Get Mystery Box with random crypto!

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 7

2021-08-30 12:08:03
62 views09:08
Open / Comment
2021-08-30 07:35:39 Ҳазрати одам панҷ васият ба фарзандаш Шис кард ва дастур дод ӯ низ ин васиятҳоро ба фарзандаш бигӯяд.

1. Ба дунё мутмаин нашавед, ки ман ба биҳишти ҷовид итминон ёфтам, Худо ин итминонро написандид ва берунам кард.

2. Ба ройи ( фикри) занон рафтор накунед, ки ман ба майли зан амал кардам ва аз дарахт хӯрдам ва пушаймон шудам.

3. Ҳар коре, ки мехоҳед бикунед аввал оқибаташро бингаред, ки ман агар оқибатандешӣ карда будам, ба ин мусибат дучор намешудам.

4. Кореро, ки дил дар анҷомаш ором надорад накунед, ки ман ҳангоми хӯрдан аз он дарахт дилам меларзид, аммо эътино накардам, хӯрдам ва пушаймон шудам.

5. Дар корҳо машварат кунед, агар ман бо малоика машварат мекардам гирифтор намешудам....(?)

71 views04:35
Open / Comment
2021-08-26 17:30:12
Ин парандаи Абобил аст. Бо ҳамин намуд паранда Аллоҳ душманаш Абраҳаро (Абраха шохн буд ки 50 сол пеш аз Тавалуди Паёмбар(с) мехост хонаи Каъбаро вайрон кунад) ҳалок кард қати лашкарҳояш
117 views14:30
Open / Comment
2021-08-25 21:47:14 ИН УММАТИ МАН БА САБАБИ ПАНҶ АМАЛ ХАЛОК ХОҲАД ШУД

Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

«Вакте, ки дар умматам панҷ амал шурӯъ шавад, эшон ҳалок хоҳанд шуд:

АВВАЛ: — бо якдигар лаънат гуфтан.
ДУЮМ; — бо касрат ва фаврат шароб хӯрдан.
СЕЮМ; — либоси абрешимӣ пӯшидан.
ЧОРУМ: — зиёд шудан ва ҷамъ шудани навозандагон.
ПАНҶУМ; — мард аз мард ва зан аз зан хоҳиши худро пурра кардан, яъне лавотат ва масоҳақат.
110 views18:47
Open / Comment
2021-08-25 18:29:15 ФАРҚ БАЙНИ МУСАЛМОНИ ВОҚЕӢ ВА ИФРОТГАРО.

МУСАЛМОНИ ВОҚЕӢ - ба имони худ машғул аст.
ИФРОТГАРО - ба имони дигарон машғул аст.

МУСАЛМОНИ ВОҚЕӢ -талош мекунад худ ва дигаронро ба биҳишт барад.
ИФРОТГАРО - талош мекунад исбот кунад дигаре ба ҷаҳаннум меравад.

МУСАЛМОНИ ВОҚЕӢ - ба дунболи узри дигарон аст то аз лағзишҳои онҳо даргузарад.
ИФРОТГАРО - ба дунболи хатои дигарон аст то битавонад онҳоро муҷозот кунад.
89 views15:29
Open / Comment
2021-08-24 12:21:07 Қиссаи хар

Харе ба дарахт баста буд, шайтон омаду харро раҳо кард ва хар вориди мазраъаи ҳамсоя шуд ва тарру хушк ҳамаро хурд, соҳибхоназан, вақте харро дар ҳоли хурдани савзаҷот дид, тӯфангро гирифту харро парронд,вақте соҳиби хар инро шунид, омаду занро кушт, шавҳари зан, вақте ҷасади хунини занашро дид, аз ғазаб соҳиби харро кӯшт...
Вақте аз шайтон пурсиданд, ки чаро ин корро кардӣ, шайтон гуфт:
- Ман коре накардам, танҳо харро раҳо кардам!

Воқеъан, барои як ҷомеъаро хароб кардан, кофист, ки як харро раҳо куни...
120 views09:21
Open / Comment
2021-08-22 18:41:53 Эътироф ва иқрори ҷинҳо, ки онро яке аз роқиҳо нақл мекунад:

1: Ёди Аллоҳ таъоло мадади сеҳрҳои берунаро қатъ мекунад.

2: Сураи Бақара моро мағлуб мекунад ва месӯзонад.

3: Мо наметавонем дохили ҳуҷрае шавем, ки дари он бо "Бисмиллоҳ" қулф карда шуда бошад.

4: Мо ба оби хунук тоб оварда наметавонем, зеро он моро ба ҳайрат ва тааҷҷуб меорад.

5: Шахси мӯъмин покдил ва Худотарс аст, Аллоҳро аз таҳти дил мепарастад, ки аз қалбаш нур мебарояд ва он нур тамоми баданашро комилан иҳота мекунад. Пас мо наметавонем ӯро шикаст диҳем, мо аз он метарсем, ки нури ӯ моро месӯзонад.

6: Иқрор шудани ҷинҳо, ки дар вақти хондани руқя ба онҳо таъсир мерасонад. Мегӯяд, ки аз таҳти дил хондани Қуръон ба мо таъсир мерасонад.

7: Зикри "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ало кулли шайън қадир", яъне, "ҳеҷ маъбуде ҷуз Аллоҳ нест, ягона аст ва шарике надорад, подшоҳӣ ​​ва ситоиш аз они Ӯст, ​​ва Ӯ ба ҳар кор Тавоност".
Агар инро 100 маротиба хонед, нур шуморо иҳота мекунад.

8: Ҳайкалҳо ва расмҳои овезон дар хонаҳо барои мо диққатҷалбкунанда ва шавқовар аст, зеро онҳо дорои неру ва қувва ҳастанд, ки мо ба сабаби онҳо пурқувват мешавем.

9: Мо шуморо васваса мекунем, то намозҳоро таъхир кунед, хусусан намози фаҷр, аср ва шом. Ва ҳам шуморо аз зикрҳо парешон мекунем, то битавонем ба шумо сеҳрро дохил кунем.

10: Мо дар ҷойҳое, ки мардум рақс, суруд ва мусиқӣ менавозанд, ҳозир мешавем. Барои он, ки бо суруду мусиқӣ мо қувват мегирем.

11: Агар мо дастҳои худро бар пешониатон гузорем, пас он шахс мувофиқи ирода ва хоҳиши мо роҳ мегардад.

12: Фариштагон дар остонаи хонаҳое, ки Қуръон тиловат карда мешавад ва дар он зикри Аллоҳ шудааст, меистанд. Аммо мо бошем, наметавонем дохили хона шавем.

13: Кори хайр ва нек ба мо таъсир расонда моро мағлуб мекунад.

14: Мо наметавонем шуморо бубинем, агар пеш аз даромадан ба ҳоҷатхона бигӯед: (Аллоҳумма инни аъузу бика минал хубси вал хабоиси).

15: Агар дар вақти воҳима ва тарси сахт "Аъузу биллоҳи минаш шайтонир" гӯед, шумо моро аз дохил шудан ба баданатон боз медоред.

16: Садақа ва хайроти шумо моро бисёр азоб медиҳад.

17: Намози шаб моро заиф карда азоб медиҳад.

18: Мо аз бӯйи нохӯш ва бад қувват мегирем ва аз покии бадан ва таҳорат заиф мешавем.

19: Дуо моро бисёр месӯзонад ва нобуд мекунад.

20: Дар ҳар коре, ки мардум аз Аллоҳ таъоло кӯмак пурсидаанд, мо наметавонем ба онҳо таъсир расонем.

21: Мо дар рӯзи Ҷумъа заиф ҳастем.

22: Имони пурқувват ва яқину боварӣ моро хеле мағлуб мекунад.

23: Хӯрдани хурмо ва сиёҳдона қуввати моро суст мекунад.

24: Мо аз бӯйҳои хӯш, ба мисли бӯйи миск нафрат дорем.

25: Мо дар моҳи шарифи Рамазон хеле заиф мешавем.

26: Сураи Залзала сеҳри пошида ва дафншударо ботил ва нобуд мекунад.

Агар шумо хонданро ба охир расондед, пас аз худ чизе гузоред ва ё дар зери он Истиғфор ва ё Субҳоналлоҳ бинависед, то барои шумо низ аҷру савоб бошад.
128 views15:41
Open / Comment
2021-08-21 00:03:54 Шоҳ дар як рузи сарди зимистон аз қаср берун мешавад ногоҳ чашмаш ба як посбоне ки либосаш тунук буд меафта шоҳ мебинад ки меларзаду сир бой намедиҳад дар назди шоҳ.

Шоҳ бар каср мераваду мегуяд ба ун посбон ки бароят либоси гарм миёрам шоҳ рафт аз паси кораш шуда посбон аёдаш баромад баъди чанде шунид посбон мурдаст шоҳ омад дид ки посбон номае навистааст ки "ман аз хунуки не аз интизори ваъда ҷон додам"

АЗИЗОН ИНТИЗОРИ ВАЪДА КАШИДАН САХТ АСТ АГАР ЯҚУБ МЕДОНИСТ КИ ЮСУФ МУРДААСТ АЗОБ НАМЕКАШИД ИТИЗОРИ ЮСУФ ЯҚУБРО РАНҶ ДОД.
132 views21:03
Open / Comment
2021-08-18 18:12:04 Фарқ байни таассуб дар мазҳаб ва пойбанд будан дар мазҳаб

Аллома Ибни Обидини Ҳанафӣ дар "Уқудуд-дур-рийяҳ фӣ танқиҳил-фатово ал-ҳомидийя" мегӯяд:

قال فخر الإسلام لما سئل عن التعصب قال:
الصلابة في المذهب واجبة،
والتعصب لا يجوز .
والصلابة أن يعمل بما هو مذهبه ويراه حقا وصوابا،
والتعصب السفاهة، والجفاء في صاحب المذهب الآخر وما يرجع إلى نقصه ولا يجوز ذلك فإن أئمة المسلمين كانوا في طلب الحق وهم على الصواب.

- Вақте аз Фахрул Ислом (Баздавӣ) дар бораи таассуб пурсида шуд фармуд:

"Салобат ва пойбанд будан дар мазҳаб лозим аст ва таассуб ҷоиз нест.

Салобат ва пойбанд будан инаст, ки ба ончи дар мазҳабаш ҳаст амал кунаду онро ҳақ ва саҳеҳу дуруст донад.

Таассуб иборат аст аз нодонӣ ва хушку холӣ будан ва ҷафо намудан бар мазҳаби дигаре ва ноқис донистан он.

Ва ин (таассуб) ҷоиз нест, зеро пешвоёни мусалмонон (уламои аҳли суннат) ҳамагӣ дар талаби ҳақ буданд ва онҳо бар равиши саҳеҳ буданд"
(Уқудуд-дур-рийяҳ фӣ танқиҳил-фатово ал-ҳомидийя" ҷ2 саҳ:233)

Натиҷа:

1. Пайравони мазоҳиби чаҳоргона ки ҳар яке аз фиқҳи мазҳаби худ пайравӣ намуда ҳамдигарро ҳақ медонанд инро "Салобат - пойбанд будан ба мазҳаб - гӯянд" ки мақбул асту лозим!

2. Аммо пас аз 13 - аср баъзеҳо зуҳур кардаву танҳо худ ва бардошти шайхҳои худро ҳақ медонанду тарафи муқобилро ноқису ноҳақ ва касе мувофиқи бардошти онҳо амал накунад ӯро баъзан гумроҳ медонанд инро мегӯянд "ТААССУБ"!.
****
Аллоҳ Таъоло моро аз таассуб раҳоӣ бахшаду салобатро насибамон кунад!

•┈┈┈❁ ❁┈┈┈•

https://t.me/hidoyati_zanon
113 views15:12
Open / Comment