Get Mystery Box with random crypto!

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 9

2021-06-24 22:05:33 Эй холиқи арзу само, эй розиқи шоҳу гадо,

Кардам басе ҷурму гуноҳ, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Кардам гуноҳи беадад, донам, ки бад кардам чӣ бад,

Ин аст вирдам, эй Аҳад, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Чандон, ки кардам тавбаҳо собит нагаштам бар вафо,

Зин феъли бад, эй Подшоҳ, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Дар ҳубби дунё рўзу шаб саргаштаам андар талаб,

Ё Раб макун бар ман ғазаб, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.

Дорӣ, ки то ҷон дар бадан ноҳақ забон андар даҳан,

Ҳар дам бигў мискин Фарид, астағфиру-л-Лоҳа-л-азим.
15 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 19:05
Open / Comment
2021-06-21 23:37:42 МАҶБУР КАРДАНИ ЗАН БА НИКОҲЕ,КИ НАМЕХОҲАД

Ба дурустӣ, ки Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ў риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ў намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ў кардааст.

Ибни Асокир аз Амири мўъминон Алӣ (а) нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳадисе нақл карда, ки фармуданд:

«Касе ҷуз инсонҳои бузургвор занҳоро икром намекунад ва иҳонаткунанда ба зан касе ҷуз инсони паст ва фурўмоя намебошад»

Пайғамбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дини мустаҳкам ва оини пур меҳру муҳаббат овард ва зулми мардҳо нисбат ба занҳоро аз миён бардошт ва иҳонатҳои онҳо нисбат ба занҳоро решакан намуд.

Бузургии занро ҳифз намуд, чун ҳаққи ўро дар интихоб намудани ҳамсаре, ки муносиби ў бошад ва зан дар канори ў оромиши дарунӣ дошта бошад, озод гузошт.

Пас, дар издивоҷ ҳаргиз маҷбур нахоҳад буд ва бе ризоят ва майлу рағбати воқеӣ (на зоҳирӣ) ҳеҷ издивоҷе эътибор надорад ва ботил аст.

Ва чӣ зебо фармуд Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам):

«Занон ихтиёрдори худ ҳастанд ва духтарон бояд дар мавриди издивоҷ аз худи онҳо низ ризоят гирифта шавад (онҳо дар издивоҷ маҷбур карда нашаванд) ва албатта иҷозат ва ризояти ў бо сукут низ маълум мешавад»

Аммо вақте зани бева бо сароҳат пешниҳоди хостгорро рад кард ва духтари бикр ба ҷазаъ афтод ва ё ба тариқе норизоятии худро изҳор намуд, дигар онҳоро маҷбуран ба никоҳ бароварда намешавад. Ин ибора ба ду маъно далолат мекунад:
1) Аввал - ин ки бе иҷоб ва қабули он (зан)-ҳо – бе бахшидани тану нафс ва қабули мард ба шавҳарӣ никоҳ дуруст намегардад.
Б) Дуввум - агар онҳо ба гуфтани лафзи иҷоб ва бахшидани тану нафси худ маҷбур сохта шаванд ва дар зери фишор ба он розӣ шаванд, дар ин сурат дар назди бузургони мазҳаби ҳанафӣ никоҳ шаръан дуруст мегардад, вале зан ҳаққи муроҷиат ба додгоҳ ва талаби фасхи (бекор кардан)-и онро дорад.

Тавсияи ислом дар ин ҳолат, бо вуҷуди дуруст гардидани никоҳ, он аст, ки ба ирода ва тасмими зан арҷ ниҳода шавад ва аз чунин васлатҳои маҷбурӣ худдорӣ ба амал ояд. Зеро эҳтимоли бурузи хушунат ва ҳаводиси ғайри-чашмдошт дар чунин издивоҷҳо дар ҳар лаҳза вуҷуд дорад ва илова бар ин, чунин пайвандҳои заношавҳарӣ аз хайру баракат ва муҳаббатҳои дуҷониба низ холӣ мебошанд.

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуд:

«Бо духтарони бокира издивоҷ кунед, ки покизатар ва поктару оростатар ҳастанд»

Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки духтари бикре ба расули Худо (с) шикоят кард, ки падараш ўро ба никоҳ баровардааст, дар ҳоле ки онро намехоҳад. Паёмбар (с) ихтиёри ўро ба дасти худаш дод.
Сунани Абўдовуд 2096
Ибни Моҷа 1875

Ҳамчунин ривоят шудааст, ки шавҳари Хансо бинти Хизоми Ансорӣ Унайс ибни Қатода дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид. Пас аз он падараш ўро ба марде аз банӣ Авф ба шавҳар дод. Хансо он мардро бад дид ва ба Абўлубоба ибни Абдулмунзир аз худ тамоюл нишон дод ва амри худро ба расули Худо (с) бардошт. Расули Худо (с) ба падараш амр кард, ки ўро ба касе, ки дўст медорад, бидиҳад. Вай пас аз он ба Абўлубоба издивоҷ намуд.
Саҳеҳи Бухорӣ 5138
Сунани Абўдовуд 2101
Сунани Насоӣ 3268
Сунани Ибни Моҷа 1873

Бинобар ин, назари шаръ дар ин маврид он аст, ки ҳангоми хостгорӣ падар ва ё дигар сарпарастони зан дар бораи марди хостгор ва барпо намудани оила бо вай машварат намоянд ва назари ўро дар ин бора ҷўѐ шаванд ва тасмими ниҳоии ўро ба даст оваранд. Зани бева ва шавҳардида бояд бо сароҳат назар ва тасмими худро эълон намояд ва духтари бикр агар пас аз машварат ва пурсидан сукут кард ва хомўш истод, он аломати ризои ўст ва ҳамин кифоя аст.

•┈┈┈•• ❁ ❁ ••┈┈┈┈•

https://t.me/hidoyati_zanon
60 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 20:37
Open / Comment
2021-06-21 22:23:07 Мол барои зиндагӣ кардан аст, на зиндагӣ барои ҷамъоварии мол.

- Зистани ҳайвон барои хўрдан аст,

- Хўрдани инсон барои зистан аст.
65 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 19:23
Open / Comment
2021-06-17 15:38:29 Дар яке зиндони Олмон солҳои 60 - ум маҳбусон аз бераҳмии посбонон ва бадрафтории шадид азият мекашиданд.
Дар байни маҳбусон як маҳбусе бо номи Шмидс буд, ки ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум шудааст, аммо ин маҳбус аз имтиёзҳои хуб ва аз эҳтироми посбонон бархурдор буд, ки ин маҳбусони боқимондаро боварӣ мебахшид, ки ӯ дар байни онҳо мисли ҷосус ҷойгир карда шудааст. Шмидс ба онҳо қасам мехӯрд, ки мисли онҳо як маҳбус аст ва ба ҳеҷ хадамоти махсус иртибот надорад. Касе ба ӯ бовар намекард, бинобар ин маҳбусон пурсон шуданд:
- Мо мехоҳем бидонем, ки чаро посбонони зиндон бо Шумо муносибати дигар доранд?
Шмидс ба онҳо нигариста гуфт:
- Хуб, бигӯед, ки Шумо дар номаи ҳафтаина ба хешовандонатон чӣ менависед?
Ҳама гуфтанд:
- Мо дар номаҳои худ оид ба бераҳмии зиндон, беадолати ёдовар мешавем, ки дар ин ҷо аз дасти ин посбонони лаъин азият мекашем.
Шмидс бо табассум ба онҳо нигариста гуфт:
- Ҳар ҳафта ман ба ҳамсарам мактуб менависам, дар сатрҳои охир бартариҳои зиндон, доир ба посбонон ва муносибати хуби онҳо бо ман ва дигарон дар ин ҷо зикр мекунам, ҳатто баъзан номи баъзе аз посбонони зиндонро бо хислатҳои хубашон меорам.
Баъзе аз маҳбусон бо ҳиссиёти ҳайрат зада гуфтанд:
- Ин ҳама дар бораи имтиёзҳое, ки Шумо дар номаатон мегӯед, аммо дар асл чунин нест, чаро ҳақиқатро намегуед?
Шмидс гуфт:
- Мактубҳои мо зиндонро тарк намекунад, то посбонон онҳоро нахонанд?
Ҳафтаи нав шурӯъ гардид маҳбусон дар ҳайрат монданд, ки ҳама посбонони маҳбас муносибати худро ба маҳбусон бадтар карданд ҳатто Шмидс ҳамроҳи онҳо буд ва ба таъқиботи бераҳмонатарин гирифтор шуд.
Пас аз чанд рӯз Шмидс аз баъзе маҳбусон пурсид:
- Шумо дар номаҳои ҳафтаина гузашта чӣ навиштед?
Маҳбусон гуфтанд:
- Мо навиштем, ки Шмидс ба мо роҳи нави фиреб додани посбонони лаъинро омӯхт ва сазовори боварӣ ва розигии онҳо шуд!
Дар ин замон Шмидс бо дард ба рухсораҳояш зарба зад ва дастони худро мисли девона ба рӯйи худ кашида, нишаст...

__Кумак расонидан ба дигарон хуб аст ва беҳтар аст бидонед, ки бо кӣ суҳбат мекунед... на ҳар шунаванда мураббӣ ва нигаҳбони сирр аст... бархе аз атрофиён метавонанд вобаста ба вазъ рафтори худро тағйир диҳанд...
-Аз ҳад зиёд озод нашавед, зеро Шумо намедонед, вақте гӯш мекунанд, хиёнат мекунанд.
43 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 12:38
Open / Comment
2021-06-17 13:41:33 - Ки ман зи ранҷи дунё мекашам аз баҳри дидораш - Вагарна ин ба як дам базми ҷон кандан намеарзад.
44 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 10:41
Open / Comment
2021-06-17 06:38:42 Ба саг гуфтам бигир ришват, бигуфто аз Худо тарсам,

Бигуфтам пул ба даст овар, бигуфт аз нораво тарсам.

Бигуфтам эй саги нодон, чаро метарсӣ аз ришват,

Бигуфт дар рӯзи растохез, зи ашки он гадо тарсам.

Бигуфтам эй саги тарсу, чӣ медонӣ зи растохез,

Бигуфт махлуқи он Зотам, ман аз рӯзи ҷазо тарсам.

Бигуфтам қасрҳо дорад нигар, инсони ришватхӯр,

Бигуфто вожагун гардад ба боде, аз паноҳ тарсам.

Ҳамин як устухонеро зи мардум бо ризо хоҳам,

Сагам, аммо ҳамин донам, зи моли норизо тарсам.

Паёми ман зи номи саг ба ҳар инсони ришватхӯр,

Ба худ гӯяд намегирам, зи Зоти кибриё тарсам.
9 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 03:38
Open / Comment