Get Mystery Box with random crypto!

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 14

2021-04-28 15:03:31

220 views فريدون , 12:03
Open / Comment
2021-04-28 02:38:42 Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш,

Худ бош ба ҳар дарди диле маҳрами хеш.

Танҳо бинишину хештан хур ғами хеш,

В-ар ҳамдамат орзу кунад ҳам дами хеш.
239 views فريدون , 23:38
Open / Comment
2021-04-27 14:35:00
Равоншиносон мегӯянд, ки одамоне, ки суханони бадро нисбат ба дигарон бисёртар ба кор мебаранд, ростқавлтаранд.
244 views فريدون , edited  11:35
Open / Comment
2021-04-22 06:31:15 بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

АДО КАРДАНИ НАМОЗ

Нахуст ки иродай хондани намоз кардед бо вузуй комил нияти вақт ро дар дил дошта бошед . Зимни истиқбол ба қибла қиём намоед ( рост истед ) ва дастонатон ро то баробари гушҳо боло бурда ва бо калимай Аллоҳу акбар намози хешро шуруъ кунед дар зимни бастани дасти рост бар руй дасти чап онҳам зери ноф ва бидуни нигоҳ кардан ба атроф сано ( Субҳонакаллоҳумма ) ро бихонед .

САНО

" سُبْحانَکَ اللّهُمَّ وَ بِحَمْدِکَ وَ تَبارَكَ اسْمُكَ وَ تَعَالَي جَدُّكَ وَ لاَاِلَهَ غَيْرُک .!

« СУБҲАНАКАЛЛОҲУММА ВА БИ ҲАМДИКА ВА ТАБАРА КАСМУКА ВА ТАЪАЛА ҶАДДУКА ВА ЛААИЛААҲА ҒАЙРУК .» !

ХУДОЁ ЗОТИ ТУ ПОК ВА ҚОБИЛИ ТАЪРИФ ВА СИТОЙШ АСТ ВА НОМИ ТУ ХЕЛЕ БО БАРАКАТ , ВА ТУ БАЛАНД МАРТАБА ҲАСТИ ВА ҶУЗ ТУ ҲЕҶ БАЪБУДЕ НЕСТ .

ТАЪУЗ
« أعوذ باللّه من الشّيطان الرّجيم »

« ПАНОҲ МЕБАРАМ БА АЛЛОҲ АЗ ШАРРИ ШАЙТОНИ РОНДА ШУДА .»

ТАСМИЯ :
« بسم اللّه الرّحمن الرّحیم »

« ШУРУЪ МЕКУНАМ БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШОЯНДА ВА МЕҲРУБОН .»

СУРАЙ ФОТИҲА

الحمد لله رب العالمين الرحمن الرحيم مالک يوم الدين اياك نعبد واياك نستعين اهدنا الصراط المستقيم صراط الذين أنعمت عليهم غير المغضوب عليهم ولا الضالين آمين

ТАРҶУМА:
ТАМОМИ СИТОЙШҲО МАХСУСИ ПАРВАРДИГОРИ ҶАҲОНИЁН АСТ.
ХУДОЕ КИ БАХШОЯНДА ВА МЕҲРУБОН АСТ. ЗОТЕ КИ СОҲИБИ РУЗИ ҶАЗО АСТ . ТАНҲО ТУРО МЕПАРАСТЕМ ВА ТАНҲО АЗ ТУ КУМАК МЕХОҲЕМ . ХУДОЁ МОРО БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ ФАРМО РОҲИ КАСОНЕ КИ БАР ОНОН ИНЪОМ ФАРМУДАЙ . НА РОҲИ КАСОНЕ КИ МАВРИДИ ХАШМИ ТУ ҚАРОР ГИРИФТААНД ВА НА РОҲИ ГУМРОҲОН . ОМИН

Баъд аз сурай фотиҳ зами сура .

Зеро ҳеҷ намозе холи аз сурай фотиҳа нест ва лозиман дар аввалин ракаъатҳой фарз хондани сура ҳамроҳи сурай ҳамд (фотиҳа )зарури мебошад ва дар тамоми ракаъати суннатҳо низ бо сурай ҳамд сурай дигар низ замима мегардад .

ТАСБЕҲИ РУКУЪ :
سبحان ربي العظيم
СУБҲАНА РББИЯЛ ЪАЗИИМ
.

ПОК АСТ ПАРВАРДИГОРАМ ЗОТЕ КИ БУЗУРГ ВА БО ЪАЗАМАТ АСТ .


Ин тасбеҳ се ё панҷ мартаба дар рукуъ хонда мешавад :
______________________
ҲАНГОМЕ КИ АЗ РУКУЪ БАЛАНД МЕШАВЕМ , МЕГУЕМ :

سمع الله لمن حمده .
« САМИЪАЛЛОҲУ ЛИМАН ҲАМИДАҲ »
ХУДОВАНД ШУНАВО АСТ БАР КАСЕ КИ УРО СИТОЙШ МЕКУНАД .

________________________
Баъд аз хестан аз рукуъ баъд аз гуфтани
САМИЪАЛЛОҲУ ЛИМАН ҲАМИДАҲ Мегуем

ربنا لك الحمد .
РАББАНА ЛАКАЛ ҲАМД .


ХУДОЁ ТАМОМИ СИТОЙШ МАХСУСИ ТУСТ .

________________________
ТАСБЕҲИ САҶДА
سبحان ربي الأعلي.
СУБҲАНА РАББИЯЛ АЪЛА .


ПОК АСТ ПАРВАРДИГОРАМ ЗОТЕ КИ АЗ ҲАММА БАРТАР АСТ .

Дар саҷда низ се ё панҷ мартаба мегуем :

ТАШАҲУД :

التّحيات لله و الصلوت و الطيبات اسلام عليك ايها النبي و رحمة الله وبركاته اسلام علينا و على عباده الله الصالحين أشهد أن لا اله الا الله و أشهد ان محمدا عبده ورسوله .


ТАМОМИ ИБОДАТИ ЗАБОНИ , БАДАНИ ВА МОЛИ МАСУСИ ХУДОСТ , САЛОМ ВА РАҲМАТ ВА БАРАКАТИ ХУДО БАР ТУ ЭЙ НАБИ ГИРОМИ (С А В ) ВА САЛОМ БАР МО ВА БАР БАНДАГОНИ НЕКИ ХУДО . ГУВОҲИ МЕДИҲАМ КИ НЕСТ ҲЕҶ ХУДОЕ ЛОЙИҚИ ПАРАСТИШ МАГАР ЯК ХУДО ВА ГУВОҲИ МЕДИҲАМ КИ МУХАММАД (С А В ) БАНДА ВА ФИРИСТОДАЙ УСТ .

ДУРУДИ ШАРИФ :

اللهم صلي على محمد و على آله محمد كما صليت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد .

ХУДОЁ БАР МУХАММАД (С А В ) ВА ОЛИ МУХАММАД (С А В ) РАҲМАТ НОЗИЛ ФАРМО ЧУНОН ЧИ БАР ИБРОҲИМ ( А ) ВА ОЛИ ИБРОҲИМ (А) РАҲМАТ НОЗИЛ КАРДИ ЗЕРО ТУ ҚОБИЛИ СИТОЙШ ҲАСТИ ВА БУЗУРГИ АЗОНИ ТУСТ .
_________________________
اللهم بارك على محمد و على آله محمد كما باركت على إبراهيم وعلى آل إبراهيم إنك حميد مجيد.

ХУДОЁ БАР МУХАММАД (С А В ) ВА ОЛИ МУХАММАД (С А В ) БАРАКАТ НОЗИЛ ФАРМО .ЧУНОНЧИ БАР ИБРОҲИМ (А) ВА ОЛИ ИБРОҲИМ (А) БАРАКАТ НОЗИЛ КАРДИ . ЗЕРО ТУ ҚОБИЛИ СИТОЙШ ҲАСТИ ВА БУЗУРГИ АЗОНИ ТУСТ .

ДУОИ МАҒФИРАТ :
اللهم اغفر لي ولوالدي والأستاذ ي والجميع مؤمنين والمؤمنات والمسلمين والمسلمات الاحياء منهم والاموات .
ПАРВАРДИГОРО МАҒФИРАТ ГАРДОН ПАДАР ВА МОДАРИ МАРО ВА УСТОЗИ МАРО ВА ҶАМИЪИ МУЪМИНИН ВА МУЪМИНОНРО ВА МУСЛИМИН ВА МУСЛИМОН РО ВА ЗИНДАГОН ВА МУРДАГОН РО .


Паз аз хондани дуоҳой зикршуда , ба самти рост ва чапи худ салом диҳед ба лафзе ки зикр мешавад .

САЛОМ :
اسلام عليكم ورحمة الله .
АССАЛАМУ АЛАЙКУМ ВА РАҲМАТУЛЛОҲ :


ДУРУД ВА РАҲМАТИ ХУДО БАР ШУМО НАМОЗГУЗОРОН БОД .

التماس دعا
417 viewsقاری زاده, edited  03:31
Open / Comment
2021-04-22 05:52:23 بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ



НАМОЗҲОЙ ҚАЗОЙ

Хондани намози фарз ё воҷиб пас аз гузашти вақти намоз , онро қазо гуянд .
Масалан касе пас аз тамом шудани вақти зуҳр (пешин) намози зуҳр ро бихонад ин намоз қазой гуфта мешавад. Касе ки як намоз ро нахонда дар аввалин фурсате ки мутаваҷҷиҳ мешавад бояд қазой он ро баҷо оварад бидуни ъузри шаръи, аз таъхири он гунаҳкор мегардад. ( نسائي )


МАСОИЛИ НАМОЗҲОЙ ҚАЗОЙ

1: Агар аз шахсе чанд намози он қазошуда бошад бояд дар аввали вақт қазой онҳоро бихонад. ( در مختار)

2: Барой хондани намози қазой ҳеҷ вақти мушахасе нашуда аст дар аввалин фурсат, бояд бихонад албата дар авқоти манҳия набошад. ( در مختار)

3: Агар намозе бидуни аз ҳадаф ва қасде қазо гардад, масалан фаромуш шавад ё бо фарорасидани вақти намоз, хоб бар он ғалаба кунад ва бихобад дар ин суратҳо дар нахустин вақте ки барой он муяссар мешавад, бихонад. ( در مختار)

4: Агар аз касе то ҳол фақат як намоз қазошуда аст, ё эҳёнан чанд намози мутаъаддиде қазо шуда вале онҳоро хонда аст, ҳоло бояд ин намозро бихонад сипас намози вақтро адо кунад. Чун хондани намоз вақт пеш аз хондани намози қазой дуруст нест. Албата агар ба камбуди замон мавоҷиҳ аст аввал намози вақт ро бихонад зеро ин намозҳам қазо мешавад.( در مختار)

5: агар аз касе як намоз то панч намоз қазо шуда аст ва ҳеҷ намозе ғайр аз ин намози қазой бар зимай ин нест. Аз аввал чавоне ҳаргиз намозе ҷуз ин чанд намоз , қазо нашуда аст. Бар ин фард лозим аст ки нахуст намозҳой қазошуда ро бихонад сипас намози вақт ро адо кунад ва дар зимн бояд намозҳой қазой ба тартиб хонда шавад.( هدایه )

6: Агар аз касе шаш намоз қазо шавад ва дар ин сурат хондани намозҳой қазой пеш аз намоз вақт онҳам ба тартиби шабона рузи лозим нест. Ҳар замон фурсат ёфт намозҳой худро бихонад..( هدایه )

7: се чиз тартибро барҳам мезанад: 1_ зиқи вақт (танги вақт)
2_ хондани намозҳой қазой фаромуш шуда бошад.
3_ беш аз шаш намоз қазошуда бошад.
Ин се чиз тартиб ро соқит мекунад.

8: Агар намози витри касе қазо шуда аст ( вамосивой ) ғайри витр ҳеҷ намози қазой бар зимма надорад. Бар ин лозим аст ки аввал намози витр ро бихонад сипас намози фаҷр (бомдод) ро адо кунад.
Агар касе мутаваҷиҳ буд ки витри шаби гузаштай он қазо ва бо вуҷуд будани он, у аввал намози фаҷр ро мехонад дар ин сурат бояд пас аз хондани намози витр , намози фаҷр ро низ иъода кунад. ( در مختار)

9: Фақат намозҳой фарз ва витр қазой дорад. Суннатҳо қазой надоранд.
Вале агар касе намози фаҷри ҳамон рузи худро мехоҳад бихонад ҳоло агар пеш аз завол аст у метавонад суннатҳой фаҷр ро адо кунад. Албата агар баъд аз зуҳр бихонад, танҳо ду ракаъат фарз хонда мешавад. ( ،در مختار مراقی الفلاح)

10: Агар касе мувафақ нашуд ки суннат ҳой фаҷр ро бихонад, у метавонад пас аз тулуъи хуршед бихонад. ( شامی )

11: Агар касе то поёни зиндаги худ ҳаргиз намози қазой нахонда аст , бар ин мусалмон ваҷиб аст ки ба ворисони худ супориш кунад то дар баробари ҳар намози фарз ва витр садақае ба миқдори садақай фитр ба фуқаро аъто намоянд. Дар сурате ки супориш нашавад лозиман он бо зиндаги саршор аз гуноҳ дунёро тарк карда аст.( در مختار )

12: Агар касе тавба мекунад ва ба хондани намоз иқдом менамояд бар ин воҷиб аст ки тамоми намозҳое ки то акнун нахонда аст, қазой онҳо ро баҷо оварад.
Танҳо бо тавба кардан ва ё фидя додан намоз мавриди бахшиш қарор намегирад.
Албата худи нахондани намоз , гуноҳе аст ҷудогона ки бо тавба кардан маъоф мешавад. ( بهشتی زیور ).


التماس دعا قاری زاده
258 viewsقاری زاده, edited  02:52
Open / Comment
2021-04-18 12:21:21 Интернети 5G «5вақт намоз»
Ва 25 гиг (25дақиқа)
Ин иқдом аз ширкати «худо ва расули худо » ин бастаи 5G ро шумо метавонед бе муҳлат яъне то ба охир расидани трафики «умр» истифода баред.
Қулай дастрас ва ройгон.!!

Дорои технология ва хусусиятҳои беҳтарин аст.!!

1) бахшиши хатоҳо.
2) адои қарзи худо.
3) суръати ризқ.
4) раҳои аз ғусса.
5) дури аз «иблис.»
6) дури аз роҳи каҷ.
7) ҳидоят бар роҳи рост.
8) устувори амнияти худ ва хонавода.
9) расонидани саловот бар расули худо (С.А.В.)
10) осони бар таслими ҷон.

Метавонед барои ба даст овардани инҳо ба бастаи интернети 5G «намози панҷгона» пайваст шавед.
Зарураст ҳаруза дар вақтҳои муносиб ҳамаги (5×5=25 дақиқа) сарф намоед.

Шитобед то дер накунед вақт хеле кутоҳ аст.
Барои маълумотҳои бештар оиди опсия ба саҳифаҳои «Қуръони Карим» ру оваред.!!!
309 views أبو عمران , 09:21
Open / Comment
2021-04-18 12:05:46 Вақти намози субҳ

Аз Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Расуллоҳ (с) фармуданд:

ووَقْتُ صَلاةِ الصُّبْحِ مِن طُلُوعِ الفَجْرِ ما لَمْ تَطْلُعِ الشَّمْسُ.
Вақти намози субҳ аз оғози субҳи содиқ то тулуъи офтоб аст.
(Саҳеҳ Муслим,1/ 223 ҳадиси 173- (612) .

عن أبو هريرة، قال :قال رسول الله -صلّى الله عليه وسلّم: إنَّ للصلاةِ أولًا و آخرًا،... وإنَّ أولَ وقتِ الفجرِ حين يطلعُ الفجرُ، وإنَّ آخرَ وقتِها حين تطلعُ الشمسُ.
Ҳазрати Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: яқинан вақтҳои намоз аввал ва охир дорад, .... Ва яқинан ки аввали вақти намози субҳ ,оғози субҳи содиқ , ва охири он тулуъи офтоб мебошад.
(Ҷомеъ -ут-Тирмизӣ, 1/ 283, ҳадиси 151... Муснади Аҳмад ,12/94, ҳадиси 7172).
_____________

Вақти мустаҳабии намози субҳ:

عَنْ رَافِعِ بْنِ خَدِيجٍ ، قَالَ : سَمِعْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ : " " أَسْفِرُوا بِالفَجْرِ ، فَإِنَّهُ أَعْظَمُ لِلأَجْرِ " "
Ҳазрати Рофиъ ибни Хадиҷ (р) ривоят мекунад, ки аз Расули Худо (с) шунидам , ки мефармуданд: Намози субҳро дар равшани бисёр бихонед , зеро савоби он бисёр бештар аст.
(Ҷомеъ-ут-Тирмизӣ, /Сунани Насоӣ, /Сунани Абидовуд, /Саҳеҳ ибни Ҳиббон, /Қатфул азҳор -Алмутаносира- фи Аҳодиси Мутавотира Лис-Суютӣ,/ Муснади Ҳамидӣ, /Осор-ус- Сунан Лин-Наимавӣ.)

Имом Муҳаддис Ҷамолиддин Муҳаммад Абӯ Муҳаммад Абдуллоҳ ибни Юсуфи Зайлаъӣ (р) мефармояд:
Аҳодиси шомил ба ин мавзӯъ аз Ҳазратӣ Рофиъ ибни Хадиҷ (р) , Ҳазрати Билол (р) Ҳазратӣ Анас (р) , Ҳазратӣ Қатода ибни Нӯъмон, Ҳазратӣ Абдуллоҳ ибни Масъуд, Ҳазратӣ Абӯ Ҳурайра, Ҳазратӣ Ҳавои Ансорӣ низ ривоят шудааст.
(Насбурроят - лил- Зайлаӣ, 1/235, Китоб -ус Салот , Боб -ул-Мавоқит).

عَنْ رَافِعِ بْنِ خَدِيجٍ ، قَالَ : قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لِبِلَالٍ : " أَسْفِرْ بِصَلَاةِ الصُّبْحِ حَتَّى يَرَى الْقَوْمُ مَوَاقِعَ نَبْلِهِمْ "
Ҳазрати Рофиъ ибни Хадиҷ (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) ба Ҳазратӣ Билол (р) фармуданд: Намози субҳро дар равшани бихон чунонки мардум битавонанд (ба сабаби рушнои) нишонаи тири худро мушоҳида намоянд.
(Муснади Аби Довуди Тойлисӣ, /Маъҷам -ул-Кабири Табаронӣ,/ Ал -Кано Вал -Асмо, лил- Давлобӣ,/ Эъло-ус-Сунан Лит-Таҳонавӣ, / Осор -ус-Сунан Лин-Наимавӣ).
296 views أبو عمران , 09:05
Open / Comment