🔥 Burn Fat Fast. Discover How! 💪

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 8

2021-08-16 12:56:10 Ҳатто ин тоифа мардум аз террористону душманон дида зиёдтар ба ҷомеъа зарар мерасонанд.
Имруз ҳатто волидайн аз дасти фарзандони масту маводи мухаддир кашанда озору лату куб мешаванд, оилаҳо вайрон мегарданд, куштору ғорат сар мезанад. Худованд ин қиссаи фариштагонро барои мо ъибрат намудааст, ки то аз ин роҳи бад дур бошем ва ба арақу шаробу маводи мухаддир наздик нашавем.
Мардеро нақл мекунанд, ки аз кудаки ба писараш арақ медод. У мегуфт, ки барои саломати зиёд ин фоида дорад. Кор то он расид, ки писар арақхури беҳудагард шуда дигар парвои хонаву волидайн надошт. Падару модар ба худ мегуянд, ки ин писари ягонаамонро оиладор намоем аз беҳудагарди мемонад.
Шаби туй он писарашон бо ду чураашу якчанд духтарон мошини падарро гирифта дар ҳолати масти ба садама афтоду ҳам худ мурд ва ҳам се нафари бо у буда ҳам. Як духтари дигаре, ки бо онҳо буд маъюби як умри шуд. Ана он руз падар мегиристу аз кардаи худ пушаймон гашта буд. Аммо он соат аз пушаймони чи суд!
Ҳар он бандае, ки дар роҳи Ислому Имон мустаҳкам бошад Худованд Худ ба у мададгор гардад то нафсро мутеъ созад. Чунки ин нафс махлуқест бузург! Аммо гар якеи мову шумо нафси худро идора карда натавонему ба гуноҳе даст занем набояд ноумед гардем.
Чун Худованд барои бандагони гунаҳкор «Тавба»-ро воҷиб гардонидааст. Маълум аст, ки Шайтони Лаъин дар паи аъмоли палиди худ ҳама рузу соат ҳаракат менамояд. Зиёди бандагонро у бо осони ба роҳҳои ҳарром мебарад.
Аммо Худованд Худ ваъда медиҳад, ки ҳар як бандае, ки гуноху исьён намуд ва бо тавбаву истиғфор ба суи Ман дасти ба дуъо бардошт –ҳатто агар гуноҳонаш чун куҳҳо бузург бошад ҳам мебахшамаш.
Аммо он тавбаро ҳам сари вақт кардан зарур аст- чун ҳастанд нафароне, ки "фардо тавба мекунам", "соли дигар тавба мекунам" гуфта охир бо гуноҳони азим бе тавба вафот менамоянд. Худованд нафареро мебахшад, ки гуноҳ кард- пушаймон гашта тавба намояд.
Шайтони Лаъин дар қатори дигар мардуми Худотарс нафарони Тавбакунандаро дида хун мегиряд. Чун ин қадар меҳнати кардаи он палидро бо як «тавбаи насуҳ»-и бо сидқ намудаи бандаи гунаҳкор Худованд пок намояд.
Дар ояҳои 53-54-и сураи «Зумар» Худованд мефармояд:
- Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар зиёни хеш исроф кардаед(гуноҳ кардаед),
аз раҳмати Худо ноумед машавед. Зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад.
Ҳаройна, ӯст омурзандаву меҳрубон!
-Пеш аз он ки азоб фаро расад ва касе ба ёриатон барнахезад, ба
Парвардигоратон рӯй оваред ва ба У таслим шавед(тавба кунед)».

Гар даст ба гуноҳе задед ба ин ваъдаи Худованд назар андозед, ки чи ваъдаи хубе бароятон менамояд то ноумед нагардед:
КАВЛУҲУ ТАЪОЛО: « ИНАЛ ҲАСАНОТИ ЮЗҲИБНАС САЙЙИОТИ»
Яъне: Ба дурустие, ки некиҳо мешуянд гуноҳҳонро.
Гар як гуноҳе намудед албатта тавба намуда ъамалҳои неке анҷом дихед. Ин ҳамаро шумо бояд ба умеди Раҳмати Илоҳи намоед. Пас Ин шо Аллоҳ аз гуноҳон пок хоҳед шуд!
Худованд ёру мададгори ҳамаи шумо бародарону хоҳарони Имониам бошад!
147 views09:56
Open / Comment
2021-08-16 12:56:09 Тибқи дигар ривоятҳо Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) аз Худованд барои ин фариштаҳо мағфират талабид ва онҳоро Худованд бахшид.
Пас аз марги Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) касе аз онҳо хабаре намеёфт. Чун баъзе мунофиқону бединон умед доштанд аз онҳо ъилми ҷодуву куфр омузанд.

Ъибрат:
Ин қиссае, ки уламо онро қиссаи рост медонанд ва он аз забони Али (к.в) низ дар тафсири Қуртуби ривоят шудааст. Дар асл дар Қурьон дар ояи 102-и сураи Бақара хабар аз он фариштагон чунин омадааст:
-«Ва аз афсуне, ки девҳо ба рӯзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомӯхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта:
–Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас, ки ҷодугарӣ меомӯхтанд, мегуфтанд: «Кори мо фитна аст, мабодо кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳое меомӯхтанд, ки метавонистанд миёни зану шӯй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомӯхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурӯхтанд, агар медонистанд»!

Яъне девҳо ҳам ҳазорон сол ъилми ҷодуро аз Ҳоруту Морут омухтаанд. Аммо онро дар навбати худ ин ҷодуро ба мардум омухта намегуфтаанд, ки ин куфр аст.Чун онҳо мехостанд одамон куфр варзанд. Ин хабарро ба мо Худованд дар ин сураи Бақара равшану возеҳ додааст.

Абдуллоҳ ибни Бишри Мозани ривоят карда, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд:
-"Аз дунё парҳез кунед. Савганд ба Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯ-ст, ҳамоно он (дунё) аз Ҳорут ва Морут дида соҳиртар аст".

Чун Ҳорут ва Морут ошкоро гуфтаанд, ки ҷодуе, ки "мо меомузем фитна аст, куфр аст". Аз ин ҷиҳат аст, ки дунё соҳиртар аст. Чунки онҳо ошкоро аз фитнаи меомухтаи худ хабар доданд- вале дунё аз фитнааш ошкор накарда хомӯш меистад.
Пас то андозае аз рост будани ин қисса мутмаин гаштем. Бале ин ду фариштагон, ки соҳиби нафсу шаҳват гаштанд аз имтиҳони Илоҳи нагузаштанд ва ба ваъда вафо накарданд. Онҳо ба Худованд ваъда доданд, ки чун одами нахоҳанд шуд- аммо дар асл якчанд рузе аз гуноҳ дур буданду тамом.
Фариштагон дарк карданд, ки дар қатори Шайтони Лаъин дигар равон кунанда ба гуноҳон ин «Нафс» будааст. Чунки нафс дар асл ҳеҷ гох сер нахоҳад шуд. Ин нафс аст, ки моро ба истифодаи ҳарромкардаҳои Илоҳи бибарад, ин нафс аст, ки баъзе бандагони пулу молдорро, бандагони ҷоҳу мансабдорро ҳисси такаббуру ман маниро пайдо хоҳад кард. Нафс аст, ки даст ба ҷиноятхо мезанем.
Пас гар нафс ақли одамиро мутеъи худ гардонид одами аз пасттарин ҳайвонот паст гардад. Аммо ба фарқ аз ҳайвоноте, ки болои онҳо рузи Ҷазо саволу ҷавоб нест- одами аз ҳар як аъмоли кардааш пурсида хоҳад шуд. Барои он ҳама аъмолҳо уро ҷазо интизор хоҳад буд.
Расули Акрам (дуъову дуруд бар у бод) фармудаанд:
- «Аз хама бузургтарин ҷиход дар рохи ризои Аллоҳ –ин муҳориба бо нафс аст».
Бале одамиро душвор аст бар нафси хеш ғолиб будан. Аммо Худованд мартабаи нафареро, ки нафси худро мутеъи ақлаш намояд аз фариштагон ҳам боло менамояд. Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ҳама руз дуъо мекардаанд ки:
- «Илоҳо! Нагузор то нафс болои ман бошад-балки маро болои нафсам қарор бидеҳ то нафсамро мағлуб созам. Илоҳо нафсамро мутеъи ман бисоз- на маро мутеъи нафсам».
Дигар ъибрате, ки моро дар ин қисса хоҳад буд ин: истеъмоли шаробу дигар нушокиҳои ҳарром «падару модари гуноҳон» будааст. Яъне нафароне, ки дар ҳолати ҳушёри одамони хубанд бо нушидани шаробу арақ даст ба чунин гуноҳоне мезананд, ки пас аз ба худ омадан ба он бовариашон намеояд.
Бинед, ки фариштагон ҳеҷ як шарти он маккораро қабул намекарданд. Аммо чун каме шароб нушиданд ҳатто даст ба аъмоли куфру щирки заданд. Онҳо он сире, ки миёни фариштагону Худованд буд ба он зани маккора ошкор намуданд.
Пас мову шумо худ шоҳидем, ки нафарони арақхуру маводи мухаддир кашанда то чи андоза ба ҳайвон монанду аз онҳо паст мегарданд. Имрузҳо зиёди гуноҳу ҷиноятҳо аз тарафи нафарони дар ҳолати масти буда сар мезанад.
106 views09:56
Open / Comment
2021-08-16 12:56:09 У ҳар руз меояду талаб мекунад то бо у наздик шавам.
Фариштагон дар ғазаб омада уро қатл мекунанд. Сипас дар ҳолати масти сири худро ба он зани маккора фош карданд. Он зани маккора ба онҳо шарти дигар гузошт ки:
-Ба ман бигуед, ки чи тавр ба замин фуруд меоед ва боз бар мегардед? (чун сиро шунид гуфт: -Исми Аъзами Илоҳиро бароям бигуед-он гоҳ бо шумо наздик хоҳам шуд.
Фариштагон зиёд сирҳоро ба зани маккора гуфтанд ва гуноҳ болои гуноҳон менамуданд. Зан хост бо истифода аз Исми Аъзам ба осмон парвоз намояд. Худованд нагузошт то он зан ба осмон боло шавад ва уро ба ситорае табдил дод.
Ҳоруту Морут чун ба худ омаданд дарк намуданд, ки чи гуноҳони Бузурге намуданд ва бо гиряву зори ба суи Аллоҳи Бузург тавба карда талаби мағфират намуданд.
Чун ин қисса ба гуши Идрис (А.с) расид аз Худованд барои онҳо талаби мағфират намуд. У гуфт:
- Ё Илоҳо! Ман илтиҷо менамоям то онҳоро бубахши!
Пас Худованд ба он ду фариштаи оси фармуд:
- Шумо худ бароятон ҷазо интихоб намоед! Хоҳед шуморо дар ин дунё азоб кунам- ва ё хоҳед дар охират азоб хоҳед шуд!
Фариштагон гуфтанд:
- Илоҳо! Мо аз азоби охират ва аз Ҷаҳаннам хабардорем. Мо қуввати азоби Ҷаҳаннамро надорем.Моро дар ин дунё азоб намо!
Худованд барои онҳо дар дунё ҷазое пешбини намуд ки дар Вавилон (Бобул) бо занҷир аз пойҳояшон баста шуду сарҳо поён овезон буданд. Ҳар яке аз ин тараф ба он тараф мерафтанду гашта ба якдигар бармехурданд. Аз сахтии бархурд ва дард аз чашмони онҳо оташ мебаромад.
Аз поини онҳо дарёе равон буду онҳо аз азоби ташнаги машаққате доштанд. Чун ҳангоми ин тараф он тараф рафтан аз онҳо то ба об масофаи миёни 4 ангушт мемонду аммо ба об намерасиданд. Ин ҷазоро Худованд барои онҳо то ба рузи Ҷазо раво дид.
Дар замони зиндагии Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) марде чун он қиссаро шунид хост ба назди он фариштагон равад ва аз онҳо сеҳр омузад.
Қисса мекарданд, ки пеш аз ХотамунНабийин (саллаЛоҳу ъАлайҳи ва саллам) умматони дигар паёмбарон (ва ҷинҳо) аз он фариштагон талаби омузиши сеҳру ҷоду менамуданд. Фариштагон пеш аз омухтан мегуфтанд:
- Эй мардум! Мо ин сеҳру ҷодуро ба шумо меомузем- аммо ин имтиҳони сахту фитнаи бузургест барои шумо. Ин сеҳру ҷоду шуморо ба куфр хоҳад бурд.
Ҳар нафаре, ки ин куфрро қабул дорам мегуфт фариштагон ъилми сеҳру ҷодуро меомухтанд ва у куфр меварзид.
Чун он марде аз умматони Расули Акрам (дуъову дуруд ба у бод) ба назди он фариштагон расид ва аҳволи онҳоро дид аз тарс ларзае уро фаро гирифт. Он мард аз нийяти доштааш пушаймон гашт ва тавба кард:
- Илоҳо! Аз нийяти кардаи худ пушаймонам! Маро ба ҳурмати Бузургият бубахшо чун ман аз пайравони Паёмбари Барҳақат ҳастам ва «Ло Илоҳа ИллаЛлоҳу МуҳаммадарРасулаЛлоҳ» мегуям.
Фариштагон чун он «калимаи зебо»-ро шуниданд аз он мард пурсиданд:
- Эй бандаи Худо! Ту кисти ва аз умматони ки ҳасти?
- Ман аз умматони Муҳаммади Мустафо (дуъову дуруд бар у бод) ҳастам!- ҷавоб гуфт он мард.
-АлҳамдулиЛлоҳ! (шукронаи Аллоҳ)- хурсандона гуфтанд фариштагон.
Мард аз онҳо пурсид:
- Чаро шумо хурсанд гашта Шукронаи Аллоҳ мегуед?
- Чунки он Паёмбаре, ки ту гуфти Хотами Паёмбарон аст! (хатми Паёмбарон) Аз он рузе, ки моро Худованд чунин азобро раво дид ҳазорҳо сол гузашт. Пас мо хабар дорем, ки омадани Охирин Паёмбар аз наздики расидани Қиёмату охири ин дунё ва хотимаи ин азобу машаққати мо хоҳад буд.
Бо шунидани ин хабар он мард дубора тавба карду аз Худованд мағфират талабид.
Аз он замоне, ки он фариштагон азоб карда мешуданд онхо аз Аллоҳи Мутаъол илтиҷо мекарданд то барои пурсидани бахшиши бандагоне, ки куфру ҷодуро қабул накунанд иҷозат диҳад. Чун ин фариштагон дар худ диданд ба чи гуноҳу исьён мебурдааст «Нафсу шаҳват»-и инсони.
Худованд ба онҳо иҷозат дод ва онҳо барои баъзеи одами бахшиши гуноҳон аз Худованд мехостанд.
Тибқи баъзе ривоятҳо ин ду фаришта ба хурмати Хотами Паёмбарон, ки зиндаву ҳаёт буд аз Худованд талаби мағфирати худ намуданд ва бахшида шуданд.
90 views09:56
Open / Comment
2021-08-16 12:56:08 КИССАИ ИБРАТНОК.

Киссаи Фариштагони оси!
Ибни Ҳаҷари Ҳайтами дар китоби худ «Фатово аль-Ҳадисия» аз Ибни Аббос (Аллоҳ аз у рози бошад) ин қиссаро ривоят мекунад ки:
- Замоне, ки Худованд дараҷаи Идрис (А.с)-ро боло бардошту ба у иҷозаи ворид шудан ба ҷаннат дод баъзе фариштагон ҳайрон монданд ва пурсиданд:
-Ё Аллоҳ! У аз миёни инсонийяте аст, ки гуноҳ мекунанд. Чаро у дар миёни мост?
Аллоҳи Мутаъол ба фариштагон фармуд:
- Он чи ки Ман ба одами додам –гар ба шумо низ диҳам шумо низ чун онҳо хоҳед шуд! Чаро шумо онҳоро маҳкум мекунед?
Фариштагон пурсиданд:
- Илоҳо! Ба инсонийят чи додаи ки ба мо надодаи?
Худованд фармуд:
- Ман ба онҳо «нафс» додаам.
Он гоҳ се фариштае гуфтанд:
- Илоҳо! Гар ба мо нафс диҳи мо дигар нахоҳем шуд. Мо гуноҳ нахоҳем кард, чун одами. Мо аз гуноҳ пок хоҳем монд.
Ин фариштагонро номашон Азал, Азоил ва Азоя буд. Пас Худованд ба онҳо фармуд:
- Ман шуморо ба замин равон хоҳам кард ва шумо миёни одами Подшоҳу қозиён хоҳед буд. Пас бо қонуни ман бо адолат сарвари намоед. Ман ба шумо нафсу шаҳват ва зарурат ба либосу об ва он чи ки ба одами зарур аст хоҳам дод. Мехоҳам шумо чун одами кайфияти зиндагиро ҳис намоед. Пас мебинам, ки шумо чи хоҳед кард!
Фариштагон гуфтанд:
- Илоҳо! Мо қонуни туро риоя хоҳем кард ва аз он берун нахоҳем шуд, ва бо он хоҳем зист. Моро ба замин бифирист.
Чун ба замин фуруд омаданд ва зиндагии инсонийятро аз наздик диданд якеи аз фариштагон тавба карду аз Худованд зориву тавалло кард:
- Илоҳо! Ман аз гуфтаам тавба кардам. Маро аз ин руи замин баргаштанро иҷозат бидеҳ! Он чи ки ба ман доди –гашта онро аз ман бигир! (ва ин фаришта Азал буд).
Пас Худованд ба у иҷозат дод то баргардад. Пас аз он Азал 40 сол дар саҷда буд то Худованд уро бубахшад. Пас Худованд уро бахшид ва у аз он пас ҳеҷ гоҳ сарашро боло намекард аз сабаби шарм доштан назди Худованд!
Он ду фариштаи дигар дар замин монданд ва гуфтанд:
- Илоҳо! Мо дар руи замин адолати Туро паҳн месозем!
Худованд номҳои онҳоро иваз кард ва Ҳоруту Морут ниҳод. Чунки онҳо ба замин фуруд омадагон буданд. Худованд номи Иблисро низ чун бар замин фуруд омад иваз карда буд –чун пеш номи у Азозиль буд. Ҳорут- яъне «ҳасад баранда», Морут- яъне «ғазаб кунанда».
Дар руи замин ин ду фаришта танҳо якчанд руз аз гуноҳ дур буданд. Онон подшоҳ буданд дар Вавилон(Бобул) миёни одамийят. Рузона онҳо ҳукмрони мекарданд- аммо шабона ба осмон бармегаштанд. Чун онҳо Исмҳои Аъзами Худовандро ки ғайри фариштагон касе намедонист медонистанд ва аз гуноҳу исьён пок буданд.
Ин ҳама як муддате идома ёфт то замоне, ки онҳо бо зане бадкорае бо номи Зуҳра во нахурданд. Он зан дар маҳаллае пешво буд. Чун он зан назди онҳо омад он фариштагон зуд ба у ошиқ гаштанд. Аммо аз якдигар ошиқ гаштанашонро пинҳон доштанд.
Пас пинҳони аз якдигар бо он зан барои вохури маслиҳат карданд. Он зан ҳам ба онҳо ваъда доду рафт.Чун фариштагон ба вохури омаданд нофаҳмида бо якдигар назди дари он зан ру ба ру гаштанд ва сири худро гуфтанд.
Он зан зиёд бадкораву бераҳме буд ва ба онҳо шарти худро мегузошт. Чун онҳо назди он зан даромаданд у чунин шарт гузошт ки:
- Ман бо шумо наздик хоҳам шуд (зино мекунам) ба шарте, ки дар дини ман дохил шавед! (У худ бутпараст буд). Фариштагон ҷавоб гуфтанд:
- Мо дар дини ту наметавонем дохил шавем-чунки мо танҳо Аллоҳи Бузургу Тавоноро мепарастем! Парастиши ғайри Аллоҳ щирк хоҳад буд!
Пас он зан дигар шарт гузошт ки:
- Ман бо шумо наздик хоҳам шуд, гар фалон одамро қатл намоед!
Фариштагон боз ҷавоб гуфтанд:
- Мо наметавонем қатл намоем, чунки ин гуноҳи бузург аст.
Ҳар он чи ки он зани маккор шарт намегузошт фариштагон онро қабул намекарданд. Пас он зан пешниҳод кард то шароб бинушанд. Фариштагон каме фикр карданду гуфтанд:
- Хуб. Мо ин шартро қабул хоҳем кард. (чун гумонашон гуноҳаш камтар аст).
Чун онҳо шаробро нушиданд маст гаштанд. Ин замон марди гадое дари хонаи он занро куфт ба умеди он ки ба у хурдание диҳанд. Зан ба фариштагон гуфт:
- Ин мард маро зиёд ошиқ аст.
111 views09:56
Open / Comment
2021-08-15 15:15:33 Нобиғаи бузурги рус, Лев Николаевич Толстой дар синни 67 солагияш дучарха савориро ёд гирифт, ин дар адабиёт ба як мафҳум табдил шудааст, ки ба он "дучархаи Толстой" гуфта мешавад ва маънии он мешавад:

"Барои ҳеҷ чиз дер нест".
120 views12:15
Open / Comment
2021-06-29 23:20:37
- Шабе пеши Худо бигристам зор:

«Мусалмонон чаро зоранду хоранд?»

- Нидо омад: — «Намедонӣ, ки ин қавм,

- Диле доранду маҳбубе надоранд»

Муҳаммад Иқбол
25 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 20:20
Open / Comment
2021-06-27 18:05:53 Зиллат ва сархамӣ

Ибни Халдун гуфтааст: «Арабҳо дар ғазо шутур истеъмол мекарданд ва аз онҳо рашк ва бераҳмиро гирифтанд.

Туркҳо гӯшти аспро мехурданд ва аз он дуруштӣ ва қувваро гирифтанд.

Аврупоиҳо гӯшти хук мехӯрданд ва аз он беномусӣ ва беадабиро қабул карданд.

Сиёҳпустон маймунҳоро мехӯрданд ва аз онҳо ишқ ба хушгузарони ва рақсро қабул карданд.

Ибни Қайим (р) гуфтааст: "Ҳар касе, ки ба хӯрдани ягон намуди ҳайвон одат кардааст, пас хислат ва табиати онро ба даст меорад. Агар ӯро аз ин гӯшт ғизо медоданд, пас шабоҳат ба он намуди ҳайвон шабеҳи қавӣ хоҳад дошт.”

Мо (манзур Уммат дар маҷмӯъ ва алалхусус арабҳо) дар замони худ, бисёр мурғ мехӯрем. Мо шуруъ кардем зиёд онро истеъмол кардан ва мисли мурғ садои беҷон задан замоне кӣ кофирон (ҷамеаҳои беимонӣ) мисли дарранда ва бо ғазаб ба мо ҳамла карданд!

Мо аз мурғон зиллат (таҳқир будан), сархами, ва имконнопазирии парвоз дар баландиҳои осмониро гирифтем!

Сафсатагӯи, суханҳои пучу бемаъно, на чизе бештар! Оҳ, ки дар замони мо он қадар "мурғ" ҳаст ва чӣ қадар хунашон арзон!

Ал-муқаддима
38 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 15:05
Open / Comment
2021-06-24 22:07:30 - Забон омад аз баҳри шукру сипос,

- Ба ғайбат нагардонадаш Ҳақшинос.

- Гузаргоҳи Қуръону панд аст гўш,

- Ба буҳтону ботил шунудан макўш.

- Ду чашм аз пайи сунъи Борӣ накўст,

- Зи айби бародар фурў гиру дўст.
12 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 19:07
Open / Comment
2021-06-24 22:05:37 - Макун фаҳшу дурўғу ҳазл пеша,

- Мазан ба пойи худ зинҳор теша.

- Ҳар он касро, ки гуфтораш дурўғ аст,

- Зи рўйи ақл рўяш бефурўғ аст.

- Дигар онро, ки бошад фаҳш гуфтор,

- Наёбад назди мардум қадру миқдор.

- Агар шоҳӣ, барад ҳазл обрўят,

- В-агар моҳӣ, кунад чун хок кўят.

- Табиат ҳазл ҷўяд, лек ҷон ҷидд,

- Хуш ояд ҳар дуро он ҳазлу он ҷидд.

- Сухан, к-аз вай хирадро ифтихор аст,

- Ба фаҳшу ҳазлу ҳазён сахт ор аст.
13 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 19:05
Open / Comment