Get Mystery Box with random crypto!

ПАЁМИ ҚАЛБҲО

Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО П
Logo of telegram channel nidoi_islam — ПАЁМИ ҚАЛБҲО
Channel address: @nidoi_islam
Categories: Religion
Language: English
Subscribers: 186

Ratings & Reviews

2.33

3 reviews

Reviews can be left only by registered users. All reviews are moderated by admins.

5 stars

0

4 stars

0

3 stars

1

2 stars

2

1 stars

0


The latest Messages 10

2021-06-15 19:12:59 Аз Абдуллоҳ писари Умар (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (дуруду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

Ин чаҳор хислат дар ҳар шахсе дида шавад, пас ӯ мунофиқи холис аст. Ва ҳар он шахсе, ки дар ӯ яке аз ин хислатҳо дида шавад, як хислати нифоқро дорост, то замоне, ки онро тарк кунад. Ин чаҳор хислат иборатанд аз:

1). Ҳар гоҳ амонате ба ӯ супурда шавад, хиёнат мекунад.

2). Ҳангоми сухан кардан, дурӯғ мегӯяд.

3). Агар аҳд ва паймоне бибандад, паймонашро мешиканад.

4). Ҳангоми даъво (низоъ ва кашмакаш), дашном медиҳад ва носазо мегӯяд.

(Саҳеҳи Бухорӣ 34)
31 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 16:12
Open / Comment
2021-06-15 18:42:33 Чаро Пайғамбар (с.а.в) ба мо фармуд, ки канафса, калтакалос, келаскро бикушем ва подоши куштанаш чист? Чаро думаш пас аз ҷудо шудан ва ё маргаш ҳаракат мекунад! Канафса як хазандаест нафратовар, ки ҳангоми дидан онро фавран бояд бикушем, аммо чаро пайғамбар (с.а.в) чунин амр дод, вақте канафсаро дидед бикушед. Ғуломи Ҳиббон, Ибни Мугир вориди хонаи пайғамбар шуд. Оиша (р) - ро бидид, ки дар хона калтакалосро думбол мегирад, гуфт: - Эй модари мӯъминон, бо ин чӣ кор мекунӣ? Ӯ гуфт: - Мо мардум инро мекушем. Пайғамбари Худо ба мо гуфта буд, ки вақте Иброҳим Халлилуллоҳро ба оташ андохтанд, дар рӯи замин дигар ҳайвонҳо барои хомуши он кушиданд, танҳо канафса (келаск) буд, ки барои хомуш намудани оташ намекушид ва баръакс амал мекард, аз ин рӯ пайғабари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд, ки канафсаро ҳарҷо, кӣ дидед бикушед.
Ҳангоми куштани канафса Шумо инчунин мукофот мегиред, агар Шумо дар як зарба калтакалосро кушта тавонед, сад амали нек мегиред. Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар касе мекушад бо зарбаи аввал сад амали нек хоҳад дошт ва касе, ки ӯро дар зарбаи дуввум мекушад, кори хайре намудааст ва агар бо зарбаи саввумин бикушад чунин, чунин амали нек намудааст", гуён номбар немуд. Акнун мо ба Шумо мегӯем, ки чаро думи канафса пас аз мурдан ва ё фирори ӯ ҳаракат мекунад ё думашро мепартояд. Ин ба реаксияи нейронҳои ӯ, ки дар дум захира карда шудаанд вобастагӣ дорад ва онҳоро бо сигналҳои барқӣ тавсиф кардан мумкин аст, калтакалос метавонад узвҳои худро дубора афзоиш диҳад ва думи дигар падид орад, ин ҳам таввасути ҳамон нейъронҳо ки баданаш падид меорад имкон пазир мегардад...
36 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, edited  15:42
Open / Comment
2021-06-15 18:42:27
35 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 15:42
Open / Comment
2021-06-15 13:27:52 Эй дил маталаб зи дигарон марҳами хеш,

Худ бош ба ҳар дарди диле маҳрами хеш.

Танҳо бинишину хештан хур ғами хеш,

В-ар ҳамдамат орзу кунад ҳам дами хеш.
39 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 10:27
Open / Comment
2021-06-15 07:30:24
Инҷо маҷозӣ аст...!

Инҷо ҳама чиз воқеи нест. Ҳама шабеҳи ҳарфош нест. Ҳамин ки аз ту хаста шуданд аз ту дилсард мешаванд. Дил набанд ... Дил бастаи дил бикан... Нороҳаташ кунӣ, таркат мекунанд, ба хамин роҳатӣ. Ду рӯз набошӣ, ғарибаҳо ҷоятро пур мекунанд. Инҷо ҳама бевафоянд, шояд мисли туро зиёд доранд. Лозим надоранд фақат бо ту бошанд, ҳамеша беҳтар аз туро ҷустуҷу мекунанд. Чун аз шумо хаста шудаанд ва бо худ мегӯянд, чаро бояд бо як қадимӣ сӯҳбат кунам..? Бо ҳар ки ҳамсӯҳбат шудӣ, ончунон худро вонамуд месозад, ки гӯё дуст медоранд ва танҳо туро мехоҳанд. Ҳама бо ту ошиқонаву бо маърифат ҳарф мезананд. Аммо туро бовар ба Худо онҳо қисми зиёдашон дар зиндагии воқеъи чунин нестанд. Инҷо дунболи ошиқӣ нагард. Бифаҳм инҷо маҷозӣ аст, яъне, ҳама чиз воқеъи нест...!

Фарид
51 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, edited  04:30
Open / Comment
2021-06-15 03:06:29 Маҳмуди Аҳмадинажод, собиқ президенти Эронро ҳам дар замони роҳбари як давлати бузург буданаш (Ҷумҳурии Исломи Эрон қариб 70 миллион аҳолӣ дорад) ва ҳам пас аз маснад рафтанаш хоксортарин президент мегӯянд.

Ӯ, ки президенти шашуми Эрон аз 3 августи соли 2005 то 3 августи 2013 буд, то ҳол дар қатори оддитарин сокини ин кишвари зиндагӣ дорад.Аҳмадинажод вақте ,ки бори аввал вориди қасри роҳабари давлат шуд, тамоми он ороишу ашёи қимматбаҳоро аз дафтари кориаш берун кард.

Қолинҳои бузурги эрониро ба масҷидҳо туҳфа намуд ва барои худ як фазои кории фақирона таҳия кард.Таври маълум, Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин солҳо низ тарзи зиндагии одии худро риоя намудааст. Мегуянд,ки ӯ ба кор бо нақлиёти ҷамъиятӣ мерафт.

Аммо пас аз тарки мансаб Маҳмуд пурра ба ҳолати зиндагие,ки то замони президентиаш дошт, баргашт. Ӯ аз баччагӣ чаронидани гусфандонро дуст медошт ва ҳоло низ дар вақтҳои аз кори асосиаш фориғ чӯпонӣ мекунад. Собиқ президент ба ҷои кори худ ,донишгоҳ,ки аз он ҷо ҳамагӣ 300 доллар маош мегирад, то ҳол пиёда ва ё савори нақлиёти ҷамъиятӣ бо мардуми оди якҷо меравад.

Ӯ бе ҳеҷ худнамоӣ ба касе хоҳад, соядаст медиҳад ва ба онҳое,ки ба кумакаш ниёз доранд, ёрӣ мерасонад.Дар давраи роҳбарии худ ҳеҷ сарвате ҳам ҷамъ наовардааст ва дар хоначае,ки чил сол пеш аз падараш мерос монда буд, зиндагӣ дорад. Ҳамсараш бошад, дар як мактаб чун фаррош кор мекунад.Як мошини “Пежо”-и соли бароришаш 1977 дошт, ки онро ҳам ба наздикӣ фурӯхтааст. Вақте шахсе ки ин мошинро хариданӣ мешавад, мефаҳмад,ки соҳиби он кист, нархи мошини ҳазордоллара якбора ба миллион мехезад.

Чунин тарзи зиндагии собиқ президент бисёриҳоро ба ҳайрат меорад ва онҳо тарзи зиндагии ӯро ба ҳаётгузаронии роҳбарои Инқилоби Октябри Иттиҳоди Шӯравӣ (Ленин, Сталин, Дзержинский ва роҳбарони дигари ин кишвар) монанд мекунанд. Аҳмадинажод то ҳол дар байни мардуми Эрон маҳбубияти хосса дорад ва муносибатҳои байни Тоҷикистону Эрон низ маҳз дар давраи роҳбарии ӯ ба пояи баланди худ расида буд.
41 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 00:06
Open / Comment
2021-06-15 03:06:11
33 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 00:06
Open / Comment
2021-06-14 22:42:46 Одоб ва ахлоқи мусалмонӣ

Одобу ахлоқи некӯ дар Ислом ҳамчун зербино ва пояи асосӣ барои эҷод, касб ва рушди иқтидори ақлӣ, илмӣ ва ҳукуматӣ шинохта мешавад.
Адаб барои фаҳму бовар ва амал ба маорифи динӣ дар ҷиҳати фардӣ ва иҷтимоӣ ва ба хусус дар ҷанбаҳои қудратӣ ва ҳукуматӣ дорои ҷойгоҳи муҳим ва асаргузор аст, то онҷо ки адаб идоракунандаи ақл ва қудрати инсон дониста мешавад.
Мудир ва неруи корӣ аз дидгоҳи Ислом бояд одоб ва ахлоқро дар тамоми мароҳили фикр, тарҳ ва иҷрои корҳо дахолат диҳад. Чун адаб аст, ки эҷодкунандаи камол, шарофат, басират, тезҳӯшӣ ва ақлоният дар инсон ва иҷтимоъ аст. Бинобар ин ҳар шахси толиби камол ва саодат, дар ҷойгоҳи шогирд бошад ва ё устод, масъул бошад ва ё ҳоким, корманд бошад ва ё вазир, бояд адаб ва ахлоқи мавриди назари Исломро дошта бошад ва барои он ҷойгоҳи меҳварӣ ва асосӣ қоил бошад. Яъне ҳамаи фикру гуфтор ва рафторашро бар асоси он танзим кунад.
Бо ин нигоҳи исломӣ, адаб натанҳо як амри шахсӣ ва фардӣ, балки як асли мабноӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар тамоми мароҳили зиндагии башарият ва навъи нигоҳ ва рафтору робитааш бо Худо, худ ва дигарон ва ҳатто дигар мавҷудот, нақши асосӣ дорад. Ғафлат аз ин амри мабноӣ ва асосӣ, чунон зарба ва зараре ба фард ва ҷомеа мезанад, ки ҳатто натавонад аз неъматҳои моддӣ низ ба хубӣ баҳра бибарад, балки истифода аз манобеъ ва неъматҳои табиӣ низ аз масири ҳақ хориҷ ва дар ҷиҳати манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ва бар зарарӣ дигарон қарор мегирад, ки дар натиҷа ҷомеаро ба нобудӣ ва шақовати дунёӣ ва ухравӣ савқ медиҳад.

Бо муқаддимае, ки дар бахши якум баён гашт, ҳоло лозим аст нигоҳе дошта бошем ба мафҳум ва дигар паҳлӯҳои матраҳ дар мавзӯи “Адаб ва ахлоқи мусалмонӣ”, то мухотаби ин навиштор, бо омодагии бештар вориди зиндагӣ, тафаккур ва амал дар чорчубаи “одоб ва ахлоқи мусалмонӣ” гардад.

Мафоҳим
Барои фаҳми беҳтари ҳар илм ва андеша, бояд вожа ва мафоҳиме, ки дар он матраҳ астро ба хубӣ дарк ва онгоҳ ҷумла ва гузораҳое, ки дар он мавзӯъ зикр мегардадро таваҷҷуҳ, таҳлил ва фаҳм намоем, то дар марҳилаи амал кардан ба онҳо, дучори саҳву хато нагардем ва бо номи илми “одоби мусалмонӣ” ба инҳироф ва каҷроҳа ворид нашавем. Чунон, ки аз номи ҳамин илми ба сабаби фаҳму дарки ғалат ва нобаҷо гурӯҳе ҷомеаи башариро фирорӣ ва гурӯҳи бисёреро аз ин унвони “одоби мусалмонӣ” рӯҳафтода гардондаанд. Гурӯҳеро ба ифрот(зиёдаравӣ) ва гурӯҳеро ба тафрит(кутоҳӣ) водор кардаанд. Аммо ончи ҳақ ва раво ва мавриди пазириши ҳар ҳақталаб ва оқиле низ ҳаст, ҳамон чизест, ки иншоаллоҳ дар ин матн, дар ҷиҳати ошноӣ ва ироаи таърифи ҳақиқи аз он ҳастем.

Адаб
Калимаи “Адаб” аз решаи арабӣ ба маъноҳои “рафтори некӯ, риёзат ва адабкардани нафс, дуо, таълим ва тарбият ва ҳусни тановул омадааст. (Баъзе аз аҳли илм, байни вожаи “адаб” бо вожаи “ахлоқ” фарқи асосӣ гузоштаанд, аммо дар ниҳоят метавон “адаб”-ро ҳамон “ахлоқи некӯ” донист. Р.к: Назратуннаим, имоми ҳарами маккӣ, ҷ2, с141. Мисбоҳулмунир, Фаюмӣ, с10. Тоҷул-Арус, Зубайдӣ, ҷ1, с276. Алмуҳкам вал-Муҳитул-Аъзам, ҷ9, с285).
Муалллифони “Таҳзибул-луғат ва Муъҷамул-мақоисул-луғат” мегӯянд адаб дар лисони араб ба маънои “даъвати мардум барои ҷамъ шудан бар сари суфра аст.
45 views𝐅 𝐚 𝐫 𝐢 𝐝 𝐮 𝐧, 19:42
Open / Comment