Get Mystery Box with random crypto!

FC Istiklol Dushanbe

Logo of telegram channel fcistiklol2007 — FC Istiklol Dushanbe F
Logo of telegram channel fcistiklol2007 — FC Istiklol Dushanbe
Channel address: @fcistiklol2007
Categories: Sport
Language: English
Subscribers: 765
Description from channel

Official FC Istiklol channel in Telegram.
#golions

Ratings & Reviews

3.00

2 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

1

4 stars

0

3 stars

0

2 stars

0

1 stars

1


The latest Messages 8

2021-10-25 19:05:50
Голи Ваҳдат Ҳанонов ба мунтахаби ҷавонон пирузӣ овард
Тими мунтахаби то 23 солаи Тоҷикистон дар бозии аввали даври интихобии чемпионати Осиё-2022 бо ҳисоби минималии 1:0 бар мунтахаби Лубнон дастболо шуд. Голи ягогаро дар ин дидор ҳимоятгари «Истиқлол» ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) Ваҳдат Ҳаноноа ба нишон расонд.

Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2022
Гуруҳи «В»
Тоҷикистон - Лубнон - 1:0
Гол: Ваҳдат Ҳанонов, 87

Эрон - Непал - 4:0
198 viewsРасулов Сиёвуш, 16:05
Open / Comment
2021-10-25 10:03:58
ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!
Шоми имруз тими мунтахаби то 23 солаи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2022 аввалин бозии худро баргузор менамояд.
Дар даври аввали бозиҳои интихобӣ дар гуруҳи «В» мунтахаби Тоҷикистон бо тими Лубнон вомехурад. Ин рақобат дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифта, соати 19:00 оғоз мегардад.

Бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2022 (U-23)
Гуруҳи «В». Даври 1
25 октябр (душанбе)
Оғози бози - :
Тоҷикистон – Лубнон
Душанбе, варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
220 viewsRustam Khakimov, edited  07:03
Open / Comment
2021-10-23 15:37:38
Тайёрӣ ба бозиҳои боқимондаи чемпионати мамлакат
Футболбозони «Истиқлол» тайёриҳои худро ба бозиҳои боқимондаи Лигаи футболи Тоҷикистон, ки аз 3 ноябр аз сар шуруъ мешаванд, идома дода истодаанд.
Тамринҳои даста ҳамаруза дар майдони Академияи Федератсияи футболи кишвар дар Алмосӣ бо ҳайати нопурра гузашта истодаанд. Субҳи имруз даста машқро аз толори варзишӣ оғоз намуда, сипас тамринро дар майдони футбол давом дод. Хотиррасон менамоем, ки ҳафт нафар аъзоёни даста дар ҳоли ҳозир дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон (U-23) омадагиҳои худро ба бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2022 идома дода истодаанд.
129 viewsРасулов Сиёвуш, 12:37
Open / Comment
2021-10-23 14:40:40
Футзал: «Истиқлол» мавсимро дар ҷои чорум ҷамъбаст намуд
Дастаи футзали «Истиқлол» мавсими Лигаи касбии футзали Тоҷикистонро бо гирифтани зинаи чорум ба итмом расонд.
Дар вохурӣ барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқоти мамалкат, дебютанти Лига аз дастаи «Пойтахт» шикаст хурд. Ин бозӣ, ки дар маҷмааи Кумитаи андоз баргузор шуд, бо ҳисоби 2:4 ба анҷом расид.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021
Бози барои ҷои 3-юм
«Истиқлол» - «Пойтахт» - 2:4
Голҳо:
Абдукаюм Умаров, 8, 31 – Баходур Юлдошев, 8. Раби Рабиев, 11. Рамз Амрохонов, 31. Колиман Акмите, 40.
Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
130 viewsРасулов Сиёвуш, 11:40
Open / Comment
2021-10-22 14:09:05
«Истиқлол» ва «Пойтахт» барандагони медалҳои биринҷиро муайян хоҳанд кард
Фардо, 23 октябр, дар доираи бозиҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон вохурӣ барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқа баргузор мегардад.
Дебютанти Лигаи касбии футзали кишвар «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Пойтахт» вориди рақобат хоҳад шуд. Аз руи натиҷаи ин бозӣ барандагони медалҳои биринҷии чемпионати мамлакат муайян мегардад. Ин бозӣ дар дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз баргузор мегардад. Оғози рақобат соати 14:00.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021
Бози барои ҷои 3-юм
23 октябр (шанбе)
«Истиқлол» - «Пойтахт»
Оғоз соати – 14:00
Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
136 viewsРасулов Сиёвуш, 11:09
Open / Comment
2021-10-22 12:34:13
140 viewsРасулов Сиёвуш, 09:34
Open / Comment
2021-10-22 12:33:41 Ғалабаи «Истиқлол» бар пешсафи Лигаи наврасон
Дар даври 14-уми Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18) «Истиқлол» бар пешсафи мусобиқот дастаи «Орзу-2026» дастболо шуд.
Дар бозии марказии давр футболбозони навраси тими “Истиқлол” бо ҳамсолони худ аз дастаи «Орзу-2026» вохурданд. Рақобати ду дастае, ки дар ҷойҳои якуму дуюми ҷадвал ҷойгиранд, ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Пас аз 14 даври бозиҳо «Орзу-2026» ҳоло ҳам дар садри ҷадвал қарор дорад – 33 хол, «Истиқлол» бо касби 28 имтиёз дар зинаи дуюм ҷойгир мебошад.
Дастаи КМВА бо 27 хол дар зинаи сеюм қарор дорад.

Лигаи наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» (U-18)
Даври 14-ум
«Истиқлол» - «Орзу-2026» – 3:2
Голҳо:
Хақназари Мусаяб, 34 (0:1). Хақназари Мусаяб, 40 (0:2). Фазлиддин Раҳимов, 77 (1:2). Диловар Ҷамшедзода, 86 – худгол (2:2). Масрур Гафуров, 90+1 (3:2).
Бозингари беҳтарини вохурӣ: Масрур Гафуров («Истиқлол»).

Натиҷаи дигар бозиҳо:
«Арал» – «Суғд» – 2:3
«Регар-ТадАЗ» – «Пахтакор-Динамо» – 2:1
«Соро компания» – «Равшан» – 6:0
«Ҷайҳун» – КМВА – 0:6
147 viewsРасулов Сиёвуш, 09:33
Open / Comment
2021-10-20 17:05:01
Финалистони Лигаи чемпионҳо муайян шуданд
Дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021, ки дар он дастаи «Истиқлол» низ баромад дoшт, иштирокчиёни бозии финалӣ муайян шуданд. Дар вохурии ниҳоӣ, ки санаи 23 ноябр дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Поҳанг» (Кореяи Ҷанубӣ) вомехуранд. Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол»- Тоҷикистон, ки аввалин бор дар даври гуруҳии ин мусобиқаи пурнуфуз иштирок намуд, дар гуруҳи «А» бо дастаҳои «АГМК», «Шабоб Ал-Аҳли» ва «Ал-Ҳилол» рақобат намуда зинаи аввалро касб намуд ва ба даври плей-офф роҳхат гирифт. Дар даври 1/8 ниҳоӣ «Истиқлол» бо дастаи «Персеполис»-и Эрон дидор анҷом дод. Ин вохурӣ, ки дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда буд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони эронӣ анҷом ёфт.
162 viewsРасулов Сиёвуш, 14:05
Open / Comment
2021-10-20 14:28:16
Мусовии футзалчиён дар аввалин бозии Ҷоми Тоҷикистон
Дастаи футзали «Истиқлол» бозии аввалини худро дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ ба анҷом расонид. Дар дидор бо дастаи «Соро компания-2» ҳисоби 6:6 ба қайд гирифта шуд. Вохурии ҷавобии дастаҳо 27 октябр баргузор мегардад.
167 viewsРасулов Сиёвуш, 11:28
Open / Comment
2021-10-19 19:36:44
Футзал: Оғози рақобатҳо дар Ҷоми мамлакат
Фардо, 20 октябр, дастаи футзали «Истиқлол» баромади худро дар доираи мусобиқаи Ҷоми Тоҷикистон оғоз менамояд.
Дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ футзалистони «Истиқлол» бо дастаи «Соро компания-2» вориди рақобат хоҳад шуд. Оғози вохурӣ соати 14:00.

«Истиқлол» «Соро компания-2»
20.10.2021
| :
| Душанбе. Маҷмааи кумитаи андоз
|Жара- Ҷоми Тоҷикистон| Даври 1/4 ниҳоӣ. Бозии 1-ум
192 viewsРасулов Сиёвуш, edited  16:36
Open / Comment