст рӯшанфикре, ки агар китобаш чоп шуда бошад...

ПУРРА: https://telegra.ph/ҶASHNNOMA-07-06-2

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
1.0K viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  06:58
Open / Comment
2022-07-05 15:26:49
ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

5-июл яке аз муаллимаҳои беҳтарин, дарёдил, чашми кордон, хоксору меҳрубон – ЛАТОФАТ ИСМАТОВА зодрӯз доранд. Аз фурсат истифода бурда Шумо – устоди азизу гиромиро бо ҷашни мавлудатон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон умри дарози саъдиёна ва табъи хуши ҳофизонаро таманно дорам. Латофатҷон, унвонҳои зиёдеро соҳибед; муаллимаи тоифаи олӣ, Аълочии маорифи халқии Ӯзбекистон, бонуи бофарҳангу болаёқат, модари мушфиқу меҳрубон, бибиҷони ғамхору ширинзабон, кадбонуи намунавӣ. Мехостам, дар қатори ҳамин унвонҳо боз унвони ҳоҷӣ- онаро соҳиб гардед! Ҳамеша хушбахту хушрӯзгор ва сарбаланду фирӯз бошед, дар марзаи бекорхобидаи дили шогирдон тухми илму маърифат ва бахту саодат коред!

Бо дуо Дилором Назарова, ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё ва шабакаи "Омӯзгори тоҷик"

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
992 viewsMuhammad Iqbol, edited  12:26
Open / Comment
2022-07-02 09:18:10 #ПАЁМИ_ХУШ

БА ДИҚҚАТИ ДОВТАЛАБОН!
Дар Донишгоҳи тадбиркорӣ ва педагогии Деҳнав (Сурхондарё) барои довталабони гурӯҳҳои тоҷикӣ бо ихтисосҳои зерин кушода шуд.
1. Таълими томактабӣ - 5 нафар грант 15 нафар шартнома (контракт)
2. Таълими ибтидоӣ - 5 нафар грант 10 нфар шартнома (контракт)
3. Математика ва информатика - 5 нафар грант 10 нафар шартнома (контракт)
4. Биология - 5 нафар грант 10 нафар шартнома (контракт)

Ин аст имконияти Ӯзбекистони нав барои тоҷикон. Аз он оқилона истифода баред!

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
3.3K viewsAsaloy Sarxatzoda, edited  06:18
Open / Comment
2022-06-27 05:51:36
#Шодбош

ИҚБОЛИ НЕК ЁР БОШАД!

Дар шаҳри Самарқанд нашр гардидани маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “Дурдонаи Шарқ” яке аз воқеаҳои фараҳбахш дар ҳаёти адабии мо мебошад. Миёни мардуми тоҷик мақоли ибратангези “Касеро, ки бо нияти нек кор меку над, ҳама халқ дӯст медоранд” ҳаст. Бигзор, қадамҳои ин маҷалла, ки бо нияти неки ба ҳам наздик кардани адабиёти ду халқи аз қадим бо ҳам дӯсту бародар ва хешу табор, инчунин, дар радифи чопи асарҳои эҷодкорони тоҷикзабони ин диёр ба хонандагони тоҷик пешкаш кардани эҷоди намояндагони адабиёти ӯз бек ба кори худ шурӯъ кардааст, мубораку ҳуҷаста бошад...

ПУРРА: https://telegra.ph/I%D2%9ABOLI-NEK-YOR-BOSHAD-06-26-2

Сироҷиддин САЙИД,
Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон,
Шоири халқии Ӯзбекистон

Ба канал ҳамроҳ шавед:
@DURDONAI_SHARQ
1.4K viewsAsadullo Shukurov, 02:51
Open / Comment
2022-06-24 20:02:39 ЁДИ АДАБИЁТШИНОСИ БУЗУРГ ГИРОМӢ БОД!

Имрӯз қалби адабиётшиноси пуркор ва соҳибмактаб, доктори илмҳои филология, профессор Аҳмад Абдуллоев аз тапиш монд. Худованд охирати устодро обод ва рӯҳашонро ғарқи раҳмат гардонад. Ба пайвандони ин марди фарзона сабри ҷамил мехоҳем.
Устод Аҳмад Абдуллоев пас аз солҳои навадуми асри сипаришуда дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи авлоди нави муаллимони забон ва адабиёти тоҷик саҳми бориз гузоштанд. Барои рушди робитаҳои адабии ду халқи ҳамҷавор мақолаву китобҳои арзишманд таълиф намуда, ҷиҳатҳои хоси эҷодиёти шоирони зуллисонайнро нишон доданд.
Аҳмад Абдуллоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1957). Муаллими мактаби миёна дар Бойсун (1957 – 59), аспиранти АИ ҶТ (1959 – 62), ходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1962 – 88), профессор УДТ (1988 – 90), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДАТ (1990 – 96). Аз соли 1996 профессор кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд.
Зиёда аз 10 монография ва 200 рисолаву мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ-методӣ таълиф намудааст. Абдуллоев асосан ба адабиёти форс-тоҷики асрҳои 11 – 12 ва намояндагони он Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абулфараҷи Рунӣ ва дигар таваҷҷуҳи хосса дошт. Дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону адибони мазкур дар навиштаҳои Абдуллоев ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои анвоъ ва услуби шеър, махсусан ашъори ғиноӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, оҳангҳои демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, хусусияти адабиёти дарборӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шудаанд. Бозёфтҳои Абдуллоев дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи абёти нав, қасидаи «Фиғония»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Абдуллоев дар баробари таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як зумра шоирону нависандагон осори онҳоро низ ба табъ расонидааст. Девони комили Адиб Собири Тирмизии омоданамудааш соли 2001 ба табъ расид ва барои ин кор ӯ ҷоизаи махсуси Президенти ҶИЭ Сайид Муҳаммади Хотамиро гирифт. Аз охири солҳои 90 садаи XX Абдуллоев ба омӯзиши масъалаи басо муҳимми адабиётшиносии тоҷику ӯзбек – равобити адабии ин ду халқ дар мисоли Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Навоӣ ва таваҷҷуҳаш ба ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Навоӣ ва шоирони Бадахшон машғул буд. Абдуллоев натанҳо муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик, балки муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик низ будааст. Дар бораи С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Лоиқ, М. Қаноат, Гулназар, Б. Собир ва диг. мақолаҳои пурмӯҳтаво нигоштааст. Китоби «Мирзо Турсунзодасри Шеър ва достонҳо» (бо ҳамкории П. Турсунзода, Д., 1991) намунае аз заҳмати Абдуллоев дар ин бобат аст. Таҳти роҳбарии Абдуллоев 10 нафар рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд. Абдуллоев дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст, - омадааст дар маълумоти Википедия.
Ёди адабиётшиноси бузург гиромӣ ва охираташон обод бод!

@TJMETODIST
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
1.6K viewsAsaloy Sarxatzoda, 17:02
Open / Comment
2022-06-07 14:58:56 Асадуллоҳ Шукуров аз чеҳраҳои дурахшони адабу фарҳанги Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, ба қавле инсоне, ки якбора дар якчанд паҳлӯи фарҳанг: назму наср, таълиф ва интишори китоб, рӯзнома ва тарҷума заҳмат кашидааст.
Раҳоварди заҳматҳои чандинсолаи Асадуллоҳ Шукуров маҷмӯаҳои зиёде чун "Атри ваҳдат", "Намозгоҳи хуршед", "Чорбоғ", "Гулбӯсаи ишқ", "Осиёи қисмат" ва дигарҳоро ба хонандагони хеш, дӯстдорони каломи бадеӣ расонидааст. Намунаҳои ашъори шоир дар баёзҳои гуногуне, ки дар кишвар ва берун аз он ба табъ расидаанд, ҷой гирифтаанд. Дар ин муддат шоир аз номи шоирони тоҷики Ӯзбекистон дар маҳфилҳои адабии мамолик хориҷӣ -дар Эрон ва Миср ҳам намояндагӣ кардааст.
Имрӯз дар табъу нашри маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ" бори заҳмат мекашад ва масъулияти муҳимму бошараферо ба дӯш дорад.
Бо истифода аз фурсат аз номи аъзои гурӯҳи "Қофилаи Рӯдакӣ" ва дигар аҳли фарҳанги Самарқанд ба ҳомии фарҳанг ҳамқалами пешқадам мӯҳтарам Асадуллоҳ Шукуров зодрӯзро шодбош гуфта, барояшон саломатии мустаҳкам, умри дарози пурбаракат, ободии рӯзгор, барори кор, камоли эҷодӣ мехоҳем.
Илми табиатшиносӣ умри ғизолонро кӯтоҳ (20-30 сол) мегӯяд. Мо ба шоир ва ғизоли шеъру ғазалашон умри мондагор мехоҳем ва мегӯем:
"Аз панҷаи панҷоҳ" бурун ову ғазалро
Аз силсилаи умри ғизолон бурун ор.

Бо арзи меҳр ва эҳтиром
Дилшоди Фарҳодзод
489 viewsAsaloy Sarxatzoda, 11:58
Open / Comment
2022-06-07 08:34:57
ТАҲНИЯТ

Имрӯз рӯзи милоди яке аз фарзандони барӯманди миллати тоҷдори тоҷиқ, шоир, рӯзноманигор, ношир ва ровии боистеъдод Асадуллоҳ Исмоилзода мебошад. Имрӯзҳо хеле шаафмандам, ки бо бародари соҳибдил дар ҷодаи адабиёту фарҳанги кишвар ҳамкорӣ дорам. Мусаллам аст, ки Асадуллоҳ дар рушду густариши забон ва адабиёти тоҷики кишвар саҳми ногусастание мегузорад. Асадуллоҳи иззатманд, Шуморо бо бузургдошти милодатон аз самими дил табрик менамоям! Ба Шумо умри дароз ва бахти ҳумоюнӣ таманно дорам! Рӯзи милодатон фархундаву хуҷаста бод!

Бо камоли эҳтиром Абдуқайюм ҲАСАНЗОД,
505 viewsAsaloy Sarxatzoda, 05:34
Open / Comment
2022-06-07 07:23:39
Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷимон ва ношир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад

Боғбоне аз чорбоғи сухан

https://ovozi.uz/31945/

Telegram | YouTube | Facebook
453 viewsAsaloy Sarxatzoda, 04:23
Open / Comment
2022-06-07 07:01:20
Имрӯз зодрӯзи адабиётшиноси маъруф, донишманди заковатманд, устоди арҷманд, шодравон Абдусалом Самадов аст

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар толори калони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд  бахшида ба гиромидошти хотираи устод конфронси байналхалқии илмиву амалӣ баргузор мегардад.

Ҳама номи некӣ бувад ёдгор

http://ovozi.uz/44329/


@ovozisamarqand
446 viewsAsaloy Sarxatzoda, 04:01
Open / Comment
2022-06-07 05:59:04
Имрӯз шоир, нависанда, рӯзноманигор, тарҷимон ва ношир, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Асадуллоҳ Шукуров (Исмоилзода) зодрӯз дорад

ПУРРА : https://telegra.ph/Imr%D3%AFz-shoir-navisanda-r%D3%AFznomanigor-tar%D2%B7imon-va-noshir-uzvi-Ittifo%D2%9Bi-navisandagoni-%D3%AEzbekiston-Asadullo%D2%B3-SHukurov-Ismoilzoda-zodr%D3%AF-06-07

Ҷамоаи маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" Асадулло Шукуровро бо зодрӯз муборакбод намуда, барояш ҷӯши илҳом таманно менамоянд.
Зодрӯзатон муборак бод, шоири тозанигору ҷавҳарбин!

Ҷамоаи эҷодии маҷаллаи "Дурдонаи Шарқ"

Ба канал ҳамроҳ шавед:
@DURDONAI_SHARQ
420 viewsAsaloy Sarxatzoda, 02:59
Open / Comment