🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 13

2021-05-15 21:17:39 Имом Аҳмад аз Яъло писари Мурра ривоят мекунад:

- Зане назди расули Худо омад дар ҳоле, ки фарзанди хурдсолаш, ки бемор буд (ҷинзада шуда буд) ҳамроҳи худ оварда буд, онгоҳ расули Худо фармуд:

«Берун шав эй душмани Худо, ман расули Аллоҳ ҳастам» дар натиҷа он кудак шифо ёфт"
Муснади Аҳмад (4/172,171).

Ва дар баъзе аз алфози ин ҳадис омадааст:

"Мо ҳамроҳи расули Худо дар сафар будем, онгоҳ занеро дидем, ки нишаста аст ва кудаке ҳамроҳаш буд, пас гуфт: Эй расули Худо: Ба ин кудак бало расида аст ва ба хотири балои ӯ моҳам дар бало ҳастем, ва дар шабона рӯз намедонем ӯро мегирад, расули Худо фармуд: "Кудакро ба ман бидеҳ" онгоҳ он зан кудакро баланд кард ва ба расули Худо дод. Ва расули Худо кудакро дар миёни худ ва полони шутураш қарор дод, сипас даҳонашро боз кард ва себор дар он дамид ва фармуданд:

سم جالله إن عبد جالله، وقصى عدو جالله

Онгоҳ кудакро ба модараш баргардонд. Ва фармуд:

«Дар ҳангоми баргаштан дар инҷо моро мулоқот кун ва моро аз ҳоли ӯ бо хабар соз».
Яъло писари Мурра мегӯяд: Пас мо рафтем ва дар бозгашт он занро дар онҷо дидем, ки бо худаш се гусфанд дорад.

Расули Худо (с) фармуданд: "Кудакат чигуна аст?" Гуфт: "Қасам ба он зоте, ки туро ба ҳақ офарида аст, то ин лаҳза чизе дар ӯ надидаем, ва ин гусфандҳоро бардоред, расули Худо ба ман фармуд: «Поён биё ва якеро бардор ва бақияро ба ӯ баргардон»

Ин хадисхо далел бар он аст, ки кудаке ки зиёд гиря мекунад ё чизе уро озор медихад ё ба холати ногувор гирифтор мешавад эхтимоли озори шайтон аст ва бехтар аст, ки дуохони карда шавад!
88 views18:17
Open / Comment
2021-05-12 21:52:15 ТАФСИРИ ОСОНБАЁН .
ТАФСИРИ ОСОНБАЁН. ДАР ШАКЛИ АУДИОӢ .

Сураи Аъроф ояти 204.

وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ ﴿٢٠٤﴾

204. Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, шояд шомили раҳмати АЛЛОҲ шавед!
https://t.me/tafsiri_osonbayon
49 views18:52
Open / Comment
2021-05-10 17:53:21 Мегаи Ислом каналхои исломиро ба пешкаши шумо мегардонад.
40 views14:53
Open / Comment
2021-05-09 11:59:36 Муъҷизаҳои адади дар Қуръони Карим
 
  Имрузҳо олимони исломи кашф намуданд, ки Қуръони Карим аз ноҳияи адади дорои муъҷизаҳои аҷибе аст, ки барои каломи Худованд будани он далелҳои мустаҳкам мебошад. Қуръони карим китоби Худованди ягона дорои муъҷизаҳаи фаровоне аст, ки барои кашфи онҳо ақлу донишу тадаббур зарурат дорад. Он ақлу донише, ки нури Ислом барои истифодаи он тарғибу ташвиқҳои зиёде намудааст.

Зеро Худованди якто дар Қуръони Карим чунин фармудааст «Оё Қуръонро бо диққат мутолиа намекунед.?»

Пас касе ин китоби муъҷизаосоро бо диққат ва тадаббур мутолиа кунад бар ҳақиқатҳои шигифтовари он пай хоҳад бурд. Пай хоҳад бурд, ки Қуръон навиштаи махлуқ набуда, балки китобест танзимкунандаи тамоми шууни башарият дар ҳама асру замон, ки аз ҷониби Офаридгори ҷаҳони ҳасти фиристода шудааст.
 
Аз ҷумлаи муъҷизаҳои Қуръон ин муъҷизаҳои адади дар Қуръон аст. Аз муҳимтарин фоидаҳои таҳқиқот ва баррасии Қуръон ин аст, ки ба афроди шаккок ва бедин исбот мекунем, ки ин ҳар ҳарфе ки дар Қуръон аст, аз ҷониби Худованд аст. Ҳоло дар зер намунае аз муъҷизаҳои ададии Қуръонро зикр хоҳем кард ва боқи аз шумо мехоҳем ақлро ба кор баред ва фикр кунед.
 
. Як намунае аз муъҷизаҳои адади дар Қуръон ин аст, ки калимаи (شهر) яъне «моҳ» дар Қуръони Карим 12 бор ба теъдоди моҳҳои сол такрор шудааст.

. Калимаи  (يوم)   яъне «руз» дар Қуръон 360 бор мувофиқи рузҳои як сол такрор шудааст.

Касе мехоҳад барраси кунад марҳамат ба Қуръон муроҷиа кунад.  Диққат фармоед азизон! чи гуна Худованд дар китобаш калимаи «моҳ»-ро 12 бор ном бурдааст, ки ба теъдоди моҳҳо дар як сол баробар аст. Оё ин мувофиқат тасодуфи омадааст?  Ҳар касс, ки ин ояҳои Қуръонро бо тафаккур мехонад дар меёбад бисёр дорои як низоми аҷибест.
 
Бародарон! ба ин ояти аз Қуръони Карим таваҷҷуҳ кунед. Худованд фармудааст:
 
(قُلْ لَئِنِ اجْتَمَعَتِ الْإِنْسُ وَالْجِنُّ عَلَى أَنْ يَأْتُوا بِمِثْلِ هَذَا الْقُرْآَنِ لَا يَأْتُونَ بِمِثْلِهِ وَلَوْ كَانَ بَعْضُهُمْ لِبَعْضٍ ظَهِيرًا  ) سورة الإسراء : ۸۸ .
 
«Бигу, агар тамоми инсонҳо ва ҷиннҳо бо ҳам ҷамъ шаванд, то монанди ин Қуръонро биоваранд ҳаргиз монандашро нахоҳанд овард, ҳатто агар ҳама ҳамроҳ ва пуштибони ҳамдигар шаванд»
 
Диққат фармуда калимаҳои ин оятро бишуморед. Дар ин оят 19 калима аст ва 76 ҳарф. Боз аҳамият дода нигоҳ кунед дар ин оят фақат 19 ҳарф аз ҳарфҳои араби зикр гардидааст. Албатта ба истиснои такрор, ки он ҳарфҳо инҳоянд:
 
(ق ل ي ا ج ت م ع ن س و ب ث هـ ذ ر ك ض ظ )
 
Он чи назари моро ҷалб мекунад ин аст, ки мо дар баробари се навъ аз шаклҳои адади дар ин оят ҳастем. Он се навъ инхоянд:
 
1- Теъдоди калимаҳо дар ин оят =19 калима
 
2- Теъдоди ҳарфҳо дар ин оят = 76 ҳарф
 
3- Теъдоди ҳарфҳои истифода шуда аз алифбои араби ба истиснои такрор=19 ҳарф
 
Андеша кунед дустон, чаро Худованд ин теъдодро дар ин оят интихоб фармудааст ва чи иртиботе бо Қуръон дорад?!  

Зеро ин оят инсонҳо ва ҷинҳоро ба мубориза мехонад ва аз онҳое, ки мегуянд Қуръон навиштаи башар аст, талаб мекунад, ки монанди ин Қуръон биоваранд агар қудрат доранд. Ҳангоме, ки ин се шакли дар боло зикр шударо ҷамъ кунем баробар бо теъдоди сураҳои Қуръон мешавад. Масалан;
 
19+76+19=114 ки ин адади сураҳои Қуръон аст. Қуръони Карим ҳамаги аз 114 сура иборат аст. Субҳоналлоҳ! Оё ин нишонаи муъҷизаи  Қуръон нест. Оё имкон дорад, ки чунин коре тасодуфи бошад?
95 views08:59
Open / Comment
2021-05-04 17:02:31 "қасам ба он зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст", ин таъкид барои муҳим будани такрор ва аз назар гузаронии сураҳои ҳифзшудаи Қуръон мебошад.

3 - Аммо он чизе, ки аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу ) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд :

"Гуноҳони уммати ман бароям пешкаш карда шуданд, пас ягон гуноҳеро бузургтар аз гуноҳи марде, ки сура ё ояте аз Қуръонро аз ёд намуда, баъд аз он онро фаромӯш кардааст, наёфтаам".

Ин ҳадис заъиф мебошад, Бухорӣ ва Тирмизӣ ин ҳадисро заъиф шуморидаанд, ба китоби "Мишкоту-л-масобиҳ"-и таҳқиқи Албонӣ рақами (720) назар бикун.

Имом Ибни Мунодӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Муташобиҳу-л-Қуръон" (саҳ 52) чунин гуфтааст:
Гузаштагон, ҳамеша аз фаромӯш кардани Қуръон баъди ҳифз, метарсониданд, зеро ин инсонро нуқсондор мекунад.

Суютӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Итқон" (1106) гуфтааст:

Фаромӯш кардани Қуръон, аз гуноҳони кабира ба шумор меравад. Имом Нававӣ дар китоби "Ар-Равза" ва дигар уламо бо дарназардошти ҳадиси
"عُرِضَتْ عَلَيَّ ذُنُوبُ أُمَّتِي ".
"Гуноҳони умматонам бароям пешкаш карда шуданд", дар ин назаранд.

Яке аз афзалтарин чизе, ки ба пурқувват шудани ҳифзи Қуръон ёрӣ медиҳад, ин дар намоз тиловат намудани он аст, хусусан дар намози шаб, гузаштагон рӯзона Қуръон тиловат мекарданду, дар шаб бо он намоз мегузоштанд.

Бинобар ин, эй бародари саволдиҳанда, ҳарвақто, ки ту барои аз назар гузаронидан ва такрор кардани Қуръон кӯшиш намуда, гоҳо баъзеи онро фаромӯш кунӣ, ягон гуноҳе бароят нахоҳад буд. Ҳамаи мазаммату маломат бар касест, ки кӯтоҳиву сустӣ карда, онро аз даст бидиҳад ва такрорро тарк кунад. Аз Аллоҳ мепурсем, ки моро мағфират намояд.

Бор Илоҳо! Қуръони Азимро баҳори дили мо ва нури синаҳои мо ва хориҷкунандаи ғаму андуҳи мо бигардон.
Бор Илоҳо! Он чизеро аз он намедонем, ба мо таълим бидеҳ ва он чизеро аз он фаромӯш кардаем, ба мо ёдрас бикун, ҳароина Ту Шунавову Доноӣ.
❀•●°●• •●°●•❀
145 views14:02
Open / Comment
2021-05-04 17:02:30 Ҳукми фаромӯш кардани Қуръон:
.
Шакке нест, ки фаромӯш кардан, як сифати табиъӣ дар инсон аст. Инсонро ба хотири фаромӯшхотириаш, инсон номидаанд (яъне дар забони Арабӣ ҳарфҳои аслии калимаҳои "инсон" ва "нисён", яъне фаромӯшӣ як аст). Фаромушӣ дар инсонҳо гуногун мебошад, дар яке кам ва дар дигаре зиёд ва ин ба қувваи зеҳни инсон, ки Аллоҳ таъоло онро дар инсон гуногун халқ намудааст, вобастагӣ дорад.

Агар мусалмон Қуръони Каримро доимо такрор накунад ва он қисмеро, ки аз ёд намудааст доимо нахонад, аз ёдаш меравад.

Шояд, ин ҳикматҳои зиёде дошта бошад, аз ҷумла, санҷиш ва имтиҳони дили бандагон, то ки фарқ байни диле, ки ба Қуръон алоқаи қавӣ дошта онро доимо мехонад ва байни оне, ки танҳо ҳангоми аз ёд намудан ба он алоқамандӣ пайдо намуда, баъди он ҳимматаш суст шуда, аз он руй гардонда, онро фаромӯш менамояд, муайян созад.

Шояд яке аз ҳикматҳои он, нерӯ бахшидани ангезаи мусалмон барои бисёр тиловати Қуръон намудан бошад, то ки ба ҳар як ҳарфе, ки мехонад савоби бузург бигирад. Агар ӯ ҳифз карда фаромӯш намекард, ҳоҷат ба тиловати зиёд набуд, пас ӯ савоби батакрор ва доимо хонданро аз даст медод. Аз ин рӯ, тарси фаромӯш нашуданаш, туро водор месозад, ки ба тиловати Қуръон аҳамият бидиҳӣ, то ки савоби ту дар назди Парвардигорат зиёд бигардад ва барои ту ба ҳар як ҳарфе, ки мехонӣ, як некӯӣ нависта мешавад ва ба ҳар некӯӣ даҳ баробар савоб дода мешавад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳамеша қироат намудани Қуръон ташвиқ намудааст, аз тарси он, ки фаромӯш нашавад ва ҳамчунин ҳушдор додааст, ки нисбати ин амал бепарвоӣ накунанд, чигунае, ки дар ҳадисҳои зиёде омадааст, намунае аз онро инҷо зикр хоҳем кард:

1 – Бухорӣ аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

"Ҳофизи Қуръон монанди соҳиби шутури баста аст. Агар ба он аҳамият дода, нигоҳ карда истод, он дар наздаш хоҳад монд ва агар нигоҳ накард, аз ӯ хоҳад рафт".
Ривояти Бухорӣ (5031).

Чихеле, ки маълум аст, агар шутур аз дасти соҳибаш раҳо ёфта равад, онро танҳо баъд аз машаққати зиёд, метвон дубора ба даст овард, пас ҳофизи Қуръон низ агар ҳамеша такрор ва онро аз назар нагузаронад, аз ӯ раҳо мешавад ва бозгардонидани он машаққати бузургеро талаб хоҳад кард.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (9/79) дар шарҳи ин ҳадис чунин гуфтааст: То он даме, ки такрори онро ҳамеша ба худ лозим бигирад, ҳифзи ӯ боқӣ хоҳад монд, чигунае, ки шутур то он даме, ки бо банд басташуда аст, мавҷуд аст. Инҷо шутурро ба он хотир зикр намуд, ки он нисбат ба дигар ҳайвонот сахт мерамад ва баъди рамиданаш, ба даст овардани он хело мушкил аст.

2 – Муслим дар китоби "Саҳиҳ"-и худ, (790 ва 791) аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

"Ин Қуръонро ҳамеша бихонед, қасам ба он зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳаройина он, аз шутури дар банд буда ҳам сахтар раҳоёбанда аст".

3 – Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

"Чӣ қадар бад аст, вақте яке аз шумо мегӯяд, ки ман фалон ва фалон оятро фаромӯш кардаам, балки (бигӯяд) фаромӯш гардонида шуданд. Қуръонро ёдоварӣ бикунед, зеро ки он аз синаи мардон, аз ҳайвонот ҳам тезтар раҳоёбанда аст".
Саҳиҳи Бухорӣ (5032).

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар раҳимаҳуллоҳ дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (9/81) чунин гуфтааст:
Ибни Баттол гуфтааст, ки ин ҳадис ба ду оят мувофиқат мекунад:

1."Зеро мо ба зудӣ ба ту сухани вазнинеро нозил хоҳем кард". (Сураи Музаммил: 5).

2. "Мо Қуръонро барои ёдрасӣ осон сохтем". (Сураи Қамар: 17).

Пас шахсе, ки ба Қуръон рӯй оварда, онро ҳамеша хонад, ба ӯ он осон гардонида мешавад. Ва шахсе, ки аз он рӯй гардонад, аз ӯ раҳо хоҳад шуд.

Ин ҳадис аз тарси фаромӯш шудани Қуръон, бар давом такрор кардани сураҳои ҳифзшуда ва ба ҳамеша тиловат намудан, ташвиқ мекунад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин масъаларо ба он хотир овардааст, ки он дар равшани андохтани чизи дилхоҳ наздиктар аст. Чигунае, ки инро бо қасам таъкид намудаст:
وَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ.
108 views14:02
Open / Comment
2021-05-04 17:02:28 "қасам ба он зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст", ин таъкид барои муҳим будани такрор ва аз назар гузаронии сураҳои ҳифзшудаи Қуръон мебошад.

3 - Аммо он чизе, ки аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу ) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд :

"Гуноҳони уммати ман бароям пешкаш карда шуданд, пас ягон гуноҳеро бузургтар аз гуноҳи марде, ки сура ё ояте аз Қуръонро аз ёд намуда, баъд аз он онро фаромӯш кардааст, наёфтаам".

Ин ҳадис заъиф мебошад, Бухорӣ ва Тирмизӣ ин ҳадисро заъиф шуморидаанд, ба китоби "Мишкоту-л-масобиҳ"-и таҳқиқи Албонӣ рақами (720) назар бикун.

Имом Ибни Мунодӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Муташобиҳу-л-Қуръон" (саҳ 52) чунин гуфтааст:
Гузаштагон, ҳамеша аз фаромӯш кардани Қуръон баъди ҳифз, метарсониданд, зеро ин инсонро нуқсондор мекунад.

Суютӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) дар китоби "Ал-Итқон" (1106) гуфтааст:

Фаромӯш кардани Қуръон, аз гуноҳони кабира ба шумор меравад. Имом Нававӣ дар китоби "Ар-Равза" ва дигар уламо бо дарназардошти ҳадиси
"عُرِضَتْ عَلَيَّ ذُنُوبُ أُمَّتِي ".
"Гуноҳони умматонам бароям пешкаш карда шуданд", дар ин назаранд.

Яке аз афзалтарин чизе, ки ба пурқувват шудани ҳифзи Қуръон ёрӣ медиҳад, ин дар намоз тиловат намудани он аст, хусусан дар намози шаб, гузаштагон рӯзона Қуръон тиловат мекарданду, дар шаб бо он намоз мегузоштанд.

Бинобар ин, эй бародари саволдиҳанда, ҳарвақто, ки ту барои аз назар гузаронидан ва такрор кардани Қуръон кӯшиш намуда, гоҳо баъзеи онро фаромӯш кунӣ, ягон гуноҳе бароят нахоҳад буд. Ҳамаи мазаммату маломат бар касест, ки кӯтоҳиву сустӣ карда, онро аз даст бидиҳад ва такрорро тарк кунад. Аз Аллоҳ мепурсем, ки моро мағфират намояд.

Бор Илоҳо! Қуръони Азимро баҳори дили мо ва нури синаҳои мо ва хориҷкунандаи ғаму андуҳи мо бигардон.
Бор Илоҳо! Он чизеро аз он намедонем, ба мо таълим бидеҳ ва он чизеро аз он фаромӯш кардаем, ба мо ёдрас бикун, ҳароина Ту Шунавову Доноӣ.
❀•●°●• •●°●•❀
88 views14:02
Open / Comment
2021-05-04 17:02:27 Ҳукми фаромӯш кардани Қуръон:
.
Шакке нест, ки фаромӯш кардан, як сифати табиъӣ дар инсон аст. Инсонро ба хотири фаромӯшхотириаш, инсон номидаанд (яъне дар забони Арабӣ ҳарфҳои аслии калимаҳои "инсон" ва "нисён", яъне фаромӯшӣ як аст). Фаромушӣ дар инсонҳо гуногун мебошад, дар яке кам ва дар дигаре зиёд ва ин ба қувваи зеҳни инсон, ки Аллоҳ таъоло онро дар инсон гуногун халқ намудааст, вобастагӣ дорад.

Агар мусалмон Қуръони Каримро доимо такрор накунад ва он қисмеро, ки аз ёд намудааст доимо нахонад, аз ёдаш меравад.

Шояд, ин ҳикматҳои зиёде дошта бошад, аз ҷумла, санҷиш ва имтиҳони дили бандагон, то ки фарқ байни диле, ки ба Қуръон алоқаи қавӣ дошта онро доимо мехонад ва байни оне, ки танҳо ҳангоми аз ёд намудан ба он алоқамандӣ пайдо намуда, баъди он ҳимматаш суст шуда, аз он руй гардонда, онро фаромӯш менамояд, муайян созад.

Шояд яке аз ҳикматҳои он, нерӯ бахшидани ангезаи мусалмон барои бисёр тиловати Қуръон намудан бошад, то ки ба ҳар як ҳарфе, ки мехонад савоби бузург бигирад. Агар ӯ ҳифз карда фаромӯш намекард, ҳоҷат ба тиловати зиёд набуд, пас ӯ савоби батакрор ва доимо хонданро аз даст медод. Аз ин рӯ, тарси фаромӯш нашуданаш, туро водор месозад, ки ба тиловати Қуръон аҳамият бидиҳӣ, то ки савоби ту дар назди Парвардигорат зиёд бигардад ва барои ту ба ҳар як ҳарфе, ки мехонӣ, як некӯӣ нависта мешавад ва ба ҳар некӯӣ даҳ баробар савоб дода мешавад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҳамеша қироат намудани Қуръон ташвиқ намудааст, аз тарси он, ки фаромӯш нашавад ва ҳамчунин ҳушдор додааст, ки нисбати ин амал бепарвоӣ накунанд, чигунае, ки дар ҳадисҳои зиёде омадааст, намунае аз онро инҷо зикр хоҳем кард:

1 – Бухорӣ аз Ибни Умар (Аллоҳ аз он ду хушнуд бод) ривоят кардааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

"Ҳофизи Қуръон монанди соҳиби шутури баста аст. Агар ба он аҳамият дода, нигоҳ карда истод, он дар наздаш хоҳад монд ва агар нигоҳ накард, аз ӯ хоҳад рафт".
Ривояти Бухорӣ (5031).

Чихеле, ки маълум аст, агар шутур аз дасти соҳибаш раҳо ёфта равад, онро танҳо баъд аз машаққати зиёд, метвон дубора ба даст овард, пас ҳофизи Қуръон низ агар ҳамеша такрор ва онро аз назар нагузаронад, аз ӯ раҳо мешавад ва бозгардонидани он машаққати бузургеро талаб хоҳад кард.

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (9/79) дар шарҳи ин ҳадис чунин гуфтааст: То он даме, ки такрори онро ҳамеша ба худ лозим бигирад, ҳифзи ӯ боқӣ хоҳад монд, чигунае, ки шутур то он даме, ки бо банд басташуда аст, мавҷуд аст. Инҷо шутурро ба он хотир зикр намуд, ки он нисбат ба дигар ҳайвонот сахт мерамад ва баъди рамиданаш, ба даст овардани он хело мушкил аст.

2 – Муслим дар китоби "Саҳиҳ"-и худ, (790 ва 791) аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят кардааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

"Ин Қуръонро ҳамеша бихонед, қасам ба он зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти Ӯст, ҳаройина он, аз шутури дар банд буда ҳам сахтар раҳоёбанда аст".

3 – Бухорӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) аз Абдуллоҳ ривоят кардааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

"Чӣ қадар бад аст, вақте яке аз шумо мегӯяд, ки ман фалон ва фалон оятро фаромӯш кардаам, балки (бигӯяд) фаромӯш гардонида шуданд. Қуръонро ёдоварӣ бикунед, зеро ки он аз синаи мардон, аз ҳайвонот ҳам тезтар раҳоёбанда аст".
Саҳиҳи Бухорӣ (5032).

Ҳофиз Ибни Ҳаҷар раҳимаҳуллоҳ дар китоби "Фатҳу-л-борӣ" (9/81) чунин гуфтааст:
Ибни Баттол гуфтааст, ки ин ҳадис ба ду оят мувофиқат мекунад:

1."Зеро мо ба зудӣ ба ту сухани вазнинеро нозил хоҳем кард". (Сураи Музаммил: 5).

2. "Мо Қуръонро барои ёдрасӣ осон сохтем". (Сураи Қамар: 17).

Пас шахсе, ки ба Қуръон рӯй оварда, онро ҳамеша хонад, ба ӯ он осон гардонида мешавад. Ва шахсе, ки аз он рӯй гардонад, аз ӯ раҳо хоҳад шуд.

Ин ҳадис аз тарси фаромӯш шудани Қуръон, бар давом такрор кардани сураҳои ҳифзшуда ва ба ҳамеша тиловат намудан, ташвиқ мекунад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин масъаларо ба он хотир овардааст, ки он дар равшани андохтани чизи дилхоҳ наздиктар аст. Чигунае, ки инро бо қасам таъкид намудаст:
وَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ.
117 views14:02
Open / Comment
2021-05-02 12:35:43 Шахид шудани Чулайби дар рузи туйяш.

Дар байни асҳоби паёмбар с.а.в як саҳобае буд бо номи АбулМискин Ҷулайби ки бисёр камбагал буд барои ҳамин уро Мискин мегуфтанд у чизе надошт ғайри ҳаму латтае ки аврати уро мепушонд як руз паёмбар с.а.в ба Ҷулайби гуфт Ё Ҷулайби чаро зан намегири Ҷулайби гуфт Ҳазрат ма на мол дорм на хона дорм касе ба ман духтар намедиҳад рузи дуюм мепурсан ё Ҷулайби чаро зан намегири Ҷулайби боз мегуяд ман камбагал мискин ҳастам касе духтарашро ба ман намедихад рузи сеюм мепурсанд ё Ҷулайби чаро зан намегири Ҷулайби гуфт ма як мискин ҳастм касе ба ман духтар намедиҳад. Паёмбар с.а.в гуфтанд ба хонаи фалони Ансори бирав у духтар дора духтарашро ба ту медихад Ҷулайби омад дарро тақ тақ кард соҳиби хона баромад Салому алейкум марҳамат бифармоед Ҷулайби гуфт ман ба хостгории духтари шумо омадам расулуллоҳ с.а.в гуфтан духтартона ба ман бидиҳед мард гуфт ҳаминҷо интизор шавед ман ҳамроҳи занам маслихат кунам ба хона даромад бо ҳамроҳи занаш маслихат кард гуфт Абулмискин Ҷулайби ба хостгори омадааст у чизе надора гайри ҳаму латтае ки аврати уро мепушонад занаш гуфт мардак лозим нест рози нашав мискин бошад духтари моро чи гуна таъмин мекунад овози гап зании онҳоро духтарашон шунид гуфт падарҷон чи гап аст падараш гуфт Абулмискин Ҷулайби ба хостгории ту омадааст у чизе надора ба ғайри аму латтае ки аврати уро мепушонад духтараш пурсид оё уро напурсидед ки уро равон кардааст падараш гуфт уро расулуллох с.а.в равон кардан духтар ба падару модараш гуфт оё шумо он хостгориеро рад мекунед ки Паёмбар с.а.в амр кардаанд шумо ба нафаре омад ба у нигоҳ накунед уро чи касе равон кардааст ба у нигоҳ кунед ма рози астм ба никоҳи бо Ҷулайби падараш баромад гуфт ма рози астм духтарам рози аст барои Маҳр чи дори гуфт барои маҳр чизе надорм ғайри ҳамин латта он мард гуфт назди Паёмбар с.а.в бирав ва барои маҳр чизе биёр Ҷулайби назди паёмбар с.а.в меояд ва мегуянд имрузи рузи туйи ма аст ва ма барои маҳр чизе надорм назди Паёмбар с.а.в чизе набуд Паёмбар с.а.в мегуянд назди Усмони Ғани бирав у чизе барои ту мета нази ҳазрати Усмон меравад ва ҳазрати Усмон ба у як микдор танга медиҳад барои харчи туй Ҷулайби ба бозор меояд барои тайёри ба шаби аруси дар бозор ҳама ба ҳар тараф давидана шуру мекнан Ҷулайби Мискин мепурсад чи гап шуд мегуянд паёмбар с.а.в ба ҷанг рафтанд ба Ғазва рафтанд Ҷулайби гуфт ма дар ин ча туй кунам русулуллоҳ с.а.в дар майдони чанг не имкон надора он тангае ки барои шаби аруси дошт як шамшер харид як асп ба ҷанг рафт дар майдони ҷанг шаҳид шуд ҷанг тамом шуд паёмбар с.а.в гуфтанд зуд зуд ҳаракат кнен имшаб шаби арусии Ҷулайби аст саҳобагон гуфтанд Ҷулайби шаҳид шуд омадан ба он ҷое ки у шаҳид шуда буд шонздаҳ нафара кушта буд худ шахид шуда буд паёмбар с.а.в уро бардоштанд ва ба нуги пойҳояшон ҳаракат кардан саҳобагон пурсидан барои чи ба нуги пойхоятон ҳаракат дорен паёмбар с.а.в гуфтанд ба арусии Ҷулайби он қадар малоика зиёд омадааст ки ҷои пой мондан нест.

•┈┈┈•• ❁ ❁ ••┈┈┈┈•

https://t.me/hidoyati_zanon
144 viewsI MUHAMMADﷺ, 09:35
Open / Comment