Get Mystery Box with random crypto!

Зи бегона наменолам, ки бо ман нест ҳамреша, Зи хеши хеш менол | Бо забонии Тоҷики📜

Зи бегона наменолам, ки бо ман нест ҳамреша,
Зи хеши хеш менолам дар ин чархи ҷавопеша.
Ки душман мекушад бо дасти як дӯст, дӯсти деринро,
Ману ту ҳеҷ намебинем, нигаҳдорем дигар гӯша.
Зи бедодии мо омад фалак бар дод, эй мардум,
Насозем дӯсти худ душман, ки Ӯ қодир ба ҳар пеша.
Шағолу рӯбаҳи ҳамсоя медаванд зи хурсандӣ,
Агар бинанд, ки холи монда аз шеру паланг беша.
Дар ин дунë забардастон зиëданд ë табардастон,
Куҷое сабза медидам, шикоят мекард аз теша.
Вафо ҳаргиз накард дунë, ба ҳар як бовафо, ки буд,
Даме бар худ биëем мо, каме бинмоем андеша.
Даруни сина дил, дил аст, агар ëди Худо бошад,
В - агарна дил набошад он, агарчӣ соф чун шиша.
Сиришти одамӣ аз хок, руҷӯъаш боз шавад дар хок,
Чи дорем дар сафар бо худ, сафар хуб нест бетӯша.
Аниси Ëқубиëн.