🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост н | Бо забонии Тоҷики📜

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.
Хуру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи мақоми одамият.
Ба ҳақиқат одамӣ бош, в-агарна мурғ бошад,
Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ,
Ки фаришта раҳ надорад ба макони одамият.
Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият.
Расад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад,
Бинигар, ки то чӣ ҳад аст макони одамият.
Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват,
Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият.
На баёни фазл кардам, ки насиҳати ту гуфтам,
Ҳар аз одамӣ шунидем баёни одамият.

Саъдии Шерозӣ