🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 4

2022-07-12 21:06:55 Расули Акрам ﷺ фармуданд:

«لَا تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى تَظْهَرَ الْفِتَنُ، وَيَكْثُرَ الْكَذِبُ، وَتَتَقَارَبَ الْأَسْوَاقُ.»

"Қиёмат барпо намешавад то ин ки #фитнаҳо ошкор гардад, ва #дурӯғ бисёр шавад, ва #бозорҳо наздик гардад" [رواه احمد]

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед @hidoyati_zanon
9 views18:06
Open / Comment
2022-07-11 21:45:22 Абдуллоҳ ибни Муборак (р) мегӯяд:

Ба Суфёни Саврӣ (р) гуфтам:

"Абуҳанифа бениҳоят аз ғайбат дур аст, ман ҳеҷгоҳ нашунидаам ки ҳатто душманашро ғайбат карда бошад".

Суфён гуфт: "қасам ба Аллоҳ, Абӯҳанифа боҳуштар аз ин аст,ки касеро иҷозат бидиҳад то савобҳояшро бигирад"
Таърихи Бағдод
12 views18:45
Open / Comment
2022-07-09 19:40:57 Хуб ёд дошта бош...!

Ҳеҷ касе наметавонад бо чанд бор чат кардан ошиқи шумо шавад, ҳатто бо чанд моҳ ё чанд сол чат карданҳам наметавонад.


Ишқ чизе нест, ки ба ин содагӣ ва аз роҳи дурбин байни ду нафар муҳаббати ҳақиқи эҷод шавад.

Вақте ин бор дидед борони ишқи касе нозил шуд инро бидонед, ки ин борон рӯйи сари ҳазорон нафари дигар ҳам дар ҳоли боридан аст.

"Мутмаинанд шумо аввалин касе ва ё охирин касе нестед, ки ин қадар дар дунёи маҷози ӯ бо шумо ошно шудааст. Касе ки ба содагӣ ошиқи шумо шудааст ба содагӣ ошиқи хелеҳо низ мешавад"

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед @hidoyati_zanon
21 views16:40
Open / Comment
2022-07-09 08:59:56
اگر از زیبایی های حج از تو پرسیدند ؛

به آنها بگو

هزاران انسان با زبانهای مختلف ، از نژادهای متفاوت و از سرزمین های متعدد اینگونه شانه به شانه کنار هم فقط برای لبیک گفتن به دستور خالقشان گرد هم آمده اند!

آیا باشکوه نیست؟

ИД МУБОРАК ДУСТОНИ АЗИЗ АЛЛОҲИ МУТАОЛ АЗ МОВУ ШУМО ҚАБУЛ ГАРДОНАД.

•┈┈┈┈ ┈┈┈┈•

@hidoyati_zanon
20 views05:59
Open / Comment
2022-07-08 19:58:50 Аз ин 6 навъи Занон бипарҳезед.

Ба хотири ҳамин аст уламо мефармоянд:

Бо 6- навъи занон издивоҷ накунед.

Худатонро аз ин 6 навъи занон дур бигиред.

- 6 навъи аз занон сабаби мушкилот дар хона ва зиндагӣ ҳастанд.

- 6 - гурӯҳи занҳо сабаби талх кардани зиндагӣ барои мард ҳастанд.

Ба хотири ҳамин имрӯз агар занат яке аз ин сифоти шашгонаро дошта бошад, ба хотири Аллоҳ баргард ва ӯро насиҳат кун.

- Бигӯ: Эй зан ба хотири ризои Аллоҳ аз ин сифат даст бикаш, ки бо он маро озор доди.

Аввалин сиффат аз ин сифоти шашгона;

1) أنّانه - "Аннона"

- Худатро аз зане, ки ба ӯ Аннона гуфта мешавад дур нигаҳ дор. Анона ба зане гуфта мешавад, ки бисёр "Шикоят" мекунад ва худро ба бемори зада нола мекунад, ва ҳаргиз аз зиндагии худ рози нест.

2) المَنّانّه - "Маннона"

Зане, ки ба хотири коре ки мекунад бар шавҳараш миннат мекунад, ва мегӯяд; - Ман барои ту чунин ва чунон кардам. Зане, ки бар шавҳараш миннат мегузорад ва ба ӯ мегӯяд; - Ту чи ҳасти? То вақте занат шудам чизе надошти. Ман туро соҳиб мол ва пул кардам. Аммо гоҳе по фаротар мегузорад ва бо як беодоби ба шавҳараш мегӯяд: Ман будам, ки туро мард кардам.

3) الحنًانه - "Ал Ҳаннона"

Зане, ки ба мардони дигар аз ҷумла хешовандон ва наздикони худ, тамоюл дошта ва меҳр меварзад. Зане, ки доиман дар мавриди марди дигаре ҳарф мезанад. Фалон касро диди барои ҳамсараш чи кор мекунад? фалон мардро диди чи кор мекунад? Мардони гузашта чунин ва чунон мекарданд. Ва агар зан шавҳари дувум карда бошад, аз шавҳари аввал ҳарф мезанад мисле ки ӯ хушахлоқ буд ӯ барои ин коро мекард ӯ бароям инро мехарид ӯ бароям тамоми коро мекард. Ин гуна зан бадбахт аст вале худ хабар надорад ва эй бародарам аз ин гуна занҳо дур бош. Зеро марди ҳақиқи аз ин гуна ҳарфҳои зан шикаста мешавад ва аз дарун таманнои марг мекунад.

4) البرَّاقه - "Барроқа"
Барроқа - зане, ки бештари вақти худро сарфи ороиш ва зебои худ карда, ва дар ороиш зиёдаравӣ мекунад. Шабу рӯз дар назди Ойина аст ки хона ва фарзандонашро раҳо кардааст.

5. الحدّاقه - Ал ҳаддоқа

Зане, ки ҳар чизеро мебинад онро орзу карда ва шавҳарашро ба сахти андохта ва беш аз тавонаш аз ӯ интизор дорад. Чашмаш ҳарчиро бубинад онро талаб мекунад ва ба шавҳараш фармон медиҳад, ки бояд ҳатман онро барояш бихарад ҳато агар шавҳараш онро қарз кунад. Агар шавҳараш онро қарз кунад ва ё бо пули ҳаром бихарад барояш муҳим нест.

6) شدَّاقه - "Саддоқа"
Зане, ки дар мавриди чизҳое, ки иртибот ба ӯ надорад бисёр ҳарф мезанад ва суол мекунад ва суханони беҳудаи бисёр мекунад. Зане ки бисёр ҳарф мезанад ва шабу рӯз сари шавҳарашро бо зиёд ҳарф задан бибарад ин шаш зан сабаби нороҳати мушкилоти зиндаги барои шавҳараш аст.

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед @hidoyati_zanon
21 views16:58
Open / Comment
2022-07-06 21:27:53 Ҳасани Басрӣ мегуяд

"Савганд ба Худо, агар мард ҳамеша ба зани худ дар ҳар чизе ки хоҳад, итоат кунад, пас Худои Қодир ӯро ба ҷаҳаннам андозад!"

Аҳмад дар зуҳд, 5/45; Абу Нуайм дар ал-Хиля, 6/198.

ҲИДОЯТИ ЗАНОН

•┈┈┈•• ❁ ❁ ••┈┈┈┈•

https://t.me/hidoyati_zanon
25 views18:27
Open / Comment
2022-07-05 00:51:09
#Фарзанди_Китоб

Марде рӯзе аз ҳамсари ҳомилааш хост, ки китобе аз китобхона барояш биёварад ва занро вазъи зоймон ба ӯ рӯй овард. Ва ӯ писарашро дар миёни китобҳо ба дунё овард, пас мардум ӯро фарзанди китоб номиданд!

Аҷиб ин ҷост, ки "Фарзанди китоб" Вақте бузург шуд аз уламои бузурги замони худ гашт ва китобҳое таълиф намудаи ӯ ба ҳудуди 600 китоб расид, ки дар бисёри аз шохаҳои тафсир, ҳадис, таърих, нақшаҳо, тарҷумаҳо, шарҳи ҳол ва аҳволи аҳли байт мебошад. Ва ҳамчунин шеър ва одоб... Хулоса дар шохае нест ки ӯ дар он ба навиштан напардохта бошад.

Ӯ олим, имом, муфассир, муҳаддис, фақеҳ Ҷалолудини Суюти رحمه الله аст.


Нусхабардорӣ бе зикри номи гурӯҳ ва линки он дур аз ахлоқи исломӣ ва вайронкунии қоидаҳои расонаӣ мебошад.
ابو أسماء

•┈┈┈┈┈┈ ┈┈┈┈┈┈•

Дӯстони худро ба саҳифаи мо даъват кунед @hidoyati_zanon
32 views21:51
Open / Comment
2022-07-04 11:37:24 _ Замони зиёде гузашт то фаҳмидам он чизе, ки мехоҳем намешавад....
_ Фаҳмидам касе, ки дар нигоҳи аввал азаш бадат меояд як рӯз мешавад самимитарин дӯстат...
_ Фаҳмидам бетафовути бузургтарин интиқом аст....
_ Танаффур як навъ ишқ аст....
_ Ғурур бузургтарин душман аст....
_ Фаҳмидам Худо беҳтарин дуст аст ....
_ Фаҳмидам Саломати болотарин сарват аст...
_ Фаҳмидам осоиш беҳтарин неъмат аст....
_ Фаҳмидам " рафтан" ҳамеша аз рӯйи нафрат нест....
_ Фаҳмидам ҳар, ки забонаш нарм аст, дилаш гарм нест...
_ Фаҳмидам ҳар,ки механдад, бидуни дард ва ғам нест....
_ Фаҳмидам зоҳир далеле бар Ботин нест ....
_ Фаҳмидам хеле мавқеъҳо хостаҳот ҳатто ба гиря ва илтимос анҷом шудани нест....
_ Фаҳмидам гоҳо вақт самимитарин касат мешавад ғарибтарин одами дунё....
47 views08:37
Open / Comment
2022-07-03 17:40:00 Ман ҳақиқатро фақат як бор дидам,
Лаҳзае, ки Шӯравӣ пошида буд.
Он замон аз чеҳраи ҳар пардадоре
Ҳамчу дар барзах
Ниқоб афтода буд.
Ман шариатро фақат як бор дидам.
Лаҳзае, ки як муаллим
Дар замони Шӯравӣ
Пинҳон намози хешро мехонд.
Ман тариқатро фақат як бор дидам
Лаҳзае, ки як гадо дар мулки афғон
Ниманонашро
Бо муҳоҷирҳои тоҷик кард тақсим.
Баъд аз он хобида будам
Чун шудам бедор
Сояамро дида бар девор
Хешро нашнохтам дигар.
Одаму олам ҳама бегона буд,
Сояам ҳатто фирорӣ буд.
Аз қафояш медавидам дар ба дар,
Ман ҳақиқатро намеёбам дигар
Дар суроғаш
То кунун овораам бо чашми тар.
Ман ҳақиқатро намеёбам дигар!
(Беҳрӯз Забеҳулло)
53 views14:40
Open / Comment
2022-07-02 17:03:52 Шоҳ дар як рузи сарди зимистон аз қаср берун мешавад ногоҳ чашмаш ба як посбоне ки либосаш тунук буд меафта шоҳ мебинад ки меларзаду сир бой намедиҳад дар назди шоҳ.

Шоҳ бар каср мераваду мегуяд ба ун посбон ки бароят либоси гарм миёрам шоҳ рафт аз паси кораш шуда посбон аёдаш баромад баъди чанде шунид посбон мурдаст шоҳ омад дид ки посбон номае навистааст ки "ман аз хунуки не аз интизори ваъда ҷон додам"

АЗИЗОН ИНТИЗОРИ ВАЪДА КАШИДАН САХТ АСТ АГАР ЯҚУБ МЕДОНИСТ КИ ЮСУФ МУРДААСТ АЗОБ НАМЕКАШИД ИТИЗОРИ ЮСУФ ЯҚУБРО РАНҶ ДОД.
49 views14:03
Open / Comment