🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Зиндагӣ чун бодҳои сахти дар саҳро гузашт, Ҳамчу хуршеди зимис | Бо забонии Тоҷики📜

Зиндагӣ чун бодҳои сахти дар саҳро гузашт,
Ҳамчу хуршеди зимистонии бе гармо гузашт.

Зиндагӣ гоҳе ба ханда, гаҳ ба андӯҳу азоб,
Бо ҳазорон ҳасрату афсӯсу вовайло гузашт.

Як ҳабибеву табибе то расид бар шаҳри мо,
То нишонаш ёфтем аз олами зебо гузашт.

Орзуҳо, ормонҳо, нақшаву барномаҳо,
Дар ғами соат нагуну вақт зуд аз мо гузашт.

Умри бесуд, гиряолуд, дар ғами буду набуд,
Дар хаёлу хобу андар олами рӯъё гузашт.

Зиндагӣ ин хоҳари маргу заволу нестӣ,
Дар ғами ин соату имрӯзи бе фардо гузашт.

Қалби ман бо сад ҳазорон шӯру бо девонагӣ,
Дар раҳи ишқи ту аз баҳри ҳама дунё гузашт.
АНИСА МАНОНОВА