🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 2

2022-08-05 21:26:22 ‌‎‌‌‌‎‌‌‌‌‎‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌‌┅─═ঊঈ ঊঈ═─┅

Ин ғами беҳаё маро боз раҳо намекунад,

Аз ману нолаҳои ман ҳеҷ ҳаё намекунад.

‌‎‌‌‌‎‌‎
292 views18:26
Open / Comment
2022-08-05 21:24:19 - Бегона, агар зулму ҷафо кард, аҷаб нест,
-
Аз ғайбату бемеҳрии ëрон гила дорам.
278 viewsedited  18:24
Open / Comment
2022-08-05 20:31:00
281 views17:31
Open / Comment
2022-08-01 20:19:29 Бе ҳиҷоби ва зарари он дар ҷомеа

Хоҳиш дорам гӯш андозед дустон.

•┈┈┈┈ ┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@hidoyati_zanon
16 views17:19
Open / Comment
2022-07-31 20:07:58 Саҳобаи Абудардо (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуд:

«Чун касе лаънат гӯяд, ба осмон мебарояд ва дарҳои осмон аз он баста мешавад, сипас ба замин мефурояд ва замин аз он баста мешавад, роҳи гурезро меҷӯяд, вале наметавонад. Баъд ба касе, ки лаънат шуда буд, меравад. Агар лаънат лоиқ бошад, ба ӯ мезанад ва агар сазовори он набошад, бар касе, ки лаънат гуфтааст ва ӯро мезанад»

Маҷмӯаи Абу Довуд ҳадиси таҳти рақами 4905
40 views17:07
Open / Comment
2022-07-29 18:54:23 Ҳақиқат монанди ҷарроҳӣ аст, дард мекунад вале дармон мебахшад.
Дурӯғ мисли доруи оромбахш аст, ки замони кутоҳе оромат мекунад вале аворизи ҷонибиаш ҳамеша ҳамроҳат хоҳад буд.
42 views15:54
Open / Comment
2022-07-28 23:31:59 ДАР ЁДАТ БОШАД!

Дар ёдат бошад, ки зебоиҳои кучакро дўст бидорӣ, ҳатто агар дар миёни зиштиҳои бузург бошанд.
*
Дар ёдат бошад, ки дигаронро дўст бидорӣ он гуна, ки ҳастанд, на он гуна, ки мехоҳӣ бошанд.
*
Дар ёдат бошад, ки ҳаргиз худро аз даричаи нигоҳи дигарон нанигарӣ, ки агар ту худ бо хештан оштӣ накунӣ ҳеҷ шахсе наметавонад туро бо худат оштӣ диҳад.
*
Дар ёдат бошад, ки худат бо худат меҳрубон бошӣ, зеро шахсе, ки бо худ меҳрубон нест наметавонад бо дигарон меҳрубон бошад.

ف
55 views20:31
Open / Comment
2022-07-28 22:12:20 Ончи дар бораи мард ва зан муҳимтар аст динӣ ӯст...

Тобеини бузург имом Ҳасанӣ Басрӣ رحمه الله мегӯяд:

"Дар замони аҳли ҷоҳилият ҳаргоҳ марде заниро хостгорӣ мекард мепурсиданд: Асл ва насабаш чист?

Ҳангоме, ки ислом омад пурсиданд: – Динаш чист?

Аммо шумо имрӯз мегӯед:
Вазъ ва сарваташ чист?"


(بهجة المجالس: ۲/ ۳۸)

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@hidoyati_zanon
38 views19:12
Open / Comment
2022-07-27 07:06:19 Имом Муҳаммади Ғазолӣ
раҳматуллоҳи алайҳ дар китоби
"Насиҳатул мулук" ҳикоятеро ба ин мазмун зикр намудааст.

Дар шаҳри Бухоро саққо (машкоб, обкашон)-е буд. Ӯ сӣ сол ба хонаи заргаре об меовард. Он заргар зани порсову некӯ, бо камолу ҷамол ва оқилаву мастуре дошт.

- Рӯзе саққо об оварда ба зарфи хонаи заргар бирехт. Зани заргар дар ҳавлӣ буд.

Саққо дасти зани заргарро гирифта печиду бирафт.
Зани заргар аз ин рафтори машкоб ҳайрон шуд. Бегоҳ вақте заргар ба хона омад, занаш аз ӯ пурсид:

Росташро гӯй, ки имрӯз чӣ кор
кардӣ, ки бар он Худо розӣ
набудааст?


- Мард ҷавоб дод: - Ҳеҷ коре
накардаам.


- Зан гуфт: - Агар рост нагӯӣ, ман
баъд аз ин дар хона намеистам ва ту рӯи маро дигар намебинӣ. Ҳис карда истодаам, ки дурӯғ мегӯӣ.

Мард хиҷолатмандона гуфт:
- Эй зан, бидон, ки имрӯз зане ба
дӯкони ман омад ва аз баҳри ӯ
дастпонае кардам. Чун зан
дастпонаро ба дасташ намуд, ба
назарам сахт накӯ намуд. Ман
дасташро гирифта печидам.


Зан ба шавҳараш гуфт: - Ба сабаби ин рафтори ноҷои ту машкобе, ки сӣ сол бе хиёнат кор мекард, имрӯз чоштгоҳ беихтиёр дасти маро ба дасташ гирифт.

Заргар ба занаш гуфт: - Зинҳор , эй зан, тавба кардам, маро биҳил (авф) кун!

Зан дуо кард: - Худои Таъоло
оқибати кори туро ба хайр
гардонад!

Рӯзи дигар машкоб омада пеши зан дар хок биғалтиду гуфт:

- Эй кадбону, маро биҳил кун, ки дирӯз Шайтон маро аз роҳ зад.

- Зан гуфт: - Бирав аз паи корат , ки он хаторо ту накардӣ, шавҳари ман кард. Рафтори ту қасосе буд барои шавҳари ман дар ин дунё.

- Зан дорӣ, марав паси зани ғайр,
- Чун равӣ, дар занад намонад хайр.

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@hidoyati_zanon
46 views04:06
Open / Comment
2022-07-23 22:05:04 Танҳо илоҷи Ишқ издивоҷ аст

Дуктур Юсуфи Қарзовӣ حفظه الله мефармояд:

Агар мард ва хонуме ошиқ ва маъшуқи ҳамдигар шуданд ва аз ишқу муҳаббат пок ва содиқона бархурдор шуданду алоқа ва муҳаббат миёни онон муддат замони тӯлонӣ идома дошта бошад, ин худ далили вазеҳе аст, ки инчунин ишқ ва алоқа аз булҳаваси набудааст. Дар инҷо ба хонавода лозим ва зарури аст, ки бо чашмони басират ва ва оқилона ба ин мавзӯъ бингаранд ва мутавассил ба истеъдод раъй ва зургӯӣ нашаванд ки бо камтарин далел ва ё ҳато бидуни далел, дасти рад ба синаи хостгор назананд:

Ҳамчунин лозим ва зарурӣ аст, ки ба роҳнамоӣ ҳадиси набавӣ ки ибни Аббос аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад; Гӯш фаро диҳем онҷо, ки мефармояд:

"لَم یُرَ لِلمتحابَّین مثلُ النَّکاحِ"
Яъне: "Илоҷи ишқ ва маъшуқ ҷузъ издивоҷ нест"

Яъне издивоҷ муваффақтарин василаи илоҷи чунин вобастаги аст, ки ба дараҷаи ишқ ва иртиботи қалби зан ва мард расида бошад.

Бар хилофи он чи баъзе қабилаи бодиянишини араб анҷом медоданд ва байни ошиқ ва маъшуқ ҷудоӣ меафканданд.

Ислом дини воқеъбин нисбат ба башар аст, ба ҳамин сабаб иртиботи масоили зану мардро бо қавоиди шаръи ва қонунӣ лозим ва зарурӣ медонад, то ба ин васила хонаводаи мусалмоне, ки ташкил мешавад ҳам аз дин тағзия менамояд ва ҳам ишқ ва муҳаббат онро сероб мегардонад.

Баргирифта шуд аз саҳифаи Дуктур Юсуфи Қарзовӣ حفظه الله


╭────────────────╮
꧁Ҳидояти Занон꧂ 
╰────────────────╯

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед
@hidoyati_zanon
10 views19:05
Open / Comment