🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Атри сухан

Logo of telegram channel barotovbahodur — Атри сухан А
Logo of telegram channel barotovbahodur — Атри сухан
Channel address: @barotovbahodur
Categories: Entertainments
Language: English
Subscribers: 126
Description from channel

📲Telegram.me/@Атрисухан
🌺 Баҳор зебост, бо мо бошед!!!
🌸 Баҳор гӯзалдир, биз билан бӯлинг!!!
Ба канал гузошта мешавад:
📜 Шеър
📃 Статусҳо
🎧 Аудио
🎥 Видео
📝 Фолнома
✏️ Ҳикоя
📝 Панди руз
Фаолияти канал:
Уз. Тҷ.

Ratings & Reviews

2.50

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

1

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

1


The latest Messages 2

2021-08-02 20:45:11 ​​#Хушхабар

ШӮЪБАИ ТОҶИКИИ ИТТИҲОДИ НАВИСАНДАГОНИ ӮЗБЕКИСТОН ТАШКИЛ ШУД

Ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо дар Ӯзбекистон як қатор тадбирҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Инчунин дар Самарқанд низ ин сана бо тантана таҷлил гардид.
Аз ҳама хурсандибахш барои эҷодкорон ин буд, ки ду нафар эҷодкори тоҷикзабони вилоятамон нависандаи сермаҳсул Зоҳир Ҳасанзода ва адибаи ҷавон Маликаи Бахтиёр ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд.
Аз ин пештар аз адибони тоҷик Асадуллоҳ Исмоилзода ва Нормурод Каримзода узви ин иттиҳоди эҷодии бонуфуз гардида буданд.
Аз эҷодкорони зуллисонайн адиби шинохта Нусрат Раҳмат ва шоир Раҳимҷон Наимиро ба ҳисоб гирем, дар вилоят сафи тоҷикзабонон дар узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ба 6 нафар расид.
Инро ба эътибор гирифта, шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ташкил ёфт.
Роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, Журналисти Шоистаи Ӯзбекистон адиби шинохта Нусрат Раҳмат дар навбати худ қайд намуданд, ки аъзоёни иттифоқ аз миллатҳои гуногун зиёд шуда, асосан ҳамбастагии адабиёти тоҷику ӯзбек мустаҳкам мегардад. Ташкил ёфтани шӯъбаи тоҷикӣ барои боз ҳам мустаҳкам кардани робитаҳои адабӣ хизмат менамояд.
Ба шӯъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд шоири шинохта Асадуллоҳ Исмоилзода (Шукуров) роҳбар интихоб гардид.
Акнун ҳар рӯзи панҷшанбеи ҳафта соати 10:00 дар бинои шӯъбаи Иттифоқи нависандагони вилоят ҷамъомади эҷодкорони тоҷик баргузор мешавад. Ҳамаи хоҳишмандон новобаста аз синну сол метавонанд дар ин ҷамъомади адабӣ иштирок намуда, эҷоди худро сайқал диҳад.

АСАЛОЙ САРХАТЗОДА

@tjmetodist
@Asadullo1970
Ба канал ҳамроҳ шавед:
https://t.me/joinchat/AAAAAFKRhsLhJTrMnGPb4g
114 viewsОстонаев Ш, 17:45
Open / Comment
2021-07-31 09:18:34
#Ҳикматли_дунё

Ривоят қилинишича, бир киши хакимлардан бирининг хузурига келиб:

“Хазрат, менинг бир ўғлим ва бир қизим бор.

Улардан хар иккисини ўқитишга қурбим етмайди, фақатгина биттасини ўқитишга имконим бор, қайси бирини ўқитай?”, деб сўрабди.

Шунда хаким зот:
“Қизингни ўқит, чунки у келажакда фарзанд тарбия қилади.Агар ўғлингни ўқитсанг, бир кишини ўқитган бўласан, аммо қизингни ўқитсанг, бутун бир жамиятни ўқитган бўласан”, деб жавоб берган экан.
195 viewsBAHODUR BAROTOV, 06:18
Open / Comment
2021-07-28 20:43:23 Ассалому алайкум аҳли гурӯҳ.
Устоз ва Муаллимон бори дигар оиди масъалаи дарси забони тожики ба девони вазирон ва хтв хат равон кунем дар якҷояги ё алоҳидаги.
Инчунин болои кам буданаш боз як соат ба ҳисоби дарси руси ба вазир тарики сомонаҳо нависед наход дар ӮЗБЕКИСТОН аз забони тожики ҳам мавқеи забони руси баланд бошад.
Ахир имконияти давлатамон барои ҷудо кардани соати алоҳида ба забони руси бемалол мерасад.
Ин ҳаракат ҳаракати касоне шояд бошад ки муқобили сиёсати сарвари давлат ва Қонунҳои Узбекистон мебошад.
Бо ин амали ношоистаи худ баробарҳуқуқии халқҳои дигарро дар назди қонун вайрон карда истодаанд.
Ягон устоди соҳибтаҷриба матне тайёр кунанд ва аз ҳар маҳал бо имзои падару модарон равон кунем.
Ин хоҳиши падару модароне ки фарзандонашонро бо забони модарии худ таълим гирифтанро мехоҳанд.0
219 viewsОстонаев Ш, 17:43
Open / Comment
2021-07-23 07:40:17 O‘zbekiston Respublikasi Mustaqilligining 30 yilligi bayrami munosabati bilan Respublika Ma’naviyat va ma’rifat markazi Surxondaryo viloyat bo‘limi tomonidan aholining ayniqsa, yoshlarning ijodi va iqtidorini rivojlantirishga qaratilgan “Yangi O‘zbekistonda erkin va faravon yashaylik!” shiori ostida maqolalar tanlovini e'lon qilinadi.
Tanlovda ishtirok etish uchun hech qanday cheklovlar qo‘yilmagan.
Surxondaryo viloyatining 30 yil davomida erishgan yutuqlari iqtisodiy, ijtimoiy, qishloq xo‘jalik, turizm va boshqa sohalardan tanlov ishtirokchisi bir yo‘nalishni to‘liq hudud misolida yoritib berishi lozim.
Tanlovda ishtirok etish istagida bo‘lganlar o‘z ijod namunalarini, maqolalarini Respublika Ma’naviyat va ma’rifat markazi Surxondaryo viloyat bo‘limi hamda shahar va tuman bo‘linmalariga yozma va elektron shaklda topshirishlari mumkin.
Maqolalar MS Word.doc formatda “Times New Roman”da 14 shirfda bo‘lishi shart.

Respublika Ma’naviyat va ma’rifat markazi Surxondaryo viloyat bo‘limi hamda shahar va tuman bo‘linmalarining quyidagi ishonch telefon raqamlariga murojaat qilasiz:

Surxondaryo viloyat bo‘limi
(76)-224-01-09, (97)-845-01-23
Angor tumani bo‘linmasi
(99)-182-83-30
Bandixon tumani bo‘linmasi
(94)-263-11-91
Boysun tumani bo‘linmasi
(99)-553-57-47
Denov tuman (94)-514-81-11
Jarqo‘rg‘on tumani bo‘linmasi
(94)-167-00-35
Muzrabot tumani bo‘linmasi
(94)-207-88-00
Oltinsoy tumani bo‘linmasi
(91)-231-70-10
Sariosiyo tumani bo‘linmasi
(97)-785-52-77
Termiz shahar bo‘linmasi
(91)-510-25-75
Termiz tumani bo‘linmasi
(99)-426-28-77
Uzun tumani bo‘linmasi
(90)-294-90-50
Sho‘rchi tumani bo‘linmasi
(91)-669-87-67
Sherobod tumani bo‘linmasi
(93)-222-55-59
Qumqo‘rg‘on tuman bo‘linmasi
(91)-166-95-92
Qiziriq tumani bo‘linmasi
(99)-678-25-59
180 viewsОстонаев Ш, 04:40
Open / Comment
2021-07-22 11:44:50 #Фароғат

Юлдуз Турдиева

"Дарди ишқ"

Паси ин панҷараи танҳоӣ,
Алами яксараи танҳоӣ.
Ту набошӣ нафасам мегирад,
Ишқам ҷонаки ман мемирад.
Ба дилам ғусса чаро медонӣ?
Ту магар ҳоли маро медонӣ?
Ба ду поям задаи занҷира
Ишқам дар дили ман мемирад.
Паси ин панҷараи танҳоӣ,
Алами яксараи танҳоӣ.
Ту набошӣ нафасам мегирад,
Ишқам дар дили ман мемирад.
Ҳама дам дидани ту меоям
Ба умеде зи раҳи фардоям.
Ту магӯ оҳ шудаям дилгират,
Ишқам дар дили ман мемирад.
Паси ин панҷараи танҳоӣ,
Алами яксараи танҳоӣ.
Ту набошӣ нафасам мегирад,
Ишқам ҷонаки ман мемирад.

Сафармуҳаммад Абдураҳим
130 viewsОстонаев Ш, 08:44
Open / Comment
2021-07-22 08:47:01 Аз деҳқони хокпош то олимони риштаҳои гуногун дар баррасиву такмили он фаъъолона ширкат варзиданд, ки баъди хомӯшии чандинсола саҳифаҳои матбӯъот ва барномаҳои родиюву телевизиюнро гуногунандешии воқеъӣ фаро гирифт.

Қонун бо такмилу иловаҳо 22 июли соли 1989 дар иҷлосияи Шӯрои Олӣ ба тасвиб расида, забони форсии тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон эълом гардид, ки ҳадафи асосии он берун бурдани забони соҳибдавлатон аз чордевори хона ва табдили он ба забони ҳақиқии илму адабу сиёсат буд.

Ҳамон сол Кумитаи истилоҳот, ки чанд сол боз аз фаъъолият бозмонда буд, дубора барқарор ва академик М. Шакурӣ раиси он таъйин гардид. Қонуни забон тақозо мекард, ки кори идораҳо ба забони тоҷикӣ сурат гирад ва Кумитаи истилоҳоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба таҳияи истилоҳоти коргузорӣ шуғл варзад.

Ӯ ба туфайли ширкати фаъъолонаи хеш дар ислоҳи камбуду норасоиҳои забони тоҷикӣ, ки дар даврони шӯравӣ ба дарди тарҷумазадагӣ гирифтор шуда буд, хидмати шоёну назаррасеро анҷом дод. Дар заминаи корбасти усули илмии истилоҳоти миллӣ анвоъи қолабҳои вайрони калимасозиро, ки дар истилоҳоти тоҷикии садаи бист фаровон ба кор мерафтанд, ошкор сохта, нахустин дастовардаҳояшро дар мақолаи "Истилоҳот ва забони миллӣ" ба баррасии умум гузошт.

"Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад"

Аслан, дар таърихи илми филологияи тоҷик як даста олимон ба омӯзиши масъалаҳои назарияи адабиёт, таърихи адабиёти тоҷик, нақди адабӣ, эҷодиёти шифоҳии мардум, матншиносӣ ва ғайра шуғл варзида, умри худро сарфи тадқиқи сирф адабиётшиносӣ кардаанд. Дастаи дигаре танҳо масоили забоншиносиро мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор додаанд. Вале ангуштшуморанд олимоне, ки илми адабиётро пайваставу мусовӣ бо забоншиносӣ пеш баранду баррасӣ намоянд.

Ин равияи пажӯҳиш аз устод Айнӣ оғоз гардида, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Худоӣ Шарифов ва дигарон онро идома додаанд. Таваҷҷуҳи академик М. Шакуриро, чун устод С. Айнӣ ва Н. Маъсумӣ, ҷанбаи муҳимми забони тоҷикӣ - риъояти асолати забони модарӣ ва ҳусну назокати он бештар ба худ кашида, ки маншаъ аз тадқиқи сабки бадеъии устод Айнӣ, ҳамкории судманд бо забону адабиётшиноси маъруф Носирҷон Маъсумӣ ва баҳсу мунозираҳои илмии солҳои панҷоҳуму шастуми қарни гузашта дар хусуси покизагии забони адабии тоҷик аз ҷониби фозилоне чун Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, мутарҷимони маъруф Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳасан Ирфон, Эмонуил Муллоқандов ва дигарон мегирад.

Академик М. Шакурӣ пайваста таҳаввулоту такомулот, ҳар падидаи матлубу номатлуби забони муъосири тоҷикро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор медод. Ҳанӯз соли 1964 дар мақолаааш "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад" дар маҷаллаи "Шарқи сурх" (ҳоло "Садои Шарқ") масъалаҳои муҳимми забони адабии тоҷик ва истифодаи онро дар матбӯъоти тоҷик ба риштаи таҳқиқ кашида, натиҷаи заҳамоташро дар ин ҷодда соли 1968, бо иловаҳо ва такмилу таҳрири тоза, дар шакли китоби ҷудогона, бо ҳамин ном ба чоп расонда буд. Чопи дувуми он соли 1986, нашри севумаш соли 2005 сурат гирифт, ки иборат аз 400 саҳифа аст.

Ин асар як навъ ҷамъбасти илмии он ҳама фикру андешаҳост, ки дар давоми зиёда аз ним аср аз тарафи суханшиносон, адибон, мутарҷимон доир ба нуқсонҳои забони матбӯъот, асарҳои бадеъии тарҷумавӣ баён шудаанд ва он ягона асари мукаммалест, ки тамоми нуқсонҳои забони расонаҳои хабариро аз лиҳози луғавӣ, калимасозӣ, сарфию наҳвӣ ва услубӣ бо далелҳои шайъӣ собит менамояд.

Бино бар мушоҳидаҳои дақиқ ва пайгиронаи муаллиф, як миқдор ғалатҳои забони матбӯъоти тоҷик бо таъсири забонҳои бегона, бавижа, забони русӣ, дар натиҷаи тарҷумаи осору аснод, муоширати озоди намояндагони забонҳои гуногун аввал ба гуфтугӯ ва лаҳҷаҳо, баъдан ба забони адабӣ роҳ ёфтаанд.
122 views12345 .12345, 05:47
Open / Comment
2021-07-22 08:47:01 Бо маслиҳати устодону дӯстонаш роҳи Маскавро пеш гирифта, як сол дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ба иншои рисола машғул гардид.

Таҳти раҳнамоии профессор Иосиф Самуилович Брагинский дар давоми шаш-ҳафт моҳ таълифи рисолаи номзадиро анҷом дода, 28 феврали соли 1958 дар Пажӯҳишгоҳи мазкур рисолаи илмиашро муваффақона дифоъ кард ва ба Душанбе баргашта, фаъъолияти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ идома дод. Дар ин даргоҳи бузурги илм аз соли 1951, аввал чун корманди илмӣ, аз соли 1959 ба ҳайси мудири шӯъбаи адабиёти шӯравии тоҷик ва дар солҳои ахир чун мушовир ифои вазифа мекард.

Дилгармонаву ҷасурона дар риштаи нақди адабӣ ва таърихи адабиёти шӯравии тоҷик машғули тадқиқу таҳқиқ шуда, дар таълифу таҳрири "Очерки адабиёти советии тоҷик", иборат аз ду ҷилд (ба тоҷикӣ: соли чопаш 1956-1957; мухтасари он, дар як ҷилд (ба русӣ; Маскав, соли чопаш 1961) ширкат варзидааст.

Дар баргардону таҳриру такмили "Синбоднома"-и Заҳирӣ, "Ҳотами Той", "Самаки айёр", "Шоҳнома"-и мансури қиссахонҳо, "Ҷомеъ-ул-ҳикоёт" барин осори насри клосикиву ривоятӣ саҳми назаррас гузошта, нақши суннатҳои назму насри клосикии форсӣ-тоҷикӣ дар насри нави реалистии тоҷикии садаи бистро мавзӯъи асосии пажӯҳишҳояш қарор медиҳад, ки натиҷаи онҳо дар чандин мақолаву китоб, аз ҷумла дар китоби "Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ" (1973) пешкаши хонандагон гардидааст.

Ҳамроҳи профессор И. С. Брагинский-корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС роҳбари гурӯҳи таълифи шашҷилдаи "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик. Инкишофи жанрҳо" таъйин шуд, ки чаҳор ҷилди аввали он таҳти номи "Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо" солҳои 1978-1984 ба табъ расида, муаллифонашон Холиқ Мирзозода, Раҷаб Амонов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Атахон Сайфуллоев, Абдураҳмон Абдуманнонов, Лариса Демидчик буданд. Ду ҷилди охири он ба муносибати оғози бозсозии Горбачёвӣ, ки ақидаҳоро бо суръату шиддат дигар кард, аз чоп боздошта шуд.

Гурӯҳи мазкур ду ҷилди "Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик"-ро ба забони русӣ ҳам омода карда буд, ки поя бар таҳаввули жанру сабк дошта, таҷрибае аввалин дар адабиётшиносии шӯравӣ ба ҳисоб мерафт ва дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони Фарҳангистони улуми шӯравӣ чун намунаи тозаи таърихнигории адабӣ хуш пазируфта шуд. Аз сабаби зуҳури Михаил Горбачёву "бозсозӣ" -ҳояш он ҳам рӯйи чопро надид.

Мақолаи сол дар Шӯравӣ

Ӯ яке аз пешравони муборизаи пуршиддати касби мақоми давлатии забони тоҷикист, ки нахустмақолааш доир ба ин мавзӯъ дар Маскав, дар ҳафтаномаи маъруфу машҳури "Литературная газета" (14 декабри 1988) таҳти унвони "Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад" ("Кто беспомощен в собственном языке") ҳануз 24 сол муқаддам интишор ёфта, барандаи ҷоизаи "Мақолаи сол" ҳам гардид, ки хабари хуши он 28 декабри 1988 (№52) дар "Литературная газета" ба табъ расид.

Нашриёти "Художественная литература" (Маскав) ин мақоларо дар маҷмӯъаи "Говоря откровенно... Заметки писателей о межнациональных отношениях" ("Агар ошкоро бигӯем... Андешаҳои адибон дар хусуси муносиботи байни миллатҳо") (Маскав, 1989) дар радифи навиштаҳои машҳуртарин шахсиятҳои адабии кишвари шӯравӣ (академик Д. С. Лихачов, Чингиз Айтматов, Васил Биков) ба табъ расонд, ки як навъ дастгирии муборизаи фарҳангиёни Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ аз ҷониби доираҳои демократии Маскав ба ҳисоб мерафт.

Нусхаи муфасссали мақола ба забони тоҷикӣ таҳти унвони "Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст" 25 ноябри 1988 дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" ба табъ расида, ҳамовозии гармеро ба миён овард. Бар асари чунин мақолаҳо ва пешниҳоди Конфаронси саросарии забоншиносон дар Пажӯҳишгоҳи Рӯдакӣ (моҳи декабри соли 1988) моҳи январи соли 1989 Шӯрои Олии Тоҷикистон Кумисиюни забон таъсис дод, ки пешнависи санадро ба академик М. Шакурӣ супурд, ки "Қонуни забон" ном гирифта буд.

Лоиҳаи "Қонуни забон" пас аз вироиши гурӯҳе аз донишмандону ҳуқуқшиносони варзида дар матбӯъот ба баррасии умум пешкаш гардид, ки дар саҳифаҳои матбӯъоти он замони Тоҷикистон баҳси гарму ҷӯшонеро ба миён овард.
92 views12345 .12345, 05:47
Open / Comment
2021-07-22 08:47:01 Соли 1945, дар арафаи хатми донишкада, Муҳаммадҷони Шакуриро рӯзномаи "Тоҷикистони сурх" ба кор, вазорати маъориф ба навиштани китобҳои дарсӣ даъват, вазорати корҳои хориҷӣ идомаи таҳсилро дар мактаби дипломатии Маскав пешниҳод кард, ки пас аз хатми он мактаб ба кори дипломатӣ машғул шавад. Институти таърих, забон ва адабиёт низ хостори идомаи фаъъолияти илмии вай дар ин даргоҳ шуд.

Ниҳоят, устоди ғамхораш Носирҷон Маъсумӣ ӯро дар Донишкадаи омӯзгорӣ ба кор гирифт. Вале чун моҳи августи соли 1945 дар Кӯлоб Донишкадаи дусолаи муъаллимин таъсис ёфт, вазорати маъориф ӯро ба он ҷо фиристод. Бо сабаби беморӣ баъди як соли муъаллимӣ бо тавсияи пизишкону кумаки Абдулғанӣ Мирзоев ва амри Бобоҷон Ғафуров, ки котиби Кумитаи Марказии ҳизби кумунист буд, боз ба Душанбе баргашт.

Ба Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба кор даромада, солҳои 1945-1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши ифоданок (хониши матн), равиш (методика)-и омӯзиши забону адабиёт дарс гуфт. Ҳамин тариқ, кам не, дар 65 соли омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги пурғановати тоҷик, комёбу муваффақ гардид.

Истеъдоди фитриву қобилияти беандоза ва баракати илму дониш соҳибномаш гардонданд. Аз муъаллими одии унвонҷӯй то дараҷаи доктори улуми филология, профессор, академики АИ Тоҷикистон расид. Ҳарчанд дар оғози роҳ барои устоди роҳнамояш Холиқ Мирзозода пешпояш доданд, аз ин ноомади кор ноумед нагардид. Ба хотир меоварад, ки "он солҳо Тоҷикистон ба ҷуз устод Айнӣ се адабиётшинос дошт: яке Абдулғанӣ Мирзоев, дигарӣ Холиқ Мирзозода ва севумӣ Шарифҷон Ҳусейнзода.

Хости замон ин буд, ки онҳо, чун ҳамаи нависандагон, устодони донишгоҳҳо ва дигар кормандони соҳаи идеология, аз якдигар айби сиёсӣ биҷӯянд ва айби якдигар бигӯянд. Замон ҳамаро бо ҳам ба талош андохта буд. Ҳама аз зери нохуни якдигар чирк мекофтанд. Аз рақобати илмиву эҷодгарӣ асаре наменамуд, танҳо айбҷӯйии сиёсӣ дар миён буду бас. Муноқишае, ки дар сари осори Аҷзӣ бархост, низ дар асл як падидаи рақобати он се адабиётшинос буд, вале чӯб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст."

Рисолаи номзадиаш "Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)"-ро баъди ҷусторҳои зиёди бойгонӣ ва китобхонаҳои Душанбеву Самарқанд ва Тошканду Маскав омода ва дар кафедра баррасиву фишурдаи он - авторефератро ба русӣ тарҷума кунонда, ба ҳимоя омодагӣ медид, ки Абдулғанӣ Мирзоев Аҷзиро на равшангару маъорифпарвар, балки аз ҷадидону миллатгароёни буржуазӣ қаламдод мекунад.

Бобоҷон Ғафуров дар оғоз ба дастгирии мавзӯъи рисолаи номзадӣ бармехезад, вале баъди чанде ба назари Абдулғанӣ Мирзоев розӣ мешавад. Дар натиҷа, Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, 29 декабри соли 1952, дар бошишгоҳи Раёсати Фарҳангистони улуми ҶШС Тоҷикистон (ҳозира бинои Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Рӯдакӣ) аҳли илму адабро гирд оварда, масъалаи Аҷзиро баррасӣ мекунад, ки мубоҳисаи тӯлоние (аз соати 19-00 то 3-00) идома меёбад.

Вале аз рӯйи анъанаи тоҷикӣ ва тақозои замон, ба ҷуз соҳиби рисола, Алоуддин Баҳоуддинови фалсафӣ ва Холиқ Мирзозодаи адабиётшиноси раҳбари илмӣ, касе ҷуръат намекунад, ки хилофи фикри котиби Кумитаи марказии ҳизб Алиқул Имомов, раиси маҷлис, чизе бигӯяд. Оқибат маҷлис натиҷагирӣ мекунад, ки Аҷзӣ шоири иртиҷоисту осори вай бояд омӯхта нашавад.

Бо ҳамин, ба заҳмати чандинсолаи унвонҷӯйи ҷавон хатти бутлон кашида, рисолаи номзадиашро лағв мекунанд. Илова бар ин, аз рӯйи қоъидаву қонуни он замон, хавфе пеш омад, ки ба устоди роҳнамояш Холиқ Мирзозодаву худи ӯ тамғаи "миллатгаро" бизананд. "Агар дар дигар ҷумҳурии шӯравӣ мебудем, Х. Мирзозодаву маро ҳабс мекарданд. Аммо Бобоҷон Ғафуров нагузошт, ки дар Тоҷикистон бо чунин айбҳо зиёиёнро ба ҳабс бигиранд", - ба хотир меоварад он лаҳзаву айёми барояш тақдирсозро.

Китобе, ки чоп нашуд

Хушбахтона, чунин зарбаи дар оғози зиндагӣ бар андомаш фуровардаи қисматро таҳаммулпазирона пушти сар ниҳод, ин нокомии ногоҳонӣ шасташро нагардонид ва ӯ, соли 1953, мавзӯи дигареро барои таҳқиқу омӯзиш интихоб кард, ки "Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии "Ёддоштҳо"-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)" унвон дошт.
78 views12345 .12345, 05:47
Open / Comment
2021-07-22 08:47:01 Бо вуҷуди ин, соли 1937 Авҳадӣ зиндонӣ ва ба Сибир бадарға шуду дар он ҷо ба ҳалокат расид.

Тағойиам васии банда буду пас аз зиндонӣ шудани ӯ аз васоят ҳам бенасиб мондам. Чанде пеш аз зиндонӣ шудани ӯ ман ба хонаи аммаам Иқболхон, ки танҳо монда буд, гузаштам. Лекин аммаам аз паси фарзандаш Асолатхон ба Сталинобод - имрӯза шаҳри Душанбе, рафт. Ман дар Бухоро бекасу танҳо мондам. Дар як ҳавлии вайрона мезистам, ки моли бародарам Зариф буду Зариф дар як деҳи Ғиҷдувон муъаллимӣ мекард. Соли 1939 аммабачаам Асолатхон ва ҳамсари Ҷалол Икромӣ - Саъодатхон, ки бо коре аз Душанбе омада буданд, маро бо худ ба Душанбе оварданд.

Асолатхон дар Душанбе муъаллим буда, Саъодатхон дар Китобхонаи Фирдавсӣ кор мекард. Ҷалол Икромӣ чанде пеш аз он аз зиндони шӯравӣ баромаду бемор буду ман намедонистам, ки дар куҷо кор мекунад. Ман ба хонаи Асолатхон фуромадам ва ӯ имкон фароҳам овард, ки бо ягона фарзандаш, ки низ Муҳаммадҷон ном дорад (Муҳаммадҷон Раҳмонов), таҳсилоти миёнаву олиро ба поён расонам."

Кутуби сӯхта

Зиёда аз 70 соли умри пурбаракати ӯ дар Душанбе гузашт, ки шоҳиди гӯёи аз шаҳри хурде ба маркази бузурги илму маъориф, адабиёту фарҳанги тоҷикон табдил шудани он мебошад. Барояш ҳар шоху буттаи хиёбону навиштаҷоти деворҳояш азиз аст, ки барои то ин дараҷа расидани маркази нави тоҷикон чи қадар меҳнату заҳмат сарф шудааст.

Онҳое, ки дар шаҳрҳои зебову обод хонаву ҳавлиҳои хушбоду ҳавояшонро гузошта, ба хотири ободии миллату меҳан ба маркази нави тоҷикон рахти сафар мебастанд, дарвоқеъ, фидоӣ буданд.

Нақши дастони онҳо дар ҳар бинои пурҳашаммату боғҳои гулафшон боқист, ки ӯ шоҳиди бевоситаи ҳамин гуна созандагиву бунёдкорӣ, таҳаввулу дигаргуниҳои Душанбе дар солҳои гуногун асту гоҳо бо ифтихори беандоза, гоҳо бо сӯзу алами зиёд аз бурду бохти шаҳри азизаш қалам меронад.

Мехоҳад, ки ҳар ҳавливу хона, осорхонаву китобхона, боғу сайргоҳ, кӯчаву хиёбони шаҳр мувофиқу мутобиқи анъанаву суннатҳои меъмории аҷдодӣ ва ҷавобгӯйи мақому манзалати пойтахти тоҷикон бошад. Ба ин синну соли муътабараш нигоҳ накарда, ҳангоми қадамзанӣ дар кӯчаҳои шаҳр бо чашмони камнураш ҳар овезаву лавҳаро ҳиҷҷа карда мехонад, ки аксаран пурхато ва ба забони бегонаҳо навишта шудаанд! Ӯ мехоҳад, ки ҳарчи зудтар онҳо ислоҳ шаванд, зеро чунин навиштаҷоту овезаҳои пурхато ҳусни шаҳрро мекоҳанд...

Душанберо дӯст медорад, ки дар ҳамин ҷо бо душвориву мушкилиҳо соҳибъилм гардида, ба пояҳои баландтарини илмӣ расид. Айёми донишҷӯияш дар нахустдонишкадаи Тоҷикистон - Донишкадаи омӯзгорӣ, ба солҳои вазнини ҷанги зидди Олмон рост омад, ки он замонро чунин ёдовар мешавад:

"Аз ҳеч дарсе китоби дарсӣ ва ё кумакдарсӣ надоштем. Адабиёти бадеъии тоҷикӣ ва тарҷумаи адабиёти русиро, ки даҳаи сӣ ба хатти лотинии тоҷикӣ чоп шуда буд, ба даст оварда наметавонистем, зеро бештари муаллифон ё тарҷумонҳо ва ё муҳаррирон ва ё ин ки нафарони дигар, ки номашон дар унвонсаҳифаи китоб зикр шудааст, дар терури соли 1937 ба зиндон афтодаву ба ин сабаб китобҳо аз фурӯшу аз китобхонаҳо барчидаву сӯзонда шуда буданд..."

"Дар донишкада ба мо андак хатти форсӣ ёд доданд, лекин китобҳои дастнависи куҳна ва чопи сангии пеш аз инқилоботи соли 1917 ва 1920-ро низ наметавонистем пайдо бикунем, чунки чунин китобҳо китоби динӣ ба шумор меомаданд ва онҳоро низ ҳар ҷо бинанд, мусодираву нобуд мекарданд. Дар китобхонаи донишкада китоби русӣ бисёр буд, вале азбаски ҳанӯз чандон русӣ намедонистам, бисёр мехондаму кам мефаҳмидам. Хуллас, ки китобхонӣ кам буд."

Толибилмони он солҳо фақат аз дарси устодонашон дониш меҷустанд ва дар ин радиф Муҳаммадҷони донишҷӯйро ҳам саъодате даст дода, ки аз устодоне чун Лутфуллоҳи Бузургзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Аббос Алиев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Носирҷони Маъсумӣ, Икром Хоҷаев, Муҳаммадӣ Исматуллоев таҳсил дидаанд.

Ӯ мегӯяд: "Аз инҳо Лутфуллоҳ Бузургзода ба ҷанг рафту дигар барнагашт. Абдулғанӣ Мирзоеву Алоуддин Баҳоуддинов аз роҳи хидмати ҳарбӣ ба Эрон фиристода шуданду мо аз дарси онҳо маҳрум мондем. Дигарон дар шароити душвори замони ҷанг, ки худ ба азобе мезистанд, фидокорона кор карда, моро ақлу ҳуш меомӯхтанд."

Муноқиша бар сари Аҷзӣ
77 views12345 .12345, 05:47
Open / Comment
2021-07-22 08:47:01 ШАКУРӢ ВА ЗАБОНИ ФОРСИИ ФАРОРӮД

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ва навиштаҳои муҳаққиқони баъдина, ҳавлии бошарофати Муҳаммад Шарифҷонмахдуми мулаққаб ба Садри Зиё (1868-1932) - шоир, адабиётшинос, насрнавис, тазкиранигор ва муаррихи номии тоҷик, яке аз шахсони соҳибмақоми иморати Бухоро, ба гуфтаи устод Айнӣ "ҳар ҳафта се шаби таътил - сешанбе, чаҳоршанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт" ва дар ин гуна ҷамъомадҳо, ки "Маҷлисҳои Садри Зиё" ном гирифтаанд, аҳли маҷлис шеър мехонданд, дар бораи навиштаҳои ҳамдигар изҳори ақида мекарданд.

Ба ибораи устод Айнӣ, маҳфили адабии Садри Зиё "мактаби адабиёти ҳамон давра" ва китобхонаи машҳури ӯ барои "талабаи маъниҷӯй як хазинаи маълумоти беинтиҳо буд". Маҳфили адабии Садри Зиё танҳо ба таҳлили шеъру шоирӣ қаноъат намекард, балки доғтарин масъалаҳои иҷтимоъии замонро мавриди баррасӣ қарор медод.

Аҳли маҳфил "аз бадкирдориҳои роҳбарони ҳукумат ва калонони ҳамон замон шикоят" мекарданд, "ҳамеша як навъ ҳаракатҳои оппозитсионӣ нишон медоданд", ки дар бедории фикрии адибони ҷавони оғози садаи ХХ нақши муҳимме бозидаанд.

Бесабаб нест, ки устод Айнӣ Садри Зиёро "аввалин тарбиятгари маънавии худ" ва "бешубҳа, аз ҷумлаи маъорифпарварон ва тараққихоҳони замон" донистааст, ки дар бедории фикрӣ ва суратгирии назари интиқодии онҳо ғояҳои маъорифпарвариву ислоҳотхоҳии сардафтар ва пешвои равшангарони ҳамонвақтаи тоҷик Аҳмади Дониш (1826-1897) - "ситорае дар осмони тирашаби иморати Бухоро" нақши муҳим бозидаанд. Садри маҳфил Шарифҷон-махдум, бино ба шаҳодати устод Айнӣ, "ошиқи асарҳои Аҳмадмахдум буд."

Кӯдаке маҳрум

Дар ҳамин хонадони саъид, дар даврони пуртазодди солҳои 20-уми садаи ХХ, дар айёме, ки Бухоро мақоми маркази ислому дин - марказияти илму фарҳанги исломии худро аз даст дода, ба як шаҳри одии шӯравӣ табдил меёфт, фарзанде таваллуд ёфту падару модари шоду масрур аз таваллуди гулписарашон бо умеду орзуи зиёде ба ӯ номи пурифтихори паёмбари аҳли ислом Муҳаммад (с)-ро доданд. Дар таваллуди писарашон Муҳаммадҷон падари фозилу меҳрубон рӯбоъие дар моддаи таърих гуфта, ки як навъ дуъову фотеҳаи неки аҳли хонадону наздикони эшон ҳам мебошад:

Ин тоза ниҳол сабзу пурбар бодо,

Дар боғи ҳаёт тозаву тар бодо!

Дар вақти таваллудаш, ки буд ахтари саъд,

Кардем рақам, ки саъдахтар бодо.

Вале тақозои тақдир чунин буда, ки писари хурдӣ Муҳаммадҷон аз меҳру муҳаббат ва навозиши модару дидору меҳрубонии падар кам баҳравар гардид. Аз дороиву сарвату давлати аҷдодӣ танҳо фазлу дониш ва чанд дастнависро ба мерос гирифт.

Охируламр, ҳавлии Садри Зиё - макони охирин мактаби адабиёту сухани ноби тоҷикӣ дар Бухорои Шариф, хароб ва китобхонаи нодири падар - "хазинаи маълумоти беинтиҳо барои талабаи маъниҷӯй" тороҷ гардида, қисман ба Тошканд бурда шуд, ки аз боқимондаи онҳо дар Тошканд охири солҳои 50-уми садаи гузашта ба туфайли як навиштаи донишманди тоҷик Расулхон Ҳодизода огоҳӣ ёфт.

Меҳрубонии Худованд буда, ки Муҳаммадҷони хурдсол бо амри тасодуфе аз маркази бостонии илму адабу фарҳанги тоҷикон Бухорои Шариф ба маркази тозабунёдаш Душанбе роҳ пеш гирифт. Ин қиссаи пурдардро академик Шакурӣ дар "Зиндагиномаи худнавишт" - аш чунин ба қалам овардааст:

"Чун давлати шӯравӣ аз мардум тилло гирд овардан оғоз кард, падарам зиндонӣ шуду дар зиндон аз дунё гузашт... Модарам Мусаббиҳа Шукурова низ бо падарам зиндонӣ ва дар зиндон гирифтори бемории сил шуда, баъди расидан ба озодӣ, пас аз як соли даргузашти падарам, яъне соли 1933, вафот кард. Он гоҳ ман дар синфи якум мехондам. Даргузашти модарам ҳангоми таътили зимистонии мактаби ман, яъне дар моҳи январ буд. Модарам ҳамагӣ 37 сол умр дошт.

Ман чанде дар хонаи тағойии (дойии) худ Ҳабибуллоҳмахдум Авҳадии шоир (1900-1937) зиндагӣ доштам... Авҳадӣ дар Бухоро, дар Китобхонаи машҳури ба номи Ибни Сино, кор мекард. Шеъраш гоҳ-гоҳ дар рӯзномаи "Бухоро" чоп мешуд. Азбаски Авҳадӣ дар ҷавонӣ аз ҷадидони Бухоро буду бисёр ҷадидон оқибат инқилобкор шуданд, аз шӯравиён чандон хавф надошту бо бародаронаш ба Афғонистон нагурехт.
84 views12345 .12345, 05:47
Open / Comment