Get Mystery Box with random crypto!

ЭЙ ЛОИҚИ ШЕЪРУ СУХАН ЁДАТ БАХАЙР! Эй офтоби кишвари шеъру су | Бо забонии Тоҷики📜

ЭЙ ЛОИҚИ ШЕЪРУ СУХАН
ЁДАТ БАХАЙР!

Эй офтоби кишвари шеъру сухан
ёдат бахайр,
Эй "Резаборон"-и ҳама дашту даман
ёдат бахайр!
Шеъри баландпарвози ту то авҷи афлок
рафтааст,
Эй раҳнамои манзили "Хоки Ватан"
ёдат бахайр!
"Дасти дуои модар"-он овард ба мо
"Рӯзи сафед",
Эй андалеби зиннати боғу чаман
ёдат бахайр!
Сад ошиқу сад маъшуқе бар шеъри ту бас
"Ташнадил",
Эй "Ҷоми Саршор"-и дили садҳо чу ман
ёдат бахайр!Ёди ҷавонӣ карда ту "Девони пирӣ"
гуфтаӣ,
Эй соҳиби "Девони дил", пири сухан
ёдат бахайр!
Бе ту ба базми назм кунун ҳарфе намеояд
ба гӯш,
Эй пуштибоне бар забон дар анҷуман
ёдат бахайр!
Аз "Хонаи чашм"- ам кунун бар "Хонаи дил"
рафтаӣ,
Эй марди ҳақгӯи сухан, марди Ватан
ёдат бахайр!

20-05-2018 Шавкат Қосимӣ