Get Mystery Box with random crypto!

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 6

2022-06-20 00:09:01
تصویر متعلق به قوم حضرت صالح علیه السلام است که هزاران سال قبل از پیامبرص زندگی کردند، آنها مردمان بسیار تنومند و قوی بودند که از کوه ها خانه می ساختند چنانچه در تصویر می بینید و آیه قرآن آن را بیان می کند.
وَتَنْحِتُونَ مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا فَارِهِينَ ﴿شعرا١٤٩﴾
و شادمانه از کوهها خانه هايي مي تراشيد؟
نهایتا اینجا عذاب خدا نازل شد چون ایمان نیاوردند
101 views21:09
Open / Comment
2022-06-19 09:58:45
96 views06:58
Open / Comment
2022-06-18 21:48:39 НИШОНАҲОИ ЯК ДУСТИ ХУБ КАДОМҲОЯНД?

Вижагиҳои як дусти хуб чист? Вақте бо касе дӯст ҳастед, чи меъёрҳоеро барои ин дӯстӣ дар назар гирифтаед? Вижагиҳои як дусти хубро бишносед.

1. ВАФОДОРӢ — Вафодорӣ як нишонаи аслӣ ва зарурӣ дар дӯстӣ ва ё ҳар робитаи дигаре аст. Як дӯсти хуб ҳамеша ба дӯстиаш вафодор аст. Вафодор будан яъне ин, ки ба шоеъот ва ҳарфҳои баде, ки дар бораи дӯстат гуфта мешавад, таваҷҷӯҳ накунӣ ва аз гуфтани шоеъот ва ҳарфҳои зишт дар бораи ӯ низ бипарҳезӣ. Агар чи дӯстони хуб ҳам гоҳе аз дасти якдигар нороҳат ва асабонӣ шаванд, аммо ҳаргиз пушти сари ҳам ҳарфи баде намезананд.

2. САХОВАТ — Бахшандагӣ ва саховат яке аз аломатҳои як дӯсти хуб аст. Як фарди саховатманд ҳатто замоне, ки тавоноӣ ва дороиӣ каме барои бахшиш дорад, бо камоли майл он чиро, ки метавонад, мебахшад. Ин нишонаи фарде аст, ки арзиши дӯстӣ дорад, зеро ин хусусияти ахлоқӣ нишон медиҳад, ки ӯ зеҳн ва қалби бахшанда дорад.

3. ДАРК — Дӯсти воқеъи касе аст, ки ба ҳарфҳои мо гӯш мекунад ва саъй мекунад, ки моро дарк кунад. Як дӯсти хуб вақте чизеро намефаҳмад ва дарк намекунад, дар бораи он мавзӯъ савол мекунад, то он мавзӯро комилан мутаваҷҷвеҳ шавад.

4. САДОҚАТ — Дӯсти хуб ҳамеша содиқ аст ва воқеъиятро мегӯяд, ҳатто агар ҳарфаш озордиҳанда бошад. Як дӯсти хуб барои ин ки шумо эҳсоси беҳтаре дошта бошед, ба шумо дурӯғ намегӯяд ва дар иваз ҳақиқатро мегӯяд ва шуморо насиҳат мекунад. Масалан агар либоси шумо муносиб нест, як дӯсти хуб бо меҳрубонӣ мегӯяд: " Ин либос хеле хуб нест, ман фикр мекунам ин яке беҳтар аст".

5. ДАРК КАРДАНИ ТАФОВУТҲО
Як дусти хуб аз шумо интизор надорад, ки ҳамеша ҳарфи ӯро таъйид кунед. Дар иваз вақте шумо ақидаи мутафовите доред ва бо ӯ мовофиқ нестед, ба назари шумо эҳтиром мегузорад. Ин кор боис мешавад, ки робитаи шумо ҷаззобтар шавад, зеро дӯстони хуб метавонанд назарҳои мухталифи худро дар бораи мавзӯҳои мухталиф ба миён бигузоранд.
95 views18:48
Open / Comment
2022-06-18 21:35:33 Сарвазири собиқи Исроил Голда Меир дар бораи сохти давлати бузург чунин таклифҳоро ба миён гузоштааст:

«Агар шумо хоҳед, ки як кишвари тавоно бунёд кунед, ки дар он писарону духтарони мо бо шодӣ ба Ватан бармегарданд, дар он ҷо дар рӯзҳои ид ба кишварҳои дигар ба истироҳат мераванд ва дар он ҷо тарс аз оянда набошад, пас се ӯҳдадориҳоро иҷро намудан лозим меояд:

1. Порахӯриро хиёнат ба Ватан, мансабдорони фасодкор ва ҳафт насли онҳоро ҳамчун авлодони хиёнаткор бубинед.

2. Соҳибони се касб: ҳарбиён, омўзгорон ва табибонро ба шоистатарин ашхоси мӯътабар табдил диҳед.

3. Муҳимтар аз ҳама - кор кардан, кор кардан ва боз кор кардан. Чунки ғайр аз ту касе туро ҳифз намекунад, ба ҷуз худат касе туро нигоҳубин намекунад ва кишварат ба ҷуз ту ба дигар кас даркор нест.

Вақте, ки ин суханон ба шиори оддӣ табдил нашаванд, балки як тарзи зиндагии Шумо шаванд, пас шумо ба ҳадафи худ расидаед! ”

Худованд ин фасодкорони рӯи заминро несту нобуд гардонад.
83 views18:35
Open / Comment
2021-09-04 18:43:48
Ин акс дар кишвари Кунё (Кения) гирифта шуда ва исмашро《бахшиши ҳайвонот》
гузоштаанд; вақте ҷангал оташ гирифта шер аз ҳамли баччаи худаш оҷиз мемонад ва фил бо хуртумаш ӯро ҳамл мекунад.

Дар ҷаҳоне, ки ҳатто ҳайвонотҳам дар канори якдигаранд, ёд бигирем маънои воқеъи зистанро.
33 viewsedited  15:43
Open / Comment
2021-09-01 17:16:38 1200 сол қабл Аббос Ибни Фирнос китобҳои зиёде дар бораи математика, физика, астрономия ва муҳандисӣ навиштааст, ки барои муаллимони Донишгоҳи Ал-Андалусия китобҳои рӯйимизӣ будаанд.
Аббос ба технологияи истеҳсоли шиша аз қум машғул буд. Дар натиҷа, Испания ба истеҳсоли шишаи худӣ шурӯъ намуд ва харидани шиша аз мисриёнро қатъ кард, ки технологияи истеҳсоли онро пинҳон медоштанд. Баъдтар заррабини бузургеро ихтироъ карда (планетария) сохт, ки дар ҳамон давра ин мӯъҷиза хеле машҳур шуда рафт. Дар планетария як модели механиконидашудаи системаи офтобӣ буд, инчунин абрҳо дар осмон шино мекарданд, раъду барқ ​​ба вуҷуд меомаду дурахшон мешуд, вақто осмон айнан бо садо меғуррид.
Барои гиромидошти хотираи Аббос ибни Фирнос, имрӯз дар зодгоҳи олим шаҳри Ронда маркази астрономӣ ба номи Ибни Фирнос фаъол аст.
Ба шарофати олим, фурудгоҳ дар шимоли Бағдод номгузорӣ шудааст ва дар роҳ ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод ҳайкали ӯ гузошта шудааст.
Дар Либия бо тасвири Аббос ибни Фирнас маркаҳо чоп шудаанд. Дар Кордоба, Хосе Луис Манзанарес Ҳапон пули болои дарёи Гвадалкивирро сохтааст, ки дар маркази он ҳайкали ин олими шӯҳратёр қомат афрохтааст.
Соли 1976 як кратер дар моҳ ба номи Ибни Фирнос гузошта шуд.
49 views14:16
Open / Comment
2021-09-01 17:16:21
#МУСАЛМОНҲО_ЧИ_ХИДМАТЕ_БА_ИЛМ_КАРДАНД_?

Ва мо мегӯем ки аз ихтирооти куфор истифода мебарем.
48 viewsedited  14:16
Open / Comment
2021-09-01 13:47:02
اللهم سخر اي من الأقدار أجماها ومن السعادة أكماها و من الأمور أيصرها و من الخواطر أوسعها ومن حوائج الدنيا والاخرة ما يرضيك عنا
Парвардигоро, Аз тақдирҳо зеботаринашро, Аз хушбахтӣ комилтаринашро, Аз корҳо осонтаринашро, Аз хотираҳо фарохтаринашро, Аз ниёзҳои дунё ва охират ҳамонеро, ки Туро аз мо розӣ мегардонад, бароямон мусаххар бинамо!

•┈┈┈❁ ❁┈┈┈•

https://t.me/hidoyati_zanon
40 views10:47
Open / Comment
2021-08-30 12:08:31 ТАВСИЯҲО БАРОИ ТИҶОРАТКОРОН:

Фақеҳи бузург Абулайси Самарқандӣ (р.ъалайҳ) фармуд: “Касе, ки мехоҳад дастовардаш ҳалол ва пок бошад, бояд ба панҷ чиз диққат диҳад:
Ба хотири пул ба даст овардан, ягон фарзи Худоро ба таъхир нагузоштан ва ҳеҷ гоҳ дар онҳо камбудие нишон надодан.
Ҳеҷ махлуқи Худоро барои фоида наранҷонидан.
Мақсад аз фоида он аст, ки худи шахс ва оилааш ба одамон мӯҳтоҷ нашаванд, танҳо барои ғаразҳои дунявӣ молҳоро ҷамъ ва афзун накардан.
Барои ба даст овардани пул кореро, ки карданаш мушкилӣ ба бор меорад ва машаққати зиёд дорад, накардан.
Донистани он, ки ризқро Худованд медиҳад, аммо меҳнат низ боиси ризқ мегардад.
Хирадманде гуфт: “То он даме, ки дар тиҷораткор се хислати зерин мавҷуд набошад, вай дар дунё ва охират бенаво хоҳад буд:
Нигоҳ доштани забони худ аз ин се чиз; дурӯғ, сухани беҳуда ва қасамхӯрии зиёд.
Дилро аз ин се хислат пок нигоҳ доштан; фиреб кардани одамоне, ки ба ӯ эътимод доранд, хиёнат ва ҳасад.
Се хислати зеринро риоят кардан; намози ҷумъа ва намоз хондан бо ҷамоатро тарк накардан, илмҳои барои дин заруриро омӯхтан ва ризои Худоро аз ризояти махлуқот боло нигоҳ доштан."
79 views09:08
Open / Comment